БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!


Kanal geosi va tili: O‘zbekiston, O‘zbekcha


КАНАЛИ ИЛМӢ, ФАРҲАНГӢ БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ УМУМ.
МАВОДҲО ТАНҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ГУЗОШТА МЕШАВАД.
БА КАНАЛ ДӮСТОН ВА ФАРЗАНДОНИ ХУДРО ҲАМРОҲ КУНЕД ВА БА ДИГАРОН ҲАМ ИН КАНАЛРО ТАВСИЯ НАМОЕД, ҚАДРДОНҲОЯМ!
БО МО БОШЕД ВА ИЛМ ОМӮЗЕД!
ИЛМ НАҶОТИ МОСТ!

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
O‘zbekiston, O‘zbekcha
Statistika
Postlar filtri


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish




Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Забони модарӣ мероси модар
Муҳаббат, эътиқод, ихлоси модар.
Бо ҳар ҳарфаш кунад бедор дар дил,
Умеду орзу, эҳсоси модар..

Х. ОҚСОӢ

          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Баски мо тоҷик миллат омадем,
Дар ҷаҳон бе ҳеч иллат омадем.
Мардумон фахранд бо тоҷу ба тахт,
Аз азал мо шоҳхислат омадем.

          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


ҲАР КӢ ЗАБОН ГУМ КУНАД

Ҳар кӣ забон гум кунад,
Ному нишон гум кунад.
Зӯру тавон гум кунад,
Ҷону ҷаҳон гум кунад.
Дурру садаф гум кунад,
Бахт зи каф гум кунад.
Шаъну шараф гум кунад,
Ёри чу чон гум кунад.
Гармии тан гум кунад,
Ишқи чаман гум кунад.
Меҳри ватан гум кунад,
Модари ҷон гум кунад.

С. КЕНҶА

          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


ПОСДОШТИ МИЛЛАТ ВА ЗАБОН

Эй ки гуфтӣ бо дарӣ ҳарфи накӯ,
пайрави Салмон туӣ аз оли ӯ.

Дар даҳон шаккар забони порсӣ,
аз қадим равшан ҷаҳони порсӣ.

Ин забони порсии безавол,
в-ин забони тоҷикии лоязол.

Ҳам забони давлати Сосониён,
ҳам забони расмии Сомониён.

Суфта бинмуд ин забонро Рӯдакӣ,
суфта то пирӣ зи аҳди кӯдакӣ.

Назми Фирдавсӣ бузургу бартарӣ
аз забони тоҷикӣ шуду дарӣ.

Беҳтарин дурре, ки Сино суфта кард,
лафзи тоза ҷо ба "Донишнома" кард.

Миллати мо тоҷи тиллоӣ ба сар
пас аз ин пӯшиду гашт ӯ номвар.

Қарзи ту, эй Орифӣ, дар ин ҷаҳон
посдори миллат асту ин забон!

✍️ Самар Орифӣ

5.10.2023.

           ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM












ЗАБОНИ МОДАРӢ

Қанд ҷўӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷўйӣ, биҷӯ.
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳар чӣ меҷўйӣ, биҷӯ.
Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ў ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шўхиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.

Муъмин Қаноат✍


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish


•┈┈┈••●◆○●❁✿❁●○◆●••┈┈┈•

#Давомаш...

— гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллӣ шиори бузурги забондӯстон медонем.
Хулоса, забони модарӣ, шаҳди ҳаёт аст, ки мо тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода.
Он муқаддасу гуворо ва азизу мӯътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшидааст.
Имрӯз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд:

Забони модариам ифтихорам.
Саодатбахши халқи номдорам.
Дар олам аз ҳама ширинтарӣ ту,
Ба Синову Хайёмат саҷда орам!

•┈┈┈••●◆○●❁✿❁●○◆●••┈┈┈•

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


•┈┈┈••●◆○●❁✿❁●○◆●••┈┈┈•

#ЗАБОНИ_МОДАРИЯМ - #ИФТИХОРАМ...

Забон ояд ба кас чун шири модар,
Аз ин рӯ асли ҷон аст, асли ҷон аст!

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз камудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист.
Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост.
Аҷаб гуворост лафзи модар.
Ачаб ширину беолоиш ва қарини дилҳост.
Аҷаб ҳаётбахш, суфтаю ба дил қарин аст забони модарии бузург.
Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд.
Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза сахмгузор бошем!
Зеро фармудаанд:

Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рӯзгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред!

Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарии хеш саҳмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан, агар кас забони худро донад, омӯхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.

Ба ифодаи Турсунзодаи бузург:
«Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».
Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои зиндагии Рӯдакии бузург бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикӣ у саҳми босазое гузоштааст. Ӯ эътиқоди ҳамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағйир дод ва назари илму адабии замонашро ба сӯи забони модарӣ нигаронд. Намунаи содагии забони шеъри Рӯдакӣ нишон медиҳад, ки ӯ дар таърихи забону адабиёти мо ҳақиқатан ҳам нақши босазо гузоштааст. Дар қатори ӯ садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони тоҷикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.
Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи кӯҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рӯзи байналмиллалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз соли 1989 22-июл бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ — забони тоҷикӣ -эълон гардид. 5 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи хуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Ба гуфтаи Сарвