БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ! dan repost
22 январи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода бо сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар кормандони соҳаи маорифи кишвар баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои норасоии кадрӣ, омӯзгорони ғайрифаннӣ, омӯзгорони ғайриихтисос, ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва соҳибтахассус, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, ҷоннок намудни фаъолияти равоншиносон дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби пурраи хонандагони синфи 9 ва 10 ба таҳсили ҳатмӣ, ба роҳ мондани мутолиа бештари китоб миёни кормандони соҳаи маориф, таъсиси маҳфилҳо вобаста ба омӯзиши фанҳои дақиқ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, ҷалби кудакон ба муассисаҳои томактабӣ ва чанди дигар, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардиданд, мавриди таҳлилу баррасӣ карор дода шуд.