ХУШХАБАР
Дирӯз бароям хушхабаре расид, ки дар интишороти Илм-Зиё-Нур" дар шаҳри Тошканд тазкираи рӯзгор ва намунаи осори дӯстон ва шогирдони устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ бо номи "ЧАШМАИ ХУРШЕД:
Мактаби адабии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ" интишор гардид.
Тазкира дар шакли як китоби зебову рангину мунаққаш, ҳовии 270 саҳифа ва ба шумори 300 нусха чоп шудааст.
Гирдоварандаи мавод ва муаллифи муқаддима шоир ва рӯзноманигори шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Олим Панҷизода ҳастанд.
Муҳаррири масъул: Рамазон Абдуллоев, номзади илмҳои филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз
Тақриздиҳанда: Комилҷон Раҳимов, доктори илмҳои таърих, корманди аршади Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунии Академияи илмҳои Ӯзбекистон
"Дар ин китоб шарҳи ҳоли мухтасар ва намунаи осори он адибони тоҷики Ӯзбекистон гирдоварӣ шудааст, ки бархе аз аз онҳо аз ҷумлаи шогирдон ва дастпарвардагони шоири зуллисонайн, олими файласуф ва тасаввуфшинос Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ (Ҷаъфар Холмӯъминов) ҳастанд ва бархе дигар аз ҷумлаи дӯстон, пайравон ё таъсирпазируфтагони мактаби адабии ӯ мебошанд.
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар тӯли чиҳил соли гузашта, ки мамлӯ аз фаъолиятҳои пурсамари адабӣ ва илмии ӯ будааст, ба навқаламони зиёде дар арсаи адабиёт, хусусан, дар ҷодаи шоирӣ раҳнамоӣ намуда ва ба манзили мақсуд расонидааст. Метавон гуфт, ки талошҳо ва заҳматҳои мудовоми ӯ дар заминаи эҳё ва рушду равнақи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дар Ӯзбекистон самар дода ва “Мактаби адабии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ” ном гирифтааст".
Ба назари банда нашри чунин тазкира, ки мамлуъ аз осори чандин тан аз шогирдону пайравон, таъсирпазируфтагон ва дӯстони шоири соҳибҷашн ба муносибати 55-умин солгарди таваллуд ва чиҳил сол аз фаъолиятҳои адабию илмии устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар адабиёти имрӯзи порсигӯёни кишвари дӯст ва бародари Ӯзбекистон ва ҳатто шояд дар худи Тоҷикистон низ як падидаи наву хурсандибахш ва шоёни таҳсину ташвиқ аст.
Аз ин рӯ аз фурсати (ба назарам муносиб) истифода бурда шахси худи устоди азизам Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ва шогирдону дӯстон ва мухлисони ашъори шоири фарҳехта, донишвар ва нодирагуфтори шеъри муосири порсиро бо санаи муҳимми умри пурбаракат ва пурсамарашон ва минҷумла нашри китоби "Чашмаи хуршед: Мактаби адабии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ" табрику шодбош мегӯям.
Бароям низ ҷои хушнудию ифтихор буд, ки дар ин тазкира шарҳи кӯтоҳи ҳол ва як мухаммасу 11 намунае аз ғазалҳо ва чаҳорпораҳои шогирдонаи банда низ аз ҷумлаи 24 тан аз шогирдон ва дӯстони устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ҷой гирифтаанд:
Исмат Ҳалим, Ҳоҷӣ Сироҷиддин (Сироҷиддин Янгибоев), Зебо Бобозода, Наҷмиддин Рашидов, Озода Мусаллам, Зайнаб Бахшиқулова, Раҳматуллоҳ Раҳимзода Ҳусайнӣ, Розия Бадалова, Эшонқули Эшниёзи Ҳамрозод, Искандар Мирзо, Муҳаммадрӯзии Ғанизод, Саидаи Синавӣ, Рӯзиқул Тошев, Саодат Сатторӣ, Олим Панҷизода, Дилафрӯз Муқумова, Расулбеки Аҳмадзод, Ҷамшед Орифиён, Ҷамшед Чағонӣ, Баҳодур Бароти Бойсунӣ, Заррина Раҳматова, Шукруллоҳ Сироҷ, Гулираъно (Раъно Рамазонова), Зулбибӣ Искандарова.
Ҷамшед Орифиён (Тоҷикистон)
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi