КАНЗИ ШИФО. ДОРУХОНАИ ТАБИӢ.


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский


📖📖📖 ДАР САҲИФА БЕҲТАРИН НАМУНАҲОИ ДАВОӢ АЗ КИТОБҲОИ ТИББИИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ ДОХИЛ ГАРДИДААНД.
📚📚📚 ИН САҲИФА БАРОИ ХОНАНДАГОНИ УМУМ ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД.
✋✋✋ БО МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД.
БАРОИ ИШТИРОК ТАШАККУР!
@KANZI_SHIFO

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Статистика
Фильтр публикаций


Ҳамин тавр, бо зиёдшавии консентратсияи глюкоза дар хун дар ҷазираҳои панкреатити бо миқдори зиёд инсулин хориҷ мешавад ва бо пастшавии глюкоза бошад, миқдори инсулин камтар хориҷ мешавад. Ба хориҷшавии инсулин электролитхо (хусусан ионҳои Са+), аминокислотаҳо, глюкагон ва секретин мусоидат мекунад. Инчунин, амиқ шудааст, ки ба хориҷшавии инсулин системаи сиклази нақши муҳим мебозад. Эҳтимол аст, ки барои фаъол намудани аденилатсиклаза глюкоза ҳамчун нақши хабариро (сигнали)-ро иҷро менамояд, АМФ-с ҳосилшуда бошад, ҳамин нақшро барои хориҷшавии инсулин иҷро мекунад.
Дар натиҷаи ба миқдори зарурӣ хориҷ нашудани ҳормони инсулин инсон ба бемории махсус, ки бемории диабети қанд ном дорад, гирифтор мешавад. Ғайр аз нишонаҳое, ки дар бемористон (полиурия, полидипсия ва полифагия) боз ба одамони ба ин беморӣ гирифтор шуда вайроншавии як қатор равандҳои махсуси мубодилаи моддаҳо дида мешавад. Ҳамин тавр, дар беморон зиёдшавии глюкоза дар хун (гипергликемия) , ҷудошавии глюкоза ба воситаи пешоб, ки аз рӯи меъёр мавҷуд нест (глюкоурия) инкишоф меёбад. Ба вайроншавии мубодилаи моддаҳо бошад: таҷзияи зиёди гликоген дар ҷигар ва мушакҳо, пастшавии биосинтези сафеда ва чарбҳо, пастшавии суръати оксидшавии глюкоза дар бофтаҳо, инкишофёбии таносубияти мувозинати манфии нитрогенӣ, зиёдшавии миқдори холестерин ва дигар чарбҳо дар таркиби хун ва ғайра мисол шуда метавонанд.
Ҳангоми ба бемории қанд гирифтор шудан чарбҳо аз манбаҳои чарбӣ барои оксид шудан, аминокислотаҳо барои синтези ангиштобҳо ва барои синтези миқдори зиёдатии ҷисмҳои кетонӣ сафарбар карда мешаванд. Агар ба бемор инсулин гузаронида шавад, ҳамаи ин равандҳои вайроншуда бартараф мешаванд ва барои ҳамин заррурият пеш меояд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба бемор инсулинро мунтазам гузаронем. Нишонаҳои клиникӣ ва вайроншавии мубодилаи моддаҳоро дар беморони ба бемории қанд гирифторшуда наметавонем, ки танҳо бо сабаби норасоии инсулини пурра алоқаманд намоем, инчунин маълумотҳое низ мавҷуданд, ки сабаби ин бемориро дар носозгории молекулавӣ низ сабаб медонанд. Ба ин сабабҳо махсусан вайроншавии структураи инсулин ё ферментҳое, ки проинсулинро ба инсулин табдил медиҳанд, номбар кардан мумкин аст. Дар баъзе ҳолатҳои дигар инсулин бо миқдори зарурӣ ҳосил мешавад, аммо ретсепторҳои нишонавӣ бо молекуллаи инсулин пайваст шуда наметавонанд.
Инсулин ҳормони табиати пептиди доштаи ҷазирачаҳои Лангергансӣ ғадуди зери меъда буда моддаи асоси барои табобати диабети қанд ба ҳисоб меравад. Ин бемори дар натиҷаи норасоии ҳормони инсулин ба амал омада дар натиҷа миқдори глюкоза дар таркиби хун аз меъёр баланд мегардад.
Бемории диабети қанд яке аз масъалаи умумиҷаҳонии тандурустӣ буда, пешгирӣ ва табобати он муҳимтарин самти тиббӣ муосир мебошад.
Усулҳои асосии пешгирӣ намудани бемории диабети қанд инҳоянд.
1. Ғизои дуруст;
2. Парҳезро риоя намудан;
3. Тарзи ҳаёти фаъол ва назорати вазн;
4. Нигоҳ доштани оромии руҳ;
5. Мунтазам аз муоинаи тиббӣ гузаштан.
Моро зарур аст, ки ба таркиби ғизои худ ва ҳолати руҳии худ аҳмият дода худро аз бемориҳо пешгири намоем, чунки саломатии ҳар як шахс дар дасти худаш аст ва аз табобат дида пешгири кардани бемориҳо осонтар аст.

http://t.me/KANZI_SHIFO


САБАБҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД

Солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон яке аз рукнҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи беморони диабети қанд қариб ба 65 ҳазор нафар расида, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ дар соли 2023 ба 787 нафар баробар гардидааст.
Ғадуди зери меъда яке аз ғадуди омехтаи секретсияи дохилӣ мебошад. Секретсияи берунии хориҷкунандаи он ба синтези як қатор ферментҳои ҳозима? хусусан амилаза, липаза, трипсин, химотрипсин, карбоксилтидаза, аминопептидаза ва ғайра мусоидат мекунад, ки онҳо ба воситаи шираи зери меъда ва ба рудаи дувоздаҳангушта ворид мешавад. Функсияи секретсияи дохили хориҷкунандаро ҷазираҳои панкреатитӣ иҷро мекунанд, онҳо аз гурӯҳҳои ҳуҷайраҳои гуногун иборат мебошанд. Ин ҳуҷайраҳоро баъзан ҳормонҳое ҳосил мекунанд, ки онҳо таъсири муқобили якдигарро зоҳир менамоянд. Ҳамин тавр дар а ё (α)- ҳуҷайраҳои ҷазираи Лангерганс ҳормони глюкагон, дар в ё (β)-ҳуҷайраҳо инсулин, дар D-ҳуҷайраҳо соматостатин ва дар F-ҳуҷайраҳо бошад полипептиди панкреатидӣ он қадар пурра омухтанашуда ҳосил мешавад. Ҳормони инсулин барои фаъолияти организм аҳмияти бениҳоят муҳим дорад.
Инсулин номи худро аз номи мавқеъе, ки ҳосил мешавад, ҷазираи панкреатити (аз лотини insula-ҷазира) гирифтааст, ки ин якумин сафедае мебошад, ки ҳанӯз Ф.Сэнгер соли 1954 структураи якумини онро муайян намуда буд. Дар намуди тоза инсулинро соли 1922 ҷудо карда гирифтанд, пас аз он, ки Ф.Бантинг ва Ч.Бестом мавҷуд будани онро дар таркиби экстракти ҷазираи панкреатит муайян намуда будаанд. Молекуллаи инсулин аз 51 боқимондаи аминокислотаҳо, ду занҷири полипептидӣ байни ҳамдигарро, ки ба воситаи ду банди дисулфидӣ пайваст шуда, иборат аст. Ҳосилшавии инсулин дар В-ҳуҷайраҳои ҷазираҳои панкреатит ба чунин тартиб: препроинсулин (107 боқимондаи аминокислота), →проинсулин 84 (боқимондаи аминокислота)→ инсулин (51 боқимондаи аминокислота) амалӣ мешавад. Муайян гардидааст, ки а-занҷири инсулин аз боқимондаи 21 аминокислота ва В-занҷир бошад аз 30 боқимондаи аминокислота таркиб ёфтааст. Ғайр аз ин инсулинро дар бисёр озмоишгоҳҳои химиявӣ бо роҳи синтезӣ ҳосил менамоянд. Аз рӯи тартиби химияви инсулини хук ба инсулини одам бештар монанд мебошад, ки дар В-занҷири он дар ҷои 30-юм аминокислотаи аланинро треонин иваз намудааст: нисбат ба инсулини дигар ҳайвонотҳо бошад дар пайдарпайи аминокислотаҳо полипептидӣ бо истиснои ҳолати (-8-10) ҷойгиршавии аминокислотаҳо дар занҷири А дигар фарқияти ҷиддӣ дида намешавад. Инсулини аз проинсулин ҳосилшуда, дар якчанд намуд вуҷуд дошта метавонад, ки онҳо аз ҳамдигар бо фаъолияти биологӣ, хосиятҳои физикавию химиявӣ ва иммунологияшон фарқ мекунанд.
Ду намуди инсулинро фарқ мекунанд:
1) озод, ки бо антиген пайваст шуда, ба якдигар таъсир мерасонад ва дар намуди булурӣ (кристалӣ) гирифта шудааст, ки ба ҳуҷайраҳои бофтаи мушакӣ ва чарбӣ барои аз худкунии глюкоза мусоидат мекунад.
2) пайваста, бо антиген пайваст намешавад, танҳо нисбат ба бофтаҳои чарбӣ фаъол мебошад. Дар айни замон ҳақиқатан мавҷудияти намуди пайвасти он муайян карда шудааст, ки он дар сафедаҳои таркиби зардоби хун ва хусусан дар трансферинҳо ва а-глобулинҳо ҷойгир аст.
Вазни молекулавии намуди пайвасти инсулин 60 000 то 100 000 Да тағйир меёбад. Ғайр аз ин боз мавҷудияти А-инсулин исбот шудааст, ки он аз ду намуди номбурда бо як қатор хосиятҳои физикавию химиявӣ, фаъолияти биологиаш фарқ мекунад ва дар байни онҳо мавқеи мобайниро ишғол намуда, дар ҳолати таъҷилӣ ва зарурии инсулин ба организм ба реаксияи организм ҷавоб медиҳад.
Барои танзими физиологии синтези инсулин консентратсияи глюкозаи таркиби хун нақши асосиро иҷро мекунад. Дар байни инсулин ва консентратсияи глюкозаи таркиби хун мутаносиби роста мавҷуд мебошад.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
http://t.me/KANZI_SHIFO


