Имрӯз, 22-юми январи соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба иштироки хонандагони синфҳои 4-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 (Таҳқиқоти байналмилалии сифати хониш ва дарки матн) дар доираи лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар баргузории мизи мудаввар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Назарализода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.