Фаридуни Фарҳодзод ( فریدون فرهادزاد)


Channel's geo and language: Uzbekistan, Uzbek
Category: not specified


Дар шабака ҳикоёти пандомез, андарз, шеърҳои баландмазмун ва ҳикояҳои маъмури канал гузошта мешаванд.
Бо дархосту арз метавонед ба манзили зер муроҷиат кунед:
https://t.me/faridun_farkhodzod

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
Uzbekistan, Uzbek
Category
not specified
Statistics
Posts filter


ИШҚИ ҲАҚИҚӢ

Дар пайроҳаи пиёдагардон бонуи хушқаду зебое бо ноз қадам мениҳод. Марде аз қафо ба ӯ наздик омада гуфт:
– Бениҳоят дӯстрӯ ҳастед. Мехоҳам вафодори ман бошед.
Бону ба маънои инкор сар ҷунбонд ва бо табассуми малеҳ гуфт:
– Ман ёри вафодори шумо шуда наметавонам. Зане, ки аз паси мо меояд, бештар аз ман ба шумо муносиб аст. Вай ҳам дар ҳусну малоҳат аз дигарон камие надорад.
Мард ба қафо нигоҳ карду зани бенуреро дид.
– Не! – дарҳол рад кард. – Дилам танҳо шуморо мегӯяд.
– Агар воқеан маро дӯст медоштед, ба қафо нигоҳ намекардед, – гуфт бону ва самти ҳаракати худро дигар кард.

©️ Сердҷо РОМАНО

👉👉👉 Аз ӯзбекӣ тарҷумаи ФАРИДУН.

#ахлоқ
Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
https://t.me/Farhodzod


ЁРОНИ ХУДО, ХУДО ШАВАД ЁРИ ШУМО...

Чанд рӯз аст, ки паёмҳои шодбошӣ ва саршори меҳру самимияти устодон, пайвандон, дӯстон, ҳампешагон, бародару хоҳарон, инчунин, ошнову ноошноён тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзу рӯзгори моро файзу фараҳ мебахшанд.
Барои табрику таҳният ва орзуву ниятҳои нек ба муносибати зодрӯзи инҷониб аз якояки Шумо - азизон сипосгузорам ва бароятон беҳтарин лаҳзаҳои рӯзгор, толеи баланду дили аз ишқ саршорро аз боргоҳи карами Ҳақ таманно дорам:
Ёрони Худо, Худо шавад ёри шумо,
Ёриву мадад диҳад ба ҳар кори шумо.

Дӯстони азиз! Дар ин лаҳза мехоҳам хушнудиеро аз ҳаёти худ бо Шумо ба ҳам бубинам. Инак, аз рӯйи ихтисоси “Забон ва адабиёти халқҳои Осиё ва Африқо” (10.00.05) докторант(PhD)-и Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов гардида, кори илмиро оғоз кардем.
Дуо кунед, ки дар шоҳроҳи илм Офаридгор ёвару мададгор бошад ва баҳри омӯзиши саҳфае дар адабиёти ғановатманди тоҷик саҳме гузошта бошем.

✍️ БО ЯК ҶАҲОН СИПОС ВА МЕҲР!


Forward from: АДАБИЁТИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Имрӯз нависандаи ҷавону умедбахш Фаридуни ФАРҲОДЗОД ҷашни зодрӯз дорад. Мавсуфро бо ин санаи муборак табрик мекунем ва барояш умри бобаракат, саломатии бардавом, осоиштагии рӯзгор ва эҷоди пурсамарро таманно дорем. Аз ҷавонҳое мисли Фаридун адабиёти мо умеди зиёд дорад. Худованд ба ниятҳои некаш расонад.
Айём ба ком бод!

Аз номи аъзои Шӯрои адабиёти тоҷик
Хусрав Саъдуллоҳ

https://t.me/adabiyotitojik_uz


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
БАРОДАРҶОН ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОШАД!

