Ҷаъфар Муҳрммад Тирмизӣ
ФОСИЛА ТО ҚАЛБИ ЗАМИН
Ба ёди ҷадди бузургворам Холмӯъмин ибни
Сайид Аҳмади Арбоби Бадалӣ
Сахраҳо сахт,
зовҳо танг,
зовияҳо торик аст.
Роҳ бо марди мусофир нест.
Роҳ –
маъшуқаи санг.
Роҳ –
дилбохтаи шебу фароз.
Роҳ –
дилдода ба ҳусни хаму печ.
Роҳ –
гумшуда дар хастагии вожаи “Дур”,
Роҳ –
пайдошуда дар фалсафаи “Наздик” аст.
Ту аз ин манзараи каҷҷу килеб
ҳеҷ дилафсурда машав!
Синаро пур бикун аз орзуи обиранг,
шонаҳоро бикушо
пайи парвози баланд
ва ба чашмони уқобии дилат бовар кун!
Ва сипас
сӯйи зиндони ҳавасҳо пар зан.
Қуфлҳоро бишикан,
аз сару пойи асирони ҳавасҳои ғариб
ғӯлу занҷир бикан.
Ба ҳавасҳои дилозурда бигӯ:
Дар Тагоби Ҳасани Ишқ
макон бигзинад.
Осмонро бинигар:
абрҳо
силсилаанд.
Абрҳо
аз нафаси қудсии Ишқ
Марями ҳомилаанд.
Атри хамёзаи нур
хабар аз маърифати бедорӣ,
мужда аз васли абад
медиҳадат.
Ҳеҷ як мешунавӣ, ҷони ниё?
Ҳама ҷо бонги “бигир!”,
ҳама ҷо бонги “деҳ!” аст.
Ҳама ҷо деҳкада шаҳру
ҳама ҷо шаҳр деҳ аст...
Сахраҳо сахт,
зовҳо танг,
зовияҳо торик аст.
Пеш рав,
пеш рав, ҷони ниё!
Фосила то Қалби Замин
наздик аст!
Тошканд, 30 июни соли 2008
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi
ФОСИЛА ТО ҚАЛБИ ЗАМИН
Ба ёди ҷадди бузургворам Холмӯъмин ибни
Сайид Аҳмади Арбоби Бадалӣ
Сахраҳо сахт,
зовҳо танг,
зовияҳо торик аст.
Роҳ бо марди мусофир нест.
Роҳ –
маъшуқаи санг.
Роҳ –
дилбохтаи шебу фароз.
Роҳ –
дилдода ба ҳусни хаму печ.
Роҳ –
гумшуда дар хастагии вожаи “Дур”,
Роҳ –
пайдошуда дар фалсафаи “Наздик” аст.
Ту аз ин манзараи каҷҷу килеб
ҳеҷ дилафсурда машав!
Синаро пур бикун аз орзуи обиранг,
шонаҳоро бикушо
пайи парвози баланд
ва ба чашмони уқобии дилат бовар кун!
Ва сипас
сӯйи зиндони ҳавасҳо пар зан.
Қуфлҳоро бишикан,
аз сару пойи асирони ҳавасҳои ғариб
ғӯлу занҷир бикан.
Ба ҳавасҳои дилозурда бигӯ:
Дар Тагоби Ҳасани Ишқ
макон бигзинад.
Осмонро бинигар:
абрҳо
силсилаанд.
Абрҳо
аз нафаси қудсии Ишқ
Марями ҳомилаанд.
Атри хамёзаи нур
хабар аз маърифати бедорӣ,
мужда аз васли абад
медиҳадат.
Ҳеҷ як мешунавӣ, ҷони ниё?
Ҳама ҷо бонги “бигир!”,
ҳама ҷо бонги “деҳ!” аст.
Ҳама ҷо деҳкада шаҳру
ҳама ҷо шаҳр деҳ аст...
Сахраҳо сахт,
зовҳо танг,
зовияҳо торик аст.
Пеш рав,
пеш рав, ҷони ниё!
Фосила то Қалби Замин
наздик аст!
Тошканд, 30 июни соли 2008
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi