КАНЗИ ШИФО. ДОРУХОНАИ ТАБИӢ.


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский


📖📖📖 ДАР САҲИФА БЕҲТАРИН НАМУНАҲОИ ДАВОӢ АЗ КИТОБҲОИ ТИББИИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ ДОХИЛ ГАРДИДААНД.
📚📚📚 ИН САҲИФА БАРОИ ХОНАНДАГОНИ УМУМ ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД.
✋✋✋ БО МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД.
БАРОИ ИШТИРОК ТАШАККУР!
@KANZI_SHIFO

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Статистика
Фильтр публикаций


Ва чунон ки мебинед, аз он айём солҳои зиёде сипарӣ гаштанду ман ҳоло чун шахси қиссагӯ аз он ҳодиса ба шумо қисса карда истодаам. Мани содда то имрӯз аз он мавзеъ ҳарос дорам.
Ин мард, ки яке аз дӯстони Доктор Тоҳирӣ буда, Идибой Қосимов ному насаб дошт аз ҷойи нишасташ истода шуду даст пеши бар бори дигар пас аз чандин солҳо ба табиби хеш миннатдории самимӣ изҳор намуд.
Бале, Доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ дар тӯли фаъолияти табибиаш ба ҳазорон ниёзмандон дасти мадад ва ёрӣ дароз намуда, ба онҳо умри дубора бахшидааст. Дар бораи рӯзгори ибратбахш ва фаъолияти гаронарзиши ӯ садҳо мақолаву китобҳо дарҷ гардидаанд. Худаш низ муаллифи зиёда аз 40 номгӯй рисолаву китобҳо дар соҳаи тиб буда, табиби шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ аст. Мукофоту ҷоизаҳои зиёде дорад. Мароми ӯ пешгирии беморӣ аст. Ба андешаи ӯ одамон он гаҳ муолиҷаи комил меёбанд, ки дар бораи тиб маълумоти кофӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар осоишгоҳаш курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил менамояд.
Дар айни ҳол Дар осоишгоҳи “Доктор Тоҳирӣ” мардуми зиёде аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он низ муолиҷаву истироҳат менамояд ва дар як вақт аз маърӯзаҳову маслиҳатҳои Тоҳирӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тиб бархурдор мешаванд. Осоишгоҳ дорои тамоми шароитҳои ҳозиразамон буда, дар як мавзеи хушбоду ҳавои диёр бунёд ёфтааст ва бо чашмаҳои оби равон ва табиати дилфиребаш машҳур гардидааст.
Муллозуҳур Тоҳирӣ ҳамчун сарвари Ассотсиатсияи табибони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Иттифоқи байналмиллии нависандагону табибон корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Дар нашри китобҳои аъзоёни кӯмак мерасонад. Аз тарафи ӯ чандин маротиба симпозиум ва машваратҳои байналмиллалӣ гузаронида шудааст, ки меҳмонон аз мамлакатҳои хориҷ ширкат варзида, ба табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва растаниҳои шифобахши он ошно гаштанд.
Муллозуҳур Тоҳирӣ дар ҳақиқат вориси сазовори Синову Луқмони Ҳаким аст, ки бо доруву шарбатҳои давоии аз растаниҳо истеҳсол намудааш ба беморон шифои оҷилу комил бахшидааст.
Сано Худованд бар ӯ боду ба кору пайкораш!

САИДБУРҲОН ИКРОМӢ


СЕҲРИ СУХАН
✏📚
Дар даврони кӯдакиамон, ки он замон дар кӯҳистон ТВ набуду танҳо мавҷи радио танинандоз буд, мо асосан ҳар шаб пеш аз хоб аз радио афсона гӯш мекардем ва ин одати муқаррарии мо буд. Барномаи дилангезе буд бо номи “Хоби ширин”, ки қиссапардозонаш бо афсонаҳояшон дунёи кӯдакии моро чу афсона зебову рангин мекарданд ва аксаран мо ба қиссаҳои сещрофарини онҳо бовар мекардем. Масалан, мо дар кӯдакӣ тахайюл доштем, ки ҳама олам чу афсона асту дохили радио одамчаҳое ҳастанду бо гуфтору консертҳо моро хурсанд мекунанд.
Ба ҷуз ин аз бобову бибиҳо низ қиссаву афсонаҳои ҷолиб мешунидем. Онҳо асосан ба мо қиссаҳои сеҳрноку ваҳмангез нақл менамуданд, ки қаҳрамонҳояшон деву албастӣ, париву ҷин буданд. Ин гуна қиссаҳоро чунон бо ҳангомаи махсус нақл менамуданд, ки баъзан ба дили кӯчаки мо ваҳму тарс пайдо мешуд. Ва баъзан дар фароварди афсонаҳояшон таъкид мекарданд, ки ба фалонӣ дев ё парӣ ҳамроҳ шудааст, аз ин сабаб ӯ девонаву хаёлӣ аст. Ё моро ҳушдор медоданд, ки аз ба фалон мазор ё фалон манзил наравед, ки он ҷо лашкаргузар аст, яъне аз он ҷойҳо лашкари деву ҷинҳо мегузаранд. Аз ин ҷост, ки мо аз чанд маҳалли диёрамон бим доштем ва кӯшиш менамудем, ки он ҷо камтар гардиш намоем.
Ҳамин тавр дар олами қиссаву афсонаҳо ба камол расидему баъдар фаҳмидем, ки ин ҳама беш аз афсона нест. Ва аммо мутаассифона на ҳама инро дарк кардем. Як қисмати мардум ба “ҳақиқат”-и ин қиссаҳо то ҳол бовар доранд ва ин боварашонро ба фарзандонашон ба мерос мегузоранд.
Қисса кӯтоҳ, ба наздикӣ бо Доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ дар як маъракае менишастем, марде бо исми Идибой, ки тақрибан ҳамсинни Доктор буд, ба он хона ворид гашту бо Тоҳирӣ хеле самимӣ вохӯрӣ намуда, нишаст ва пораеро аз саргузашташ аз беморие, ки сабабгораш ҳамин қиссаву афсонаҳои ваҳмангези аз бобову бибиҳо шунидааш шуда буданд, чунин ёдовар шуд:
- Боре ба Тагоб (номи мавзее дар кӯҳ) рафтам. Он ҷо мазоре ҳаст, ки ба нақли кӯҳансолон “беназар нест”. Мардум дар бораи ин мазор ҳар гуна ривоятҳо доранд ва бар он муттақиданд, ки ин ҷо макони ҷину париҳост. Вақти баргаштан аллакай шом шуда буду маро лозим меомад, ки роҳро аз назди ҳамин мазор убур намоям. Ба мазор наздик нашуда, афсонаҳои шунидаам дар боби макони деву ҷинҳо будани ин манзил ба хотирам омад ва вуҷудамро тарсу ҳарос пахш намуд. Шом торафт ториктар мешуд ва маро ҷуз аз ин манзил гузаштан дигар чора набуд. То деҳа тақрибан нимсоата роҳ монда буд. Тасмим гирифтам, ки боқимонда роҳи деҳаро бояд давида тай намоям. Давида аз назди мазор гузаштам, вале гӯё касе мегуфт, ки ба ақибам нигоҳ кунам. Тарсону ларзон, “Таваккал ба Худо”, - гӯён ба ақибам назар кардам. Худоё, ин чӣ бало!? Кош, ҳеҷ гоҳ ба пасам нигоҳ намекардам... ба пасам нигоҳ кардаму дидам, ки ду марди азимҷӯссаи ришдароз дар ду дастонашон ду корд аз паси ман таҳдидкунон медавиданд. Ман бошам, бо тамоми қувватам медавидам то аз онҳо халос шавам, вале роҳи боқимонда хеле тӯлониву дур менамуд ва ҳеҷ не, ки ба манзил расам. Ниҳоят ба хона расидаму бехуд шудам. Вақте маро ба худ оварданд, боз он ду ришдарозро беруни тирезаи хона дидам, ки бо кордҳои дастонашон ба ман таҳдид доштаанд ва ман боз аз тарс бехуду бехаёл шудам. Баъдҳо аз аҳли оилаамон шунидам, ки ман 17 шабонарӯз бехуду “бе кому забон” будаам. Он замон ман аллакай баркамол будам. Падару модарам барои табобати ман аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода кардаанд, ҳатто муллоҳои деҳаро ҷамъ намуда борҳо дуохонӣ намудаанд, вале ҳама талошҳояшон баҳри беҳбуди ман бенатиҷа будааст.
Аз қазо буд ё ба бахти ман дӯстам Муллозуҳур Тоҳирӣ, ки он вақт духтури ҷавон ва аллакай чун табиби ҳозиқ машҳур гардида буд, ба деҳа ба дидорбинии волидайнаш меояд ва аз ҳодиса хабардор гашта ба кӯмаки ман мешитобад. Чун мебинад, ки ман аз гуфтор мондааму ҳолати ҳаросу ваҳм дорам, маро чанд маротиба зери гипноз гирифта, ба гап задан водор менамояд. Ниҳоят баъди 17 шабонарӯз бо исрори Муллозуҳур зери таъсири табобат бо усули гипноз ман аввалин бор чанд калима сухан гуфтам ва минбаъд оҳиста – оҳиста тарсу ҳаросам пош хӯрду сиҳатиам рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Он ду марди ришдароз дигар намудор нашуданд.


