Репост из: Қорӣ Исмат
ШЕЪРИ УСТОД ФАРЗОНА ДИЛАМРО ШИКОФТ 😭😭😭😭😭😭😭😭
Фалакро мешикофам, к – ӯ куҷо рафт,
Ба фасли гул зи васли гул ҷудо рафт,
Чӣ бекибр омаду бар кибриё рафт,
Зи оғӯшам ба оғӯши Худо рафт,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар
Баногаҳ дар дили амвоҷ афтод,
Чӣ афтодан, ки бо меъроҷ афтод.
Зи пешонии олам тоҷ афтод,
Зи тоқи чарх дурҷи оҷ афтод,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Дилу ҷон рафту тан ин ҷост бе ӯ,
Фироқи ҷоншикан инҷост бе ӯ.
Ҳама бардорузан инҷост бе ӯ,
Азоби марги ман ин ҷост бе ӯ,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Гаҳе он офтоби нозил афтод,
Зи сақфи сина қандили дил афтод,
Чу бисмиллоҳ буду бисмил афтод,
Само бишкасту бар рӯи гил афтод,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Чӣ зебо буду сар то по адаб буд,
Зи ҷамъи фазлу хубӣ мунтахаб буд,
Ҷаҳонро аз камоли ӯ аҷаб буд,
Саодатҳои умрамро сабаб буд,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Ба пешонии ман он маҳ нағунҷид,
Маҳи тобанда дар хиргаҳ нағунҷид.
Дар ин мурдоби таҳ бар таҳ нағунҷид,
Дар ин ғафлатгаҳ он огаҳ нағунҷид,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Ало, эй моҳи канъонӣ куҷоӣ,
Ғулувви фарри инсонӣ куҷоӣ.
Пур аз асрори кайҳонӣ, куҷоӣ,
Бад –он анвори Қуръонӣ куҷоӣ,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Ҳамин дӯши ману кӯҳи мусибат,
Ба як дилреза як олам азият.
Бидуни нурат, эй хуршеди раҳмат,
Чӣ сон гӯям дигар ҳарфи муҳаббат,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Бо https://t.me/KoriIsmat1917 бошед
Фалакро мешикофам, к – ӯ куҷо рафт,
Ба фасли гул зи васли гул ҷудо рафт,
Чӣ бекибр омаду бар кибриё рафт,
Зи оғӯшам ба оғӯши Худо рафт,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар
Баногаҳ дар дили амвоҷ афтод,
Чӣ афтодан, ки бо меъроҷ афтод.
Зи пешонии олам тоҷ афтод,
Зи тоқи чарх дурҷи оҷ афтод,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Дилу ҷон рафту тан ин ҷост бе ӯ,
Фироқи ҷоншикан инҷост бе ӯ.
Ҳама бардорузан инҷост бе ӯ,
Азоби марги ман ин ҷост бе ӯ,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Гаҳе он офтоби нозил афтод,
Зи сақфи сина қандили дил афтод,
Чу бисмиллоҳ буду бисмил афтод,
Само бишкасту бар рӯи гил афтод,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Чӣ зебо буду сар то по адаб буд,
Зи ҷамъи фазлу хубӣ мунтахаб буд,
Ҷаҳонро аз камоли ӯ аҷаб буд,
Саодатҳои умрамро сабаб буд,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Ба пешонии ман он маҳ нағунҷид,
Маҳи тобанда дар хиргаҳ нағунҷид.
Дар ин мурдоби таҳ бар таҳ нағунҷид,
Дар ин ғафлатгаҳ он огаҳ нағунҷид,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Ало, эй моҳи канъонӣ куҷоӣ,
Ғулувви фарри инсонӣ куҷоӣ.
Пур аз асрори кайҳонӣ, куҷоӣ,
Бад –он анвори Қуръонӣ куҷоӣ,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Ҳамин дӯши ману кӯҳи мусибат,
Ба як дилреза як олам азият.
Бидуни нурат, эй хуршеди раҳмат,
Чӣ сон гӯям дигар ҳарфи муҳаббат,
Ҳумоюнҷон, Ҳумоюнҷони модар.
Бо https://t.me/KoriIsmat1917 бошед