НОМҲОИ ДИГАРИ ҲУЛБА: ҲУЛБӮ, ПУДИНА, ШАНБАЛИЛА МЕБОШАД!


ҳулбӯ حلبو
исм
пудина;
таърифи пурра


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
📹 #Канзи_Шифо - Савринҷон, Сарсабил, Ҳулба (Шанбалила)
👤 #farrkhod_Vakh

http://t.me/KANZI_SHIFO






















#ГИЁҲИ_ҲУЛБА.

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️

Ин равғанро бо муми занбӯри асал даромехта бимоланд, кафидани пӯстро сиҳат мекунад; ва агар бо кӯфтаи тухми харбуза даромехта бимоланд, башараро, яъне пӯсти баданро аз ҳар гуна доғҳо пок месозад.

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️

Аз тухми ҳулба равған кашидан ҳам мумкин аст:

Хоҳ онро маҳин кӯфта, дар об биҷӯшонанд ва равған ба рӯйи об барояд ва ё аз кӯфтаи он бо воситаи фишурдан равғани онро биситонанд.

Мизоҷи равғани ҳулба гарм аст ва таъми тунд дорад.

Истеъмоли ин варам ва моддаҳои ғафсро дар даруни бадан таҳлил медиҳад, сахтиҳоро дар узвҳо мулоим мегардонад, дубайла (кӯряра)-ро мепазонад; барои банд кардани исҳол ва дафъ намудани сабӯсаки сар, ки аз мурдор шудани хун ба зуҳур пайваста бошад, дору мешавад.

Ва инро бимоланд, захмҳои рухсораро пок мегардонад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️

Бояд огоҳ кунем, ки одамони гарммизоҷ ҳулбаро ба дарун фақат ҳамроҳи коснӣ бояд истифода баранд.

Ва агар баргашро дар об ҷӯшонида он обро истеъмол карданӣ бошанд, ҳатман бояд бо барги исфанох ё бо барги чилмангӯштак (семизӯт) бихӯранд...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO

Показано 20 последних публикаций.