Ғизои бехатар — гарави саломатии инсон Ходимони гурӯҳи карантинии хизмати ҳифзи тартиби ҷамоатии Садорати корҳои дохилӣ бо ҳамкории ходимони Шӯъбаи рушди ветеринария ва чорводорӣ чораҳои дахлдорро муайян намуда, бо мақсади ба аҳолӣ дастрас намудани ғизои солим ва бехатар дар растаҳои гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ, шир ва маҳсулотҳои ширӣ, инчунин меваву сабазвотҳои бозори деҳқонии "Темирйӯл"-и шаҳри Самарқанд корҳои назоратӣ пеш бурда, ба савдогарон мазмуну моҳияти моҳонаи ғизои бехатарро фаҳмонданд ва таъкид намуданд, ки маҳсулотҳои гӯшт ва гӯштӣ, шир ва шириро бояд пас аз назорати экспертизаи ветеринарӣ-санитарӣ фурӯш гузоранд.
Дар ин бора корҳои фаҳмондадиҳии васеъмиқёс бурда шуд.
Ходими гурӯҳ О.БадриевБа канали мо обуна шавед:
✅ https://t.me/ovozisamarqandFacebook |
YouTube |
Instagram |
Site