«АЗ ДУОИ МОДАР АСТ ИҚБОЛИ МО»
Чунин унвон дошт чанд лавҳае, ки барои Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» фиристода будам.
Рӯзи 3 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳе доир гардид ва дар ҳошияи он ғолибони ин озмун қадрдонӣ шуданд.
Нахуст, сипоси самимонаи худро ба кормандони Нашрияи расмии Тоҷикистон – рӯзномаи маҳбубу маъруфи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати ташкил намудани чунин як озмун бобати арҷ гузоштан ба Зан-Модар баён менамоям.
Баъдан, ба аҳли қалами рӯзномаи «Ҷумҳурият», махсусан ба сардабири он Қурбоналӣ Раҳмонзода, доварон ва кумитаи тадорукоти озмун барои дастгирӣ ва дар номинаи публисистика ба ҷойи дувум муносиб донистани навиштаи банда ташаккур мегӯям.
Бояд гуфт, ки пазироии самимона, эҳтироми таҳтидилона ва эътирофи дӯстонаи аҳли эҷоди рӯзнома, дидор бо шоиру нависандагон, ҳамқаламу рафиқон дили ҳамагонро саршори фараҳ кард!
Матлабро аз ин ҷо хонед:
https://jumhuriyat.tj/4577-az-duoi-modar-ast-iboli-mo.html