Ҷаъфрр Муҳаммад Тирмизӣ
МАБДАЪИ НУР АСТ РӮЙИ ХАЙРХОҲОН ДАР БУХОРО
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки забону адабиёт ва фарҳанги тоҷикии Бухоро комилан аз байн рафтааст. Аслан ин тур нест. Оё имконпазир аст, ки забону адабиёт ва фарҳанге, ки реша дар аъмоқи чандин ҳазорсола дорад, бо як садсола аз байн биравад?
Худоро шукр, бо он ҳама иттифоқоти манфие, ки дар сад соли ахир пеш омада буд, забону адабиёт ва фарҳанги тоҷикии шаҳри Бухоро ва атрофи он ҳанӯз побарҷост. Бухороиёни имрӯз низ мисли пешиниёни бошукӯҳи худ бо забони тоҷикӣ такаллум мекунанд, баъзе аз онҳо садҳо ва шояд ҳазорҳо мақолу зарбулмасал ва абёти классикиву мардумиро азёд медонанд. Забони тоҷикӣ, яъне форсии тоҷикони Бухоро, бо ин ки хеле коҳиш ёфта ва шикасту рехтҳои зиёдеро дар танаш таҷруба кардааст, боз ҳам ширину гуворост: мешунавию сер намешавӣ!
Бухоро - падаршаҳри Варорудон, модаршаҳри суғдиёни боному нанг, яъне Бухорхудот, гаҳворашаҳри адабиёти форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ, донишсарову фарҳангсарои донишварону фарҳангдӯстон, меҳмонсарои инсондӯстону меҳмоннавозон, ҳунаристони ҳунармандону бозаргонон, шаҳре, ки дар таърихҳои шифоҳиву катбӣ мансуб ба Сиёваш дониста шуда ва то гузаштаҳои наздик маросимҳоееро бо номи "Хуни Сиёвушон" ва "Гули Сиёвушон" дар остонаи Ҷашни Наврӯз баргузор мекарда, ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, ҳамон фарҳанги шигифтангези тоҷикиро дар худ ҳифз кардааст. Ва албатта, дар ин маврид нақши бисёр муассири сиёсати Давлат ва Ҳукумати Ӯзбекистонро дар самти муносибати байни миллатҳо ва ҳифзу эҳёи фарҳанги миллии онҳо, ба хусус, тоҷикони Ӯзбекистонро, ки аз аҳолии бостонӣ ва бумии ин сарзамин маҳсуб мешаванд, дар ҳифзу нигаҳдории забону адабиёт ва фарҳанги миллии онҳо таъкид бояд кард. Шукронаи онро ҳам бояд кард, ки маҳз бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, дар остонаи тарҳрезии Ӯзбекистони ҷадид, дар канори бахшҳои забону адабиёти тоҷикии Донишгоҳҳои давлатии Самарқанду Тирмиз, ки аз қабл вуҷуд доштаанд, дар донишгоҳҳои давлатии Фарғона ва Бухоро низ бахшҳои забону адабиёти тоҷикӣ ифтитоҳ шуд, фаъолияти марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, аз ҷумла, марказҳои миллӣ-фарҳангии Самарқанду Бухоро, ки то солҳои наздик ба ном вуҷуд доштанд, фаъол гардид, марказҳои ҷадиди миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Фарғона ва баъзе навоҳии тоҷикнишини Ӯзбекистон таъсис ёфт, дар назди Иттиҳодияи Нависандагони Ӯзбекистон бахши адабиёти тоҷикӣ ифтитоҳ гардид.
Имрӯз дар Бухорои шариф ҳеҷ кас монеъи забону адабиёти тоҷикӣ нест: ҳар кӣ хоҳад, дар кӯчаву бозор озод ба забони модарии худ гуфтугӯ мекунад, ҳар кӣ хост, бо забони модарияш, яъне тоҷикӣ шеъру достон менависад.
Дар воқеъ, имрӯз навҷавонони тоҷики шаҳри Бухоро изофа бо ҳифзи забони модарии худ, бо забони давлатӣ, яъне ӯзбекӣ, бо забонҳои англисиву русӣ, форсии Эрону туркии Туркия такаллум мекунанд.
Ҳоло баъд аз ин ҳарфҳо тасмим гирифтам як ғазаламро, ки чанд сол пеш дар васфи Бухорои шариф ва бухороиёни бошараф гуфта будам (дар васфи Бухоро бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ як силсила шеъру ғазалу қасида дорам. Зимнан, ногуфта намонад, ки ниёкони бузурги ман ҳам бухороӣ буданд ва дар рагҳои ман низ хуни бухороӣ меҷӯшад), барои шумо, азизон тақдим намоям.
ДАР БУХОРО
Мабдаи нур аст рӯйи хайрхоҳон дар Бухоро,
Машриқи меҳр аст чашми хушнигоҳон дар Бухоро.
Дар Лаби Ҳавзи муҳаббат ҷони ошиқпешагонаш,
Сабз мегардад баҳорон бо гиёҳон дар Бухоро.
Гар баҳорон ишқ резад аз дару деворҳояш,
Илм мерезад саросар тирамоҳон дар Бухоро.
Нақш бандӣ дар дилат гар номи Ёри меҳрубонро,
Пок мегардад вуҷудат аз гуноҳон дар Бухоро.
Бар димоғат бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён аз роҳи таърих,
Мерасад бо шеъри Ҷаъфар субҳгоҳон дар Бухоро.
Тошканд, 16 августи соли 2010
-----
Дар акс: Бо устоди равоншодам профессор НАҶМИДДИН КОМИЛОВ (ки мегуфанд: "ҳеҷ шаҳреро мисли Бухоро дӯст надоштаам. Инҷо, ки омадам, бо решаҳоям пайванд мешавам"), Ҳоҷӣ Абдулғафури Нақшбандӣ ва дигар дӯстон дар Маҷмӯъаи Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, соли 2009.
@Jafar_Muhammad_Termizi