🌴𐋏ᥙд᧐ᥙ _ Қᥲ᧘δ💞


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: не указана


Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
не указана
Статистика
Фильтр публикаций




Репост из: Қорӣ Исмат
Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Бирав панҷ навбат бизан бар дарат,
Чу ёре мувофиқ бувад дар барат.
Ҳама рӯз агар ғам хӯрӣ, ғам мадор,
Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
Киро хона ободу ҳамхоба дӯст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Чу мастур бошад зану хубрӯй,
Ба дидори ӯ дар биҳишт аст шӯй.
Касе баргирифт аз ҷаҳон коми дил,
Ки якдил бувад бо вай ороми дил.
Агар порсо бошаду хушсухун,
Нигаҳ дар накӯиву зиштӣ макун.
Зани хушманиш дилнишонтар, ки хуб
Ки омезгорӣ бипӯшад уюб.
Бибурд аз паричеҳраи зиштхӯй
Зани девсимои хуштабъ, гӯй.
Чу ҳалво хӯрад сирка аз дасти шӯй,
На ҳалво хӯрад сирка, андуда рӯй.
Дилором бошад зани некхоҳ,
Валекин зани бад, Худоё, паноҳ!
Чу тӯтӣ калоғаш бувад ҳамнафас,
Ғанимат шуморад халос аз қафас.
Сар андар ҷаҳон неҳ ба оворагӣ,
Вагарна бинеҳ дил ба бечорагӣ.
Тиҳипой рафтан беҳ аз кафши танг,
Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг.
Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ,
Ки дар хона дидан бар абрӯ гиреҳ.
Сафар ид бошад бар он кадхудой,
Ки бонуи зишташ бувад дар сарой.
Дари хуррамӣ бар саройе бибанд,
Ки бонги зан аз вай барояд баланд.
Чу зан роҳи бозор гирад, бизан,
Вагарна ту дар хона биншин чу зан.
Агар зан надорад сӯи мард гӯш,
Саровели куҳлӣ-ш бар мард пӯш.
Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ,
Бало бар сари худ, на зан хостӣ.
Чу дар кулба як ҷав амонат шикаст,
Аз анбори гандум фарӯ шӯй даст.
Бар он банда Ҳақ некӯӣ хостаст,
Ки бо ӯ дилу дасти зан рост аст.
Чу дар рӯйи бегона хандид зан,
Дигар мард, гӯ лофи мардӣ мазан.
Зани шӯх чун даст дар қаля кард,
Бирав, гӯ бинеҳ панҷа бар рӯи мард.
Чу бинӣ, ки зан пой бар ҷой нест,
Субот аз хирадмандиву рой нест.
Гурез аз кафаш дар даҳони наҳанг,
Ки мурдан беҳ аз зиндагонӣ ба нанг.
Бипӯшон-ш аз чашми бегона рӯй
Ва гар нашнавад, чӣ зан он гаҳ чи шӯй.
Зани хуби хуштабъ ганҷ асту бор,
Раҳо кун зани зишти носозгор.
Чи нағз омад ин як сухан з-он ду тан,
Ки буданд саргашта аз дасти зан.
Яке гуфт: Касро зани бад мабод,
Дигар гуфт: Зан дар ҷаҳон худ мабод.
Касеро, ки бинӣ гирифтори зан,
Макун, Саъдиё, таъна бар вай мазан.
Ту ҳам ҷавр биниву бораш кашӣ,
Агар як саҳар дар канораш кашӣ.

Саъдии Шерозӣ

Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед






Репост из: محمد رضا شجریان
Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
‌سر کوی تو تا چند آیُم و شُم؟
ز وصلت بینوا چند آیُم و شُم؟
سر کویت برای دیدن تو
نترسی از خدا، چند آیُم و شُم؟‌
باباطاهر‌

☆ محمدرضا شجریان‌
☆ حبیب الله بدیعی‌

✦♥️✦کانال استاد شجریان✦♥️✦


АЗ РАДИО ТО СОАТ

Як вақт кӯдак будем, дар деҳоти дурдаст, дар бари волидон будем.
Радио дар болои сарамон бо садои хуши Устод Абдуқодири Абдуқаҳҳор хобамон мебурд, боз саҳар бо садояш бедор мешудем.

Як вақт аксашро дар рӯзнома дидам…
Рафта - рафта дар телевизор бо шиму кастюму мӯйи шоназада аён шуд, аз садояш шинохтам, ки ин одам Устод Абдуқодири Абдуқаҳҳор аст.
Солҳои охир бо баҳсҳову ҳақиқатгӯйиҳояш дар телефони дастиям медидамаш.
Ҳатто… яъне дар кисаам ҳам садояш, ҳам аксаш, ҳам видеояш ҷой шуданд, вале худаш ҷояш дар дили мо доимист.

Дирӯз бо нархи 50 ҳазор рубли руси як соат харидам, якбора дар соати дастиям пйдо шуд.
Ман низ сукут кардам?!..
Воаҷабо!!!
Дар оянда боз дар кадом чӣ медида бошамам?!
Шояд дар ангуштарӣ?!

Абдувоҳид ҶАББОРПУР

Свободний (вилояти Амур)


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram


Репост из: Қорӣ Исмат
ШЕЪРИ УСТОД ФАРЗОНА ДИЛАМРО ШИКОФТ 😭😭😭😭😭😭😭😭

Фалакро мешикофам, к – ӯ куҷо рафт,
Ба фасли гул зи васли гул ҷудо рафт,
Чӣ бекибр омаду бар кибриё рафт,
Зи оғӯшам ба оғӯши Худо рафт,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар

Баногаҳ дар дили амвоҷ афтод,
Чӣ афтодан, ки бо меъроҷ афтод.
Зи пешонии олам тоҷ афтод,
Зи тоқи чарх дурҷи оҷ афтод,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.

Дилу ҷон рафту тан ин ҷост бе ӯ,
Фироқи ҷоншикан инҷост бе ӯ.
Ҳама бардорузан инҷост бе ӯ,
Азоби марги ман ин ҷост бе ӯ,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.

Гаҳе он офтоби нозил афтод,
Зи сақфи сина қандили дил афтод,
Чу бисмиллоҳ буду бисмил афтод,
Само бишкасту бар рӯи гил афтод,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.

Чӣ зебо буду сар то по адаб буд,
Зи ҷамъи фазлу хубӣ мунтахаб буд,
Ҷаҳонро аз камоли ӯ аҷаб буд,
Саодатҳои умрамро сабаб буд,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.

Ба пешонии ман он маҳ нағунҷид,
Маҳи тобанда дар хиргаҳ нағунҷид.
Дар ин мурдоби таҳ бар таҳ нағунҷид,
Дар ин ғафлатгаҳ он огаҳ нағунҷид,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.

Ало, эй моҳи канъонӣ куҷоӣ,
Ғулувви фарри инсонӣ куҷоӣ.
Пур аз асрори кайҳонӣ, куҷоӣ,
Бад –он анвори Қуръонӣ куҷоӣ,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.

Ҳамин дӯши ману кӯҳи мусибат,
Ба як дилреза як олам азият.
Бидуни нурат, эй хуршеди раҳмат,
Чӣ сон гӯям дигар ҳарфи муҳаббат,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.

Бо https://t.me/KoriIsmat1917 бошед


Репост из: Қорӣ Исмат
Духтари подшоҳ хостгорони зиёде дошт, аммо дар интихоби шаваҳар саросема набуд. Рӯзе ӯ ҳамаи хостгоронро ҷамъ кард, то аз байни онҳо шавҳари муносиби худро пайдо кунад. Қаблан ӯ дастур дода буд, ки утоқашро бо ашёҳои қиматбаҳо ва пурҷилло оро диҳанд. Худаш низ бо либосҳои сода дар утоқ нишаст ва аз хостгорон хоҳиш кард, ки вориди утоқ шаванд.
Шоҳдухтар дар ҳоле, ки миёни утоқ буд, ба хостгоронаш гуфт: Мехоҳам ҳар чизеро, ки дар ин утоқ аст, хуб назар кунед ва ба хотир супоред.
Чанд дақиқа, ки гузашт, аз ҳамаи хостгорон хост, то аз утоқ берун бираванд.
Баъдан коғазу қаламе ба ҳар яки онҳо дод ва гуфт: Ҳар чизе, ки дар утоқи ман дидед, бинависед. Ман аз рӯи навиштаҳои шумо шавҳари худро интихоб мекунам.
Коғазҳо ҷамъ шудаанд. Шоҳдухтар онҳоро як - як мехонд ва канор мегузошт. Ногаҳон яке аз он навиштаҳо таваҷҷӯҳашро ҷалб кард.
Рӯи он коғаз чунин навишта шуда буд: "Медонам, ки лоиқи шумо нестам ва аз имтиҳон сарбаландона берун намеоям, аммо мехоҳам ҳарфи диламро бигӯям. Ростӣ ман он қадар маҳви тамошои шумо будам, ки чизеро ҷуз шумо надидам.
Шоҳдухтар пас аз хондани ин коғаз ба ваҷҳ омад ва фарёд зад. Интихоби ман ҳамин аст. Ман мехостам донам касе дар миёни шумо ҳаст, ки фақат маро бубинад ё ҳама ғарқи тамошои ашиё ва зару зевар мешаванд?
---------
Чи қадар ошиқона ва холисона дар тамоми лаҳзаҳои зиндагӣ маҳви тамошои Худое шудем, ки ошиқона дӯстамон дорад, ва ҳеҷ чизро ҷуз Ӯ ва зебоишояш надида бошем?


Репост из: Қорӣ Исмат
ГОВИ FAMHOK

Дар гӯшае аз замин ҷазираи сарсабзу пургиёҳе ҳаст, ки дар он гове танҳо зиндагӣ мекунад. Гов аз субҳ дар алафзор мегардад ва то шом ба чаридан машғул мешавад. То шаб ҳар чӣ алаф ҳаст, шикамсерӣ мехӯрад ва баъд барои хобидан меравад. Аммо аз ҳамон лаҳза дар ин фикр мешавад, ки “фардо чӣ мехӯрам? Ва аз ғами хӯроки фардо монанди мӯй борику лоғар мешавад.
Вақте субҳ мешавад, дашт бори дигар сарсабз мегардад ва алафҳо то миён дароз мешаванд. Гов бо гуруснагиву ҳавою ҳаваси зиёд ба чаманзор мераваду дубора ҳамаи алафҳоро мечарад ва боз бардаму фарбеҳ мегардад. Аммо шаби дароз боз дар андешаи ғизои фардои худ ғусса мехӯраду лоғару бемадор мегардад. Ин ҳол солиёни сол такрор мешавад.
Гови ахмақ ҳаргиз фикр намекунад, ки чандин сол аст, ризқу рӯзии ман бекаму кост аст, доим шикамам сер, алаф фаровон. Барои чӣ метарсам ва ғам мехӯрам?
Эй бародар, нафси бади одам монанди ҳамон гов аст ва он дашти сарсабз дунёст. Нафс ҳамеша дар ғами ризқу рӯзии фардост, солҳо хӯрдааст ва боз ҳам ба Рӯзирасон – Офаридгор бовар надорад. Худои карим низ дар “Қуръон фармудааст: “Ин шайтон аст, ки ваъдаи камбағаливу тиҳидастӣ ба шумо медиҳад”. (Бақара, 268).

Аз китоби «Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ»

🌿🌹


Репост из: Қорӣ Исмат
Киссаи Макри хуштоман ва азоби келин
Ин саргузашти Хакики Аст


Лайло дар дами дарвоза бо се фарзанди кӯчакаш гирякунон аз зонувони шавҳари бадҷаҳлаш қапида зорӣ мекард, ки ӯро бо кӯдаконаш аз хона пеш накунад:
-Носирҷон, илтимос ба ману кӯдаконат раҳм кун, охир мо ба куҷо меравем?
-Даф шав аз ин хона ҷодугар! Бачаҳят ҳам мисли худат мешаванд. Модарам рост мегӯяд, ки аз мор мор мерӯяд...
Ин лаҳза хушдомани бераҳмаш ду даст дар миён ба онҳо беғамона менигарист
-Носир, охир ман дар вақташ танҳо ба хонаи шумо келин шуда омада будам, инҳо меваи ишқи ману та ҳастанд. Раҳм кун.
-Не гуфтам, не! Гум шав аз назарам! Фолбинбозита бо чашмони худам дидам.
-Бовар кун, ба номи он Худое, ки ману туро халқ кардааст, ман он тӯморро дар киссаи ту намондаам.
-Раве,-дастони ӯро бо каҳр аз худ дур карда дод зад Носир
Кӯдакон гирякунон аз падарашн хоҳиш мекарданд, ки модарашонро назанад.
-Бибиҷон, ба дадаам гӯед, ки очама назанад, моро аз хона пеш накунад.
-Тиррончакҳо, шумо боз забон баровардед. Кани даф шавед,-дод зад бибиии бераҳмамон ба сари тифлакони бегуноҳ.
Лайло гирякунон дасти кӯдаконашро гирифта ҷониби дар равон шуд ва дар дами дарвоза лаҳзае бозистода бо тамоми овоз фиғон кашид:
-Илоҳӣ як умр дар бистари беморӣ мехкӯб ва маъюбу муҳтоҷ шуда, ба мурдан зор шавию худо ҷонатро нагирад, ки халос шавӣ, беинсоф!
Хушдоманаш дар ҷавоб ӯро дуои бад карда гуфт:
-Эй беваи ҷодугар, бо дуои кӯрмуш борон намеборад. Аз аввал ту зеби бачаи зебои маро надоштӣ, вале мани беақл ту пойлучро келин кардам. Акнун ба писарам духтари зеботарини шаҳрро гирифта медиҳам. Поятро мешиканам, агар баргашта биёӣ.
Ҳамсояҳо, ки шоҳиди бераҳмии модару писар нисбати Лайлову фарзандонаш буданд, гиребон гирифта асағфуррулоҳ мегуфтанд...
ххххххх
Лайло ҳамроҳи кӯдакони гӯшнаву гирёнаш ба сӯйи хонаи бародараш раҳсипор гашт, ҳарчанд медонист, ки акаву янгааш ба онҳо рӯйи хуш намедихад. Ақаллан ҳамин шабашонро рӯз кунанд, баъд ягон чора меёфтагист...
Бародараш дарро кушода Лайлоро бо кӯдаконаш диду таъбаш сахт хира шуда гуфт:
-Ҳа, тинҷӣ- ми? Боз бо шавҳарат ҷанг кардӣ- чӣ?
-Акаҷон, Носир маро аз дар бароварда пеш кард. Хушдоманам маро туҳмат карду вай ба гапҳи мдараш бовар карда, моро аз хона ронд. Ҳамагӣ як шаб моро дар хонаатон роҳ диҳед, охир бачаҳоям сахт гурусна мондаанд...
-Лайло, худат медонӣ, ки хонахои ман танг аст. Ҳозир янгаат аз кор монда шуда меояд. Туро бо ин се кӯдакат бинад, хонаро ба сари ман чаппа мекунад. Хафа нашаву гашта ба хонаи шавҳарат рав. Ту ба ин ҳақ дорӣ охир, шояд қаҳраш паст шуда бошад...
-Не ака, рафтанам дигар маънӣ надорад, чунки ин даъфа Носир ҷавобамро дод. Ман дигар на хона дораму на шавҳар.
-Рав, дар пешаш зориву тавалло кун, ки кӯдаконатро гирад. Худатро ба ягон одами бой ба шавҳар медиҳем.
-Ака, ин кӯдакон сахт гуруснаанд, ақаллан якгон то нон диҳед, ки бачаҳоям аз гуруснагӣ аз ҳуш мераванд.
Замир мисле, ки гадоеро нон медода бошад, ғурбаткунон аз хона ду дона нони хушку обпаридаро оварда ба дасти писари калонии Лайло доду дарро ба рӯяшон пӯшида истода гуфт:
-Тезтар аз ин ҷо равед, ки ҳозир янгаатон меояд.
Лайло фиғон бардошта аз ошёнаи дуввум бо фарзандонаш поён фаромад ва бо чашмони гирён ду нони хушки обаш паридаро пора карда,яктогӣ ба дасти кӯдаконаш дод.Худаш низ аз саҳар чизе нахӯрда буд,вале ин лаҳзаҳо аз ғаму дарди бисёр ҳатто об аз гулӯяш намегузашт.Ҷавонзан дигар худро дшта натавониста ҳунгосзанон инони гиряро сар дод.Писари калониаш сари Лайлоро сила карда истода,мисли одами калон тасалло дод:
Очаҷон, гиря накунед,ману Далер мардакем,калон шуда,пуштибонатон мешавем ва шумою хоҳарчаамро хру зор шудан намемонем. Ҳозир зӯрам он намерасад,лекин ваъда медиҳам,ки калон шавем,ҳам тағоям ва ҳам падарамро ҷазо медиҳем.
Лайло аз суханони писараш, ки мисли марди баркамоли бо нангу номус гап мезад, шунида,ба риққат омад ва сари фарзандашро силакунон гуфт:
Ҷонакои оча,кошкӣ шумо зудтар калн шуда, очаи бе касу кӯятонро соҳибӣ кунед
Лайло бо се кӯдаки хурдсол дар кӯчаҳои шаҳр сарсону саргардон пиёда гашта фикр мекард,ки ба назди кӣ равад ва шабашро дар куҷо саҳар кунаду аз кӣ мадад ҷӯяд.
Давом дорад…


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Рӯзи ҳама ба хайр бодо!!!


Репост из: Қорӣ Исмат
Мисли Фирдавсии Тусӣ шаҳписар гум кардаам,
,,Шоҳнома,, дар канорам, тоҷвар гум кардаам.

Ҳамчу Хоқонӣ гиристам дар ғами фарзанди хеш,
Сад қасида дар забон як шоҳасар гум кардаам.

Чун Низомӣ ,,Хамса,, ам вирди намози ишқ шуд,
Ганҷавиям, аз қазо ганҷу гуҳар гум кардаам.

Фоли Ҳофизро кушодам, гуфт, мо ҳамқисматем,
Дар лабам шаҳди ғазал, шириншакар гум кардаам.

Нолаҳои Бедил аз девони дил омад ба гӯш,
Тӯтии Ҳиндустонро бехабар гум кардаам.

Ҷоми Ҷомиро гирифтам, дошт ҷӯше андарун,
Гуфт, аз ҷомам магӯ, ҷону ҷигар гум кардаам.

Шоирам дар собирӣ, ё собирам дар шоирӣ,
Рӯзу шаб дар синаам, шамсу қамар гум кардаам

Озарахшо, сӯхтам, сози Ҳумоюнам куҷост,
Чашми ҳайронмондаам, нури назар гум кардаам.

ОЗАРАХШ

https://t.me/KoriIsmat1917






🦋

Таъбири хоб!

Марде дар ҷангалҳои Африқо мегашт. Ногаҳ садои ваҳмангезе баланд гардид. Мард ба қафо нигоҳ кард ва бо кадом чашм бинад, ки як шери бадҳайбат босуръат ба тарафи ӯ меояд. Мард зуд аз пайи гурез шуд. Дар чашмони шер хун ҷӯшидаву аз ваҷоҳаташ аён буд, ки гурусна аст. Шер то рафт ба мард наздиктар мешуд. Ногоҳ мард дар рӯ ба рӯйи худ чоҳеро дид, ки банде аз боло ба даруни он овезон буд.
Дарҳол худро даруни чоҳ андохт ва дар банд овезон шуд. То ҳадде наъраҳои шер камтар шуд ва мард андак ба худ омада, ба поёни чоҳ нигоҳ кард. Дар зери чоҳ аждаҳое буд, ки сарашро боло карда, ба мард менигарист. Гӯё лаҳза мешумурд, ки мард зудтар ба чоҳ афтаду вай шикам сер кунад. Мард акнун дар бораи наҷот ёфтан аз аждаҳо фикр мекард. Рӯй ба боло карду чашмаш ба ду муш афтод, ки яке сафед буду дигаре сиёҳ. Онҳо бо ҳарос бандро мехоиданд. Мард, ки тарсида буд, бо шитоб ҳаракат кард ва бандро ҷунбонд, то мушҳо поён афтанд. Худро ба деворҳои чоҳ зад ва ногоҳ пай бурд, ки як чизи мулоиме ба баданаш мерасад. Мард ба девор нағзтар нигоҳ карда, хонаи оруи асалро дид. Даст ба асал бурд ва аз он хӯрд. Асал ширину болаззат буд. Мард асалхӯриро сар карду шер, аждаҳо, мушҳоро фаромӯш кард ва бо ҳарос аз хоб ҷаста хест.
Хоби нороҳаткунанда буд. Мард барои фаҳмидани таъбири хоб пеши олиме рафт. Хоби дидаашро пурра нақл кард. Олим дар ҷавоб гуфт:
- Таъбири хобби ту хеле сода аст. Шере, ки аз дунболи ту медавид, Азроил аст... Чоҳе, ки дар он аждаҳо буд қабр аст... Танобе, ки ба он овезон будӣ, ин умр аст... Ва муши сафеду сиёҳе, ки танобро мехӯрданд, шабу рӯзҳои умри ту ҳастанд.
Мард гуфт:
- Эй шайх, пас асале, ки дар даруни чоҳ хӯрдам, чист?
Донишманд гуфт:
- Асал ҳамон дунёст, пулу сарват аст, ки аз лаззату ширинии он одам маргу ҳисобу китобро фаромӯш мекунад...

🦋

@nidoi_qalb


Репост из: 🦋𝑸𝒂𝒍𝒃𝒊 _ 𝑶𝒓𝒐𝒎💞
🦋

#ИДАТОН_МУБОРАК_ОМӮЗГОРОНИ_ҚАШАНГУ_ДӮСТДОШТАНӢ..

🦋


Репост из: 🦋𝑷𝒂𝒓𝒗𝒐𝒏𝒂𝒊 _ 𝑼𝒎𝒆𝒅🕊️
Ин мисраъҳо ба қалами кадом шоир тааллуқ доранд? Аз ғами ҳастиву адам ёди ту кард фориғам, Хоки маро ба бод ҳам аз ту ҷудо, ки мебарад.
Опрос
  •   Шайх Саъдӣ
  •   Орзу Исоев
  •   Абулмаъони Бедил
  •   Соиб Табрезӣ
177 голосов


Репост из: 🦋𝑷𝒂𝒓𝒗𝒐𝒏𝒂𝒊 _ 𝑼𝒎𝒆𝒅🕊️
🦋

Панҷ қонуни хушбахтиро ба хотир бисупоред:

🔻Қалбатонро аз нафрат пок кунед
🔻Зеҳнатонро аз нигарониҳо дур кунед
🔻Сода зиндагӣ кунед
🔻Бештар бахшед
🔻Камтар хоҳиш дошта бошед

🦋

@parvonai_umed


🦋

Ҷон ба каф
Ханда ба лаб
Шуъла ба дил
Шур ба сар,
Ҷонфидо дар раҳи ҷононаи ишқем ҳанӯз.

✍Мавлоно.

🦋

@nidoi_qalb

Показано 20 последних публикаций.