🌾🌾🌾
Гандумро хойида гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мепазонад, зеро ин хислати гарм кардани пӯстро дорад.
Инчунин гандуми бирёнкарда ҳам дерҳазм ва бодангез мебошад.
Гандумро сӯхта, ос карда, бо муми занбӯри асал ва равған сиришта гузошта банданд, рухсораро пок мекунад.
Бо орди сафеди гандум, ки он андак сабӯс дошта ва хамираш хеста бошад, нон аз он бипазанду бихӯранд, серғизо мешавад, баданро фарбеҳ мекунад, қуввати боҳ мебахшад.
Нони фатир ё ордаш бисёр маҳин ва дар он мутлақан сабӯс набошад ва ҳамчунин гандумаш шустагӣ бошад, нон пухта бихӯранд, ба душворӣ ҳазм мегардад, дарунро сахт мекунад, дар узвҳои бадан гиреҳ пайдо менамояд.
Дар ин ҳолат набот, анҷир ва меваҳои гуногуни пухтагӣ истеъмол намоянд, зарари мазкураш ислоҳ меёбад...
@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO