🦋𝑸𝒂𝒍𝒃𝒊 _ 𝑶𝒓𝒐𝒎💞


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: Религия


🦋Салом, хуш омадед дӯстони азиз 🤗
Ба канали "Қалби Ором"
✍️Дар канал қиссаҳои таъсирбахш, пандҳои бузургон, шӯхиҳои намакин, шеърҳо ва викторинаҳо гузошта мешавад.🥰

Связанные каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
Религия
Статистика
Фильтр публикаций


Шабатон хушу ором, бидуни дилтангиҳои дунёи бевафо..


Репост из: 🦋_ Парвонаи _ Умед
🦋

__ Хотираҳо ҳеҷ вақт аз байн намераванд, фақат зери хотираҳои ҷадидтар дафн мешаванд..

🦋

@parvonai_umed 🦋


Репост из: 🦋_ Парвонаи _ Умед
🦋

Гар барканам дил аз туву бардорам аз ту меҳр,

Он меҳр бар кӣ афканам, он дил куҷо барам.

#Ҳофиз

🦋

@parvonai_umed 🦋


🦋

Зиндагии ман рӯ ба поён аст ва ман ҳеч касеро надорам, ки битавонам охирин тамоси телефониро анҷом бидиҳам.

Ман дар миёни мардум зиндагӣ кардам ва иртиботи зиёде барқарор намудам, аммо дар ниҳоят ҳамаи онҳо бисёр нолозим баромаданд. Вақте дар поёни умр ба ин натиҷа мерасӣ воқеан афсурдакунандаву ноумедкунанда аст...

Гэнки Кавамура
📖Агар гурбаҳои рӯйи олам нопадид шаванд..

🦋


🦋

#аз нобиғагони аср

Рӯзе Чарли Чаплин латифаеро барои тамошобинон нақл кард.
Ҳамагӣ хандиданд.
Сипас бори дувум он латифаро гуфт.
Ин бор фақат қисме аз тамошобинон хандиданд.
Вақте, ки бори севум он латифаро баён кард, ҳеҷ касе нахандид.
Сипас Чарли Чаплин ин ҷумлаи зеборо баён кард: "Агар як латифа наметавонад шуморо чанд бор бихандонад, чаро як ғам бояд борҳо туро бигирёнад?


🦋


🦋

ЛАЪНАТ БА ҶАНГ

Баъди набарди навбатӣ ҷанговарони шуравӣ дар майдони ҳарб ҷисми беҷони афсари немисеро пайдо карданд, ки дар даст мактубе бо чунин мазмун дошт:
«Ин ҷанг чи қадар тулонӣ шуд. Мардуми советӣ барои ҳар як ваҷаби Ватанашон ҷонсупорӣ мекунанд, то охирин қатраи хун, то вопасин нафасашон меҷанганд.  Агар тирашон тамом шавад, табару тешаву болғаву панҷшохаро ба даст мегиранд. Дасташон тир хӯрад, бо пояшон меҷанганд. Пояшон тир хӯраду афтанд ҳам, ақиб намегарданд. Ва фақат мардҳо не, занҳову пирону кӯдакон ҳам. Шуҷоату мардонагиро аз ҳаминҳо мебояд омӯхт. Магар метавон бар чунин халқ ғолиб омад?!!
Аз ҷанг сер шудам, сер!!! Мехоҳам зинда монаму ба хона баргардам. Лаънат ба ин ҷанг! Лаънат ба онҳое, ки онро барангехтанд!»
😢

🦋


🦋

Бодбарак ба мо ёд медиҳад
Бояд бузург буд, аммо сабук...
То битавонӣ боло рафт...
Аз дарду ғам раҳо бош...
Биханду бирақс...
Ва ба осмонҳо бирав...
Аз пайи иҷобати орзуҳои худ бош...

СУБҲ БА ХАЙР, ДӮСТИ АЗИЗ!

🦋


🦋

Дар ҷустуҷӯйи айби дигарон набош,

Даме ки худ бо гуноҳ дар айшӣ.

🦋


🦋

🍃Зеботарин ишқ нигоҳи Худованд бар бандагон аст. Ҳар куҷо ҳастед, ба ҳамон нигоҳ месупораматон.🍃

Шабатон хушу ором, бидуни хастагиҳои дунёи бевафо азизони қашангу дӯстдоштанӣ!🌝

🦋


🦋

❝ Ҳар касеро домоди хуб насиб шуд, вай соҳиби писар шуд, аммо ҳар касеро, ки домоди бад насиб гардид, он духтарашро аз даст дод.❞

🪶 Демокрит

🫵Шумо оиди ин гуфтаҳо чи назар доред?


🦋


🦋

МУҲАББАТИ ФАРЗАНД БА МОДАР

Модаре ҷарроҳӣ шуд. Духтари хурдсолашро наздаш оварданд. Духтар, ба назди модар даромадан замон, захмҳои ӯро беист бӯсидан гирифт.
Модар гуфт:
- Духтарам, чӣ кор мекунӣ?
Духтар гуфт:
- Модарҷон, замоне ки ман меафтидаму ягон ҷоям захмдор мешуд, ту онро мебӯсидиву сиҳат мешуд. Ман ҳам захмҳои шуморо бӯсидам, то зудтар шифо ёбед.😢

🦋


🦋

Илоҳо...
Дар ин рӯзи зебо...
Дарёи зиндагиятон
Пур аз амвоҷи зебои саломатӣ...
Осмони дилатон холӣ аз ғубори ғаму нороҳатӣ...
Ва ҳосили умратон пур аз баракат бошад!

РӮЗ БА ХАЙР ДӮСТИ АЗИЗ!

🦋


🦋

Чоҳкан дар зери чоҳ ....

Марде саги пири худро ба дарё ғарқ кардани шуд. Ӯ вайро ба заврақ нишонда ба маркази дарё бурду ба об партофт. Саг тарафи заврақ ҳаракат мекард. Мард бошад бо бел дар сару рӯӣ у мезад, то андозае фуки саг оғӯштаи хун шуд. Нoгаҳ мард мувозинатро гум кард ва ба дарё афтод. Дарё чуқур, мард бошад шино кардан наметавонад, вай ғарқ мешуд. Ҳамин вақт саг бо даҳони оғӯштаи пур аз хун омаду аз дасти соҳибаш гирифта ба соҳил баровард. Мард аз ҳӯш рафта буд,чун ба ҳуш омад худро дар соҳил ва дӯсти содиқашро дар паҳлӯяш диду онро оғӯш карда гирист. Вай фаҳмид, ки хатои бузурге кардааст. Баъд сагро болои дастонаш бардошту ба хонааш бурд.

🦋


🦋

Оромиши шаб
Насиби касоне, ки
Дуо доранд, иддао надоранд...
Ниёиш доранд, намоиш надоранд...
Ҳаё доранд, риё надоранд...

ШАБАТОН БА ХАЙРУ ХОТИРҶАМЪ БОШАД!

🦋


🦋

ВАҚТ ЁБЕД!

- Барои кор кардан вақт ёбед. Он дари муваффақиятро боз мекунад.
- Барои фикр кардан вақт ёбед. Ин сарчашмаи неруст.
- Барои варзиш вақт ёбед. Сирри ҷавонӣ дар варзиш ниҳон аст.
- Барои мутолиа вақт ёбед. Он асоси дониш аст.
- Барои дӯстӣ вақт ёбед. Он асоси хушбахтист.
- Барои муҳаббат вақт ёбед. Он тӯҳфаи беҳтарини зиндагист.
- Барои орзу кардан вақт ёбед. Он вақт метавонед, ҳатто ситораро ба даст оред.
- Барои табассум вақт ёбед. Ханда барои аз байн бурдани мушкилиҳо кӯмак мерасонад.
- Барои ҳифзи саломатӣ вақт ёбед. Он ягона дороии ҳаёт аст.
- Барои нақша кашидан вақт ёбед. Танҳо дар ин сурат барои амалӣ намудани корҳои дар боло зикршуда имкон пайдо мекунед.

🦋


#Ассалому Алейкум..
-------------
Ҳар Киро Устод Навбад Кор
Бар Бунёд Нест..
Дар Раҳи Маъни Рафиқе
Беҳтар Аз Устод Нест.. 🗣️😎


#Ҳазл_🦋

— Ҳангоме, ки лабатро бар лабони занат мегузорӣ, чи ҳиссе дорӣ?
— Ҳамин, ки наметавонад гап занад, ҳисси хеле хуб аст.)))😁

🦋




🦋

Чархи мошин кафид, аммо ягон чарх ба мошин мувофиқ нест...

Баъзе одамон дӯстони зиёд доранд, аммо ба сарашон мушкиле афтад, ҳеҷ кадоме аз онҳо ёрӣ намерасонанд. Аз ин рӯ, ба сифати дӯстон аҳамият диҳед, на ба шумор. Бигзор якто бошад - аммо аъло бошад!

🦋


#Азизи.. ❤
-------------
Дасту По Гар Бишканад..
Бо Нусқа Дармон Мешавад..
Ей Худо Ҳар Гиз Набинам..
Бишканад Қалби Касе.. 💔🥀

Показано 20 последних публикаций.