ДУРДОНАИ ШАРҚ


Channel's geo and language: Uzbekistan, Uzbek


Маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон
🏛 Муассисон :
Шӯъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд
📩 E-mail: durdonai_sharq@mail.ru

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
Uzbekistan, Uzbek
Statistics
Posts filter


ЗОДРӮЗ МУБОРАК ШАВАД!

Имрӯз шоири шинохта, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон НОРМУРОД КАРИМЗОДА ҷашни зодрӯз дорад.

Нормурод Каримзода бо шеърҳои равони худ дар дили дӯстдорони каломи ноб ҷой гирифтааст.
Аз номи шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ва ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” соҳибҷашнро бо баҳори 74-уми умр муборакбод гуфта, барояшон ҷӯши илҳом таманно менамоем.

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик


Forward from: ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ
ТАДБИРИ "АДАБИЁТДӮСТОНИ ҶАВОН"

Бахшида ба зодрӯзи Алишер Навоӣ бо иштироки донишомӯзони мактаби миёнаи рақами 122- юми ноҳияи Ургут тадбири адабии ибратбахш баргузор шуд.

Ҳар як синфи ибтидоӣ бо шеъру суруд ва саҳнаҳои тайёркардаи худ саҳнаро обод намуданд
Синфҳои болоӣ, ки аъзои маҳфили "Адабиётдӯстони ҷавон" ҳастанд, паҳлӯҳои ҳаёти шоири бузургро намоиш доданд.

Дар суратҳо лаҳзаҳо аз тадбир.

Маҳкамой РАҲМАТОВА,
роҳбари маҳфили "Адабиётдӯстони ҷавон"- и мактаби рақами 122-юми ноҳияи Ургут.


@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Forward from: ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ
НАВОӢ ҲАМ ҚОИЛ МЕШУД

Ҷашнворае, ки бахшида ба зодрӯзи Мир Алишер Навоӣ бо иштироки донишомӯзони синфи 3-юми "А" бо роҳбарии омӯзгори шинохтаи ҷумҳурӣ Латофат Исматова баргузор шуд, писанди мухлисони зиёд гардид.

Ба қавле агар Навоӣ зинда мебуд, қоил мемонду мегуфт: "Аҳсан ба устоду шогирдони бомаҳорат!"

Дар аксу наворҳо лаҳзае аз ин тадбир.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Forward from: ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ
БУЗУРГДОШТИ НАВОӢ

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 61-и ноҳияи Шӯрчӣ бахшида ба 584-умин солгарди зодрӯзи Алишер Навоӣ тадбири хубе баргузор гардид.

Донишомӯзони боистеъдоди мактаб дар ин тадбир маҳорати худро намоиш доданд.
Шеъру суруд ва саҳнаҳои доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир тайёрнамудаи шогирдони мактаб ба иштирокдорони анҷуман завқи маънавӣ бахшид.

Сӯҳроб СУЛТОНОВ,
ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё.


@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Forward from: ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ
📚 Маснавии «Тӯҳфатул афкор»-и Алишер Навоӣ дар татаббӯи маснавиҳои “Дарёи аброр”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва “Луҷҷатул асрор”-и Абдураҳмони Ҷомӣ бо забони тоҷикӣ навишта шудааст.

“ТӮҲФАТУЛ АФКОР”

Оташин лаъле, ки тоҷи хисравонро зевар аст,
Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар сар аст.
Шаҳ, ки ёди марг н-орад, з-ӯст вайронии мулк,
Хисрави беоқибат хисри билоду кишвар аст.
Қайди зинат масқати фарру шукӯҳи хусравист,
Шери занҷирӣ зи шери беша камсавлаттар аст.
Лозими шоҳӣ набошад холӣ аз дарди саре,
“Кӯси шаҳ холиву бонги ғулғулаш дарди сар аст”.
Бо даҳони хушку чашми тар қаноат кун аз он-к,
Ҳар кӣ қонеъ шуд ба хушку тар шаҳи баҳру бар аст.
Хоҷа дил дар ваҷҳу сар афканда пеш аз фикри ахҷ,
Садр аз баҳри тамаъ биншаста чашме бар дар аст.
То бувад шайхи риёӣ нуктагӯ дилрост ранҷ,
То шиторо ях бувад урён зи сармо музтар аст.
Ақл хандад он чӣ гӯянд аҳли зарқ аз воқеа,
Ханда орад ҳар кӣ хоб андар фасонагустар аст.
Воизу томеъ гадои нон бувад фарқаш ҳамин,
К-ин ба зери минбар омад, он фарози минбар аст.
Аҳли ҳимматро зи ноҳамвории гардун чӣ бок,
Сайри анҷумро чӣ ғам, к-андар замин ҷӯю ҷар аст.
Чашм дар моли фақиронанд аъмол ар бувад,
Шоҳро ҳар мол мемонад, ки қути лашкар аст...

@tjmetodist


ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Нависандаи ҷавону умедбахш ва рӯзноманигори соҳибиқтидор, корманди рӯзномаи "Овози тоҷик" ва яке аз фидоиёни табъу нашри маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" ФАРИДУНИ ФАРҲОДЗОД имрӯз зодрӯз дорад.

Аз номи ҳайати таҳрир ва муштариёни бешумор Фаридуни Фарҳодзодро бо зодрӯзаш муборакбод намуда, барояш хушрӯзгорӣ, комёбиҳои эҷодӣ ва тандурустиро таманно менамоем.

_______________

ШИНОСОӢ

Фаридуни ФАРҲОДЗОД (Йӯлдошев) 5-уми феврали соли 1989 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 2007 ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мегардад. Соли 2011 давраи бакалаври донишгоҳро хатм намуда, як сол дар мактаби зодгоҳи худ бо касби омӯзгорӣ машғул мешавад. Сипас, барои фаро гирифтани давраи магистратура дубора ба ДДС бармегардад.

📝 ПУРРА: 👉 https://telegra.ph/SHINOSOӢ-02-05

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик


Forward from: ОВОЗИ ТОҶИК
ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ШӮРОИ АДАБИЁТИ ТОҶИК САРҲИСОБ ГАРДИД

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ҷамъомади навбатии Шӯрои адабиёти тоҷик баргузор гардид.


Муфассал 👉 https://ovozitojik.uz/news/14538

Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат


ЗОДРӮЗ МУБОРАК ШАВАД!

Имрӯз яке аз нависандагони бомаҳорат, ҳаҷвнигори тавоно узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон БАХТИЁРИ ҶУМЪА зодрӯз дорад.
Соҳибҷашнро бо солгарди умрашон аз номи ҳайати таҳрири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "ДУРДОНАИ ШАРҚ" муборакбод намуда, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.

Инҷо зиндагиномаи Бахтиёри ҶУМЪАро, ки бо қиссаи "Ғалатибобо" дар шумораҳои 3 ва 4-уми маҷалла чоп шуда буд, пешкаши муштариён менамоем.

РӮЗГОР ВА ОСОРИ БАХТИЁРИ ҶУМЪА

📖 ПУРРА:
👉 https://telegra.ph/RӮZGOR-VA-OSORI-BAHTIYORI-ҶUMA-02-01

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик


Forward from: Овози Самарқанд/Samarqand ovozi
МАРҲАМАТ, БА ТАҚДИМОТИ КИТОБ!

Муштариёни азиз!
Рӯзи 1-уми феврали соли равон, соати 11:00, дар бинои Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкини вилоят, таҳти унвони "Мероси ҷадидон — хазинаи маънавӣ!" тақдимоти китоби тозанашри "Ҷадидони Самарқанд"-и узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, рӯзноманигор ва пажӯҳишгар Ҳамза ҶӮРА баргузор мегардад.

Ташрифи шумо ба ин чорабинии адабӣ боиси хушнудии мо мегардад!

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Forward from: ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ
БА ДИҚҚАТИ ДОНИШҶӮЁН ВА ОНҲОЕ, КИ ИХТИСОСИ ХУДРО ТАКМИЛ ДОДАНИЯНД (Ё ДИГАР КАРДАНИЯНД!)

Бо қарори Президенти Республикаси Ӯзбекистон ПҚ-289  21.06.2022 дар ДДО Чирчиқ барои донишҷӯёни соли 3 - 4 ва хоҳишмандоне, ки ихтисоси худро доданиянд, курси такмили ихтисоси онлайнӣ кушода шуд.

Акнун донишҷӯён метавонанд дар давоми таҳсил курсҳои такмили ихтисосро хатм карда, сазовори якчанд ихтисос ва диплом гарданд.

Масалан донишҷӯйи факултети филология тоҷик метавонад дар як вақт дипломи омӯзгори забон ва адабиёти ӯзбек ё русро гирад. ( Агар дараҷаҳои тасдиқшудаи забони англисӣ ва арабӣ дошта бошад, онҳо ҳам метавонанд).

Пештар баъди гирифтани дипломи бокалавриат ба такмили ихтисос иҷозат дода мешуд.

Муддати таҳсил: 9 моҳ.
Шакли таълим: ОНЛАЙН
Таҳсил дар асоси шартнома.


Манзил: шаҳри Чирчиқ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ.

☎️ Телефон барои муроҷиат:
+998977524066 (тавассути телеграм нависед беҳтар)

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Forward from: ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ
Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Дар санаи 31 уми январ зодрӯзи шоираи тавоно, бонуи меҳрубон, дӯсти ҷонию ҷоннисор, модари мушфиқу меҳрбор шодравон Зебуннисо Шокирова таҷлил мегардад.

Доири ин рӯзи фархунда ҳамкасбони муаллима омӯзгорони мактаби рақами 38 аз эҷодиёти ин шоираи зиндаёд шеърҳо қироат намуданд.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g


Имрӯз яке аз мардони боори диёр омӯзгори мактаби рақами 18-уми ноҳияи Узун Шавкатулло ОСТОНАЕВ, ки вакили маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" дар ин ноҳия ҳастанд, ҷашни зодрӯз доранд.
Шавкатулло Остонаевро бо милоди умр муборакбод намуда, барояшон сарбаландию некномӣ ва умри дарози пурбаракат орзу дорем.

Ҳайати таҳрири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"

https://t.me/durdonai_sharq


Forward from: Asadullo Shukurov
#туҳфаи_нашриёт

"ГУЛБОҒИ ФОНӢ"

Дар ин маҷмӯа 40  ғазали дилнишин ва беназири яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти садаи XV форсу тоҷик, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Низомиддин Мир Алишер Навоӣ гирдоварӣ шудааст. Маҷмӯа барои муаллимони адабиёт, хонандагони тадриси ҳамагонӣ, донишҷӯён ва ҳаводорони осори адабӣ раҳнамои манфиатбахш хоҳад гашт.
Дар фурӯш нархи он ҳамагӣ 3 000 (се ҳазор) сӯм аст.
Инчунин китобҳои "ЧИЛ ГАЗАЛ"- и Ҳофизи Шерозӣ, "САД РУБОӢ"-и Умари Хайём ва "АРМУҒОНИ ЛОИҚ"- и Лоиқ Шералӣ ҳам дар ҳамин ҳаҷму нарх дар фурӯш аст.
Ғайр аз инҳо боз зиёда аз 40 номгӯ китобҳои тоҷикиро Шумо бо нархи арзон аз худи нашриёт метавонед харидорӣ намоед.

Телефон барои муроҷиат:
+998 90 742 59 13
Муборак Содиқова

Манзил шаҳри Самарқанд. Ба дигар вилояту ноҳияҳо имкони фиристодан ҳаст.

https://t.me/durdonai_sharq

13 last posts shown.