ИШҚИ ҲАҚИҚӢДар пайроҳаи пиёдагардон бонуи хушқаду зебое бо ноз қадам мениҳод. Марде аз қафо ба ӯ наздик омада гуфт:
– Бениҳоят дӯстрӯ ҳастед.
Мехоҳам вафодори ман бошед.Бону ба маънои инкор сар ҷунбонд ва бо табассуми малеҳ гуфт:
– Ман ёри вафодори шумо шуда наметавонам. Зане, ки аз паси мо меояд, бештар аз ман ба шумо муносиб аст. Вай ҳам дар ҳусну малоҳат аз дигарон камие надорад.
Мард ба қафо нигоҳ карду зани бенуреро дид.– Не! – дарҳол рад кард. – Дилам танҳо шуморо мегӯяд.
– Агар воқеан маро дӯст медоштед, ба қафо нигоҳ намекардед, – гуфт бону ва самти ҳаракати худро дигар кард.
©️
Сердҷо РОМАНО👉👉👉 Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
ФАРИДУН.
#ахлоқ
Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
https://t.me/Farhodzod