🦋
Бемористони равонӣ!
Ҳамроҳи дӯстам барои мулоқот ба яке аз бемористонҳои равонӣ рафтем. Дар беруни бемористон ғулғула буд. Чанд нафар байни ҳамдигар муноқиша мекарданд. Чанд ронанда барои мусофирон бо ҳам баҳс мекарданд.
Вақте ки ба ҳавлии шифохона даромадем, дарун ором буд, ки пашша пар занад, шунида мешуд. Беморон рӯйи нимкатҳо нишаста буданд ва бо мулоқоткунандагон гуфтугӯ мекарданд.
Беморе моро дид ва бо камоли адаб гуфт: - Ман дар рӯйи нимкати дигар мешинам. Шумо дар ҷойи ман нишаста, сӯҳбат кунед.
Парвонаи зебое дар рӯйи замин нишаста буд. Беморе ба шапарак нигоҳ мекард ва нигарон буд, ки зери по нашавад. Вай оҳиста омаду парвонаро ба кафи дасташ гузошт, то парвоз карда биравад.
Мо ҳайрон будем ва намефаҳмидем, ки бемористони равонӣ ин тарафи девор аст ё он тарафи девор.
Аз китоби «Камоли тааҷҷуб».