Репост из: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram




Aгар ҳар як узви инсон фурӯхта шавад, он тахминан ба 45 миллион доллар баробар мешуд!

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️

Одамоне, ки дар шушашон пуфакчаҳо дошта бошанд ва ё ба гриппҳои вирусӣ гирифтор гарданд ва инчунин гирифтори варами пардаҳои даруни сина бошанд, ҳар рӯз як дона барги миёнаҳаҷми онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, шифо мебахшад.

Вале дар ин амал баъзе одамонро як ё ним соат гаранг мекунад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️

Баргашро дар оташ гарм карда ба чашм банданд, дарди чашмро шифо мебахшад; ба сар гузошта банданд, дарди сари аз хунукӣ сарзадаро таскин медиҳад, назлаҳои сарро аз фуромадан манъ месозад; ба хояҳо гузошта банданд, оби ба даруни онҳо фуромадаро пароканда ва дафъ менамояд; агар инро ба варамҳо ва пучаку чиртакҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва мепазонад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми он то ним грамм аст.

Вале агар аз ин як грамм бихӯранд, низоми фикрро вайрон ва як шабонарӯз девона мегардонад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️↪️

Агар онро дар сирко пухта бимоланд, варамҳои гуногун ва истисқоро (водянкаро) таҳлил медиҳад, дарди луққосиро басанда мекунад, арақ карданро қатъ месозад.

Ҳар як қисми наботи онро кӯфта гузошта банданд, узвҳои суст ва нотавонгаштаро ба ҳоли сиҳати аслиашон бармегардонад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба узвҳо рехта шаванд, рутубатҳои бегонаро хушк мекунад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


✅✅✅

#Б_А_Н_Г_И_Д_Е_В_О_Н_А.

Ин растании маълум аст, аслан ду навъ мешавад: якеро гулаш сафед ва ба шакли қиф аст, дигареро гулаш таҳ бар таҳ, баргаш ва пояаш— ҳама ранги бунафш доранд.

Самараш дар бузургӣ ба андозаи чормағз аст ва чун самари беданҷир хорнок мебошад.

Дар даруни он тухмҳои бисёри ба миқдори мурч, вале тираранг ҷойгир ҳастанд.

Мизоҷаш дар дараҷаи чорум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: барг, пӯсти самар ва тухми онро кӯфта гузошта банданд, дарди сари кӯҳнаро, ки аз бисёр ҷамъ шудани сафро ва баланд гаштани фишори хун ҳодис шуда бошад, таскин медиҳад; тафсҳои узвҳои гуногунро паст менишонад, варамҳоро таҳлил медиҳад.

Барги онро кӯфта гузошта банданд ё равғани тухмашро бимоланд, бавосир ва дардҳои гарми мақъадро дафъ мекунад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO






Кӯфтаи онро бо решаи тару тозаи сиреш хамир карда, гузошта банданд, ҷойи даридаи шикамро дар бемориҳои ҷурра, сиҳат мекунад.

Чун самари онро кӯфта, бо анҷир хамир карда, монанди шамъчаи борик сохта, дар бинӣ гузоранд, гӯшти зоиди дар даруни бинӣ пайдошударо мехӯрад.

Самари онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, мақъади (кӯтани) баромадаро ба ҷояш мебарад ва он дигар барнамеояд, инчунин равон шудани рутубати бисёрро аз бачадон манъ месозад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз самари сарв то 2 грамм аст.

Вале хӯрдани самари сарв боиси зардии рухсора мегардад ва дар маҷроҳои бадан гиреҳ пайдо мекунад.

Ин зиёнаш асал ё равғани бодом бихӯранд, ислоҳ меёбад.

Агар самари сарв ёфт нашавад, ба ҷойи он решаи анор ва якуним вазни он самари арчаро истеъмол кунанд, равост.

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO




Самарашро бихоянд, обравии даҳанро ислоҳ мекунад.

Барг ва самарашро кӯфта, бо мумравғани зайтунӣ сиришта гузошта банданд, меъдаро қувват медиҳад.

Яке аз хислатҳои сарв он аст, ки агар барг ва самари онро дар хона нигоҳ доранд, ба даруни хона пашша намедарояд ва агар дохил гардад, онро мекушад.

Акнун дар бораи самараш муфассал баҳс намоем:

Ин манъкунандаи хунравиҳо мебошад, асабҳоро қавӣ мегардонад, рутубатҳои нодаркор ва зарарнокро дар ҳар як ҷойи бадан, ки бошад, хушк мекунад; меъда, ҷигар, сипурз ва рӯдаҳоро қувват мебахшад, зеҳнро тез мекунад, даҳанро хушбӯ менамояд.

Агар онро кӯфта, бо асал ва гулоб сиришта бимоланд, барои дарди нимсар, дарди сари аз хунукӣ баамаломада даво мебошад.

Ва кӯфтаи онро бо шароб биёшоманд, мании зудояндаро дер меомадагӣ мегардонад, дарунро мебандад; барои иллатҳои фаромӯшхотирӣ, сурфаи кӯҳна ва душвор пешоб кардан дармон мешавад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO




Баргашро сойида, бо орди ҷав ва об хамир карда гузошта банданд, варами гарми чашмро таҳлил медиҳад; сурхбод, доначаҳои сӯзони пӯст ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Шилми онро ос карда, дар бинӣ бирезанд, майнаро аз рутубатҳои зиёдатӣ пок месозад; агар дар бинӣ бипошанд, бавосири даруни биниро, яъне гӯшти зоиди дар даруни он рӯйидаро дур менамояд.

Агар оби самари тару тозаи онро дар офтоб хушк карда, дар бинӣ гузоранд, низ бавосири биниро дафъ мекунад; инчунин бар мақъад бипошанд, бавосири он мавзеъро шифо мебахшад.

Ва агар бо гулнор ҳамроҳ карда бипошанд, решҳои тари сар ва дигар решҳои баданро хушк мегардонад, инчунин решҳои римнокро пок месозад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO




Аррамайдаи чӯбашро бо шилми бодоми талх якҷо карда гузошта банданд, хичакро қавӣ мегардонад, ҳангоми хоб ба ҷогаҳ шошиданро ба ибро меоварад.

Баргашро сӯхта, дар об шуста гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ даво мешавад, вале агар онро ношуста гузошта банданд ё бипошанд, реш ва захмҳои тарро шифо мебахшад.

Баргашро пухта ба дабба (ҷурра) гузошта банданд, шифо мебахшад; ба ҷароҳатҳо бибанданд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; ба узвҳои нотавонгашта гузошта банданд, онҳоро ба қуввати аслиашон меоварад; ба ҷое, ки хун мерафта бошад, гузошта банданд, хуни онро мебандад, ба захмҳо банданд, онҳоро хушк менамояд; инчунин агар гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва мондагиро барҳам мезанад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO




Онро кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад ва меъдаро қувват мебахшад.

Самарашро хуб кӯфта, бо шароби хушбӯ биёшоманд, хунравиро аз дарун манъ мекунад, иллати ростнафасро, ки соҳибаш хоб карда нафас гирифта наметавонад, шифо мебахшад; намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба меъда рехта шаванд, инчунин захми рӯдаҳоро дафъ месозад.

Ин самари онро кӯфта, ба ҷойи даридаи шикам, ки ҷурра (дабба) меноманд, гузошта банданд, даббаро таҳлил медиҳад ва даридаи шикамро ба ҳам оварда сиҳат мекунад.

Хӯрдани маҳсулоти сарв ба шуш зарар дорад.

Дар ин ҳолат катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO




Хислатҳои шифобахши он: баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад ва захмҳои рӯдаҳоро шифо мебахшад; аз хичак равон шудани моддаҳои нодаркорро манъ мекунад.

9 грамм барги хушкашро ос карда бо 2,5 грамм шилми бодоми талх бихӯранд, хичакро қувват мебахшад; инчунин дар вақти хоб ба ҷогаҳ шошидан ва душвории пешоб карданро дармон мегардад.

Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, барои дарди дандон ва захми милки дандон дору мебошад, инчунин ин узвҳоро мустаҳкам мекунад...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO




#С_А_Р_В.

Ин дарахти бисёр мавзун, хушқомати баланд аст.

Баргаш реза, хазон намешавад, яъне ҳамешасабз аст.

Андозаи самараш хурдтар аз чормағз, санавбаришакл, яъне шаклаш ба дили ҳайвонот монанд аст, мағз надорад; дар вақти хомӣ сабз ва баъди расидан андак зардтоб ва сахт мегардад.

Тухми самараш сафеди зардча, ки ба наск монанд аст, вале аз он нозуктар.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст.

Мизоҷи самараш дар дараҷаи саввум сард ва хушк аст.

Мизоҷи шилмаш гарм, таъмаш тунд ва тез қариб ба шилми санавбар аст...

@KANZI_SHIFO
https://t.me/KANZI_SHIFO


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram

Показано 20 последних публикаций.