Дар ин дунё туро дорам, БАРОДАР дар барам бошӣ,
Ки бошад чун ту ғамхорам, БАРОДАР дар барам бошӣ.


#табрик
Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
https://t.me/Farhodzod


Forward from: ДУРДОНАИ ШАРҚ
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Нависандаи ҷавону умедбахш ва рӯзноманигори соҳибиқтидор, корманди рӯзномаи "Овози тоҷик" ва яке аз фидоиёни табъу нашри маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" ФАРИДУНИ ФАРҲОДЗОД имрӯз зодрӯз дорад.

Аз номи ҳайати таҳрир ва муштариёни бешумор Фаридуни Фарҳодзодро бо зодрӯзаш муборакбод намуда, барояш хушрӯзгорӣ, комёбиҳои эҷодӣ ва тандурустиро таманно менамоем.

_______________

ШИНОСОӢ

Фаридуни ФАРҲОДЗОД (Йӯлдошев) 5-уми феврали соли 1989 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 2007 ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мегардад. Соли 2011 давраи бакалаври донишгоҳро хатм намуда, як сол дар мактаби зодгоҳи худ бо касби омӯзгорӣ машғул мешавад. Сипас, барои фаро гирифтани давраи магистратура дубора ба ДДС бармегардад.

📝 ПУРРА: 👉 https://telegra.ph/SHINOSOӢ-02-05

https://t.me/DURDONAI_SHARQ

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

231 0 0 11 22

Forward from: Овози Самарқанд/Samarqand ovozi
Имрӯз зодрӯзи нависандаи ҷавон, тарҷумон, рӯзноманигори боистеъдод, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Фаридуни Фарҳодзод мебошад

👉 https://ovozi.uz/57068/

Telegram | YouTube | Facebook


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Падарҷонам!
Эй сафои рӯзгорам!
Эй умеди дилу зиндагонии файзборам!
Эй нигоҳаш меҳрбору дилаш аз лутфу муҳаббат саршорам!
Такягоҳу обрӯям!
Зодрӯзатон муборак бошад!


Падарҷон! Худоро шукр, ки шуморо дорем! Шумо роҳати ҷон, файзи умр, нури қалб, шаҳсутуни хонадони мо ҳастед! Бо шумо ифтихор мекунем ва аз Худованд мепурсем, ки сояи дасти дуои шумо ва модарҷонам то абад болои сари мо бошад:
Падарҷонам, дар умрам раҳнамоӣ,
Сафобахши дили фарзандҳоӣ!
Набинӣ ҳеҷ гаҳ ғамро, падарҷон!
Бароям аввалин баъди Худоӣ!


ДОРОИИ МО ФАРЗАНДОН ДАР ЗИНДАГӢ ИН ШУМО ҲАСТЕД ПАДАРҶОНУ МОДАРҶОН!
МО ШУМОРО ДӮСТ МЕДОРЕМ!


Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
https://t.me/Farhodzod


ХУДОЁ, МЕҲРУБОНОНИ МАРО ДИГАР МАБАР БО ХУД...

Зимистон бо қудуми сарди худ хонаи дили моро ҳам сард кард. Ҷигарҳоро пурхун, чеҳраҳоро маҳзун, дидаҳоро сиришкбор намуд ва ҳоло он қолини нуқрагине, ки табиат дар бар дорад, ба назар чун либоси мотам тираву тор метобад...

МУФАССАЛ

👇👇👇
https://telegra.ph/HUDOYO-ME%D2%B2RUBONONI-MARO-DIGAR-MABAR-BO-HUD-12-17

810 0 34 12 29

«АЗ ДУОИ МОДАР АСТ ИҚБОЛИ МО»

Чунин унвон дошт чанд лавҳае, ки барои Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» фиристода будам.

Рӯзи 3 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳе доир гардид ва дар ҳошияи он ғолибони ин озмун қадрдонӣ шуданд.
Нахуст, сипоси самимонаи худро ба кормандони Нашрияи расмии Тоҷикистон – рӯзномаи маҳбубу маъруфи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати ташкил намудани чунин як озмун бобати арҷ гузоштан ба Зан-Модар баён менамоям.

Баъдан, ба аҳли қалами рӯзномаи «Ҷумҳурият», махсусан ба сардабири он Қурбоналӣ Раҳмонзода, доварон ва кумитаи тадорукоти озмун барои дастгирӣ ва дар номинаи публисистика ба ҷойи дувум муносиб донистани навиштаи банда ташаккур мегӯям.

Бояд гуфт, ки пазироии самимона, эҳтироми таҳтидилона ва эътирофи дӯстонаи аҳли эҷоди рӯзнома, дидор бо шоиру нависандагон, ҳамқаламу рафиқон дили ҳамагонро саршори фараҳ кард!

Матлабро аз ин ҷо хонед:

https://jumhuriyat.tj/4577-az-duoi-modar-ast-iboli-mo.html

531 0 5 11 19

«МЕХРИБОН», «ХУРАМ», «БЕКЗОТ», «МОХИСАР»...

...Аксар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои худ «қоида»-е доранд: дар интернет хато навиштан мумкин аст. Бо ин баҳона, ғалатнависӣ дар шабакаҳо то ҳадде доман паҳн кард, ки истифодабарандагон ҳатто дар навиштани маъмултарин калимаҳо иштибоҳ мекунанд. Инак, мо ба дараҷае расидем, ки ҳатто номи худ ё дӯсту наздиконамонро дуруст навишта наметавонем.

МУФАССАЛ
👇👇👇
https://telegra.ph/MEHRIBON-HURAM-BEKZOT-MOHISAR-11-26


КИТОБҲОИ ДАРСӢ КАЙ ДАСТРАС МЕГАРДАНД?

Роҳандозии таълими босифат дар мактабҳо, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бо китобҳои дарсӣ ҳамбастагӣ дорад. Таҳкурсии донишу таҷрибаи донишомӯзон бошад, маҳз дар синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад. Яъне, дар ҳаёти хурдсолон баробари ба мактаб қадам ниҳодан саҳифаи комилан нав боз мегардад. Барои онҳо дунёи нав, давраи мактабӣ, марҳилаи омӯзиш оғоз меёбад. Маҳз дар ҳамин давр дар дили хонандагон нисбат ба мактабу донишандӯзӣ меҳру муҳаббат ва ба хондан завқ бедор кардан, барои муваффақияти минбаъдаи онҳо замина мегузорад. Ин аст, ки Сарвари давлатамон ба масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавон, бо китобҳои дарсии замонавӣ таъмин кардани онҳо диққати махсус дода, дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриро имзо кардаанд.

МУФАССАЛ
👇👇👇
https://telegra.ph/KITOB%D2%B2OI-DARS%D3%A2-KAJ-DASTRAS-MEGARDAND-11-15


«ИЛТИМОС, ДУ ҲАЗОР СӮМ ДИҲЕД!»

«Холаҷон, хонемба се бачи гушнем ҳай. Пул тейед. Ягон чиз харам.».
«Амак, аз район омада будам. Хона рафтанамба пулам намонд. Илтимос, барои автобус 2000 сӯм диҳед».
«Акаҷон, чақалоқи думоҳаам касал. Барои дору пулам нест, ёрдам кунед».
«Бобоҷон, ду рӯзас ҳеҷ чӣ нахӯрдаам. Гушнаам. Барои нон пул тед».


МУФАССАЛ
👇👇👇
https://telegra.ph/ILTIMOS-DU-%D2%B2AZOR-S%D3%AEM-DI%D2%B2ED-11-05


ЧАРО ДАР БАЙНИ КӮДАКОН БЕМОРИҲОИ ЧАШМ МЕАФЗОЯД?

Пештар ҳангоми иштирок дар чорабинӣ, нишасту маҳфилҳо, гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо, кам касонеро медидем, ки дар чашм айнак доштанд. Ҳоло баръакс аст. Дар ҳар чанд қадам бо нафарони айнакпӯш рӯ ба рӯ меоем. Сад афсӯс, ки теъдоди зиёди онҳо ҷавонон ва ҳатто наврасони мактабхон мебошанд.

МУФАССАЛ
👇👇👇
https://telegra.ph/CHARO-DAR-BAJNI-K%D3%AEDAKON-BEMORI%D2%B2OI-CHASHM-MEAFZOYAD-10-23


«ҲОЗИР ҲАМ ГАЗЕТА МЕХОНАНД(-МӢ)!?»

...Номгӯйи газетаву маҷалла ва шумораи хонандагони онҳо торафт кам мешавад. Яъне мо сол то сол аз мутолиа дур мешавем. Ва қонуни табиат аст, ки вақте мо аз чизе дур меравем, ҳатман ба ҷонибе наздиктар мешавем. Савол: мо аз воситаи таблиғгари маънавият, маърифат, фарҳанг ва ахлоқ дур шуда, ба чӣ наздик мешавем? Ҷавоб аён: ба таназзули маънавӣ! Яъне, ҷониби нодонӣ, ғофилӣ, ҷаҳолатпарастӣ қадам мениҳем. Теша ба решаи андеша зада, аз асли худ дур мешавем. Насли нохудогоҳро тарбия мекунем.


МУФАССАЛ
👇👇👇
https://telegra.ph/%D2%B2OZIR-%D2%B2AM-GAZETA-MEHONAND-M%D3%A2-10-08


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Модар...
Эй хуштарин маънои зиндагӣ...
Эй беҳтарин инсон дар ҳаёт...
Эй дилангезтарин таронаи дил...
Дилсӯзтарин, ғамхортарин, ғамгусортарин, меҳрубонтарин меҳрофарини мо.
Азизи дилу дида ва тавсифу таърифаш дар китобу девонҳо нағунҷида!

ЗОДРӮЗАТОН МУБОРАК БОШАД!

Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
https://t.me/Farhodzod
href='' rel='nofollow'>


СЕРТИФИКАТИ МИЛЛӢ БАРОИ ХОНАНДАГОН ЧӢ ГУНА ИМТИЁЗҲО МЕДИҲАД?

«Аз фанни биология тест супорида, сертификати дараҷаи А-ро ба даст овардам».
«Аз забони англисӣ сертификати дараҷаи С1 гирифтам».
«Дар имтиҳони қабул аз фанни асосии маҷмӯи фанҳо ва фанҳои ҳатмӣ холи максималиро соҳиб шудам».
«Теъдоди зиёди довталабоне, ки сертификатҳои миллӣ ва хориҷӣ доштанд, донишҷӯ гардиданд»...


Вақтҳои охир чунин маълумоту ҳангомаҳоро бисёр мехонем ва мешунавем. Яке бо ифтихор аз комёбии фарзанди худ мегӯяд, дигаре соҳиби сертификат гардидани шогирдашро эътироф менамояд.

МУФАССАЛ
👇👇👇
https://telegra.ph/SERTIFIKATI-MILL%D3%A2-BAROI-HONANDAGON-CH%D3%A2-GUNA-IMTIYOZ%D2%B2O-MEDI%D2%B2AD-09-18


ОЗМУН ГУЗАРОНИДА ШУД, АММО...

21 феврали соли 2024 Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» имзо шуд. Дар фармони мазкур байни донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ташкили озмуни «Лигаи донишҷӯёни ҷавони китобхон» ва ба таври иловагӣ бо забонҳои қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ гузаронидани он муқаррар гардидааст...

Саволе ба миён меояд: оё озмуни «Лигаи донишҷӯёни ҷавони китобхон» гузаронида шуд? Агар баргузор гардид, он дар байни донишҷӯёне, ки бо забонҳои қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ таҳсил мегиранд, чӣ хел сурат гирифт?


МУФАССАЛ
👇👇👇
https://telegra.ph/OZMUN-GUZARONIDA-SHUD-AMMO-09-14

17 last posts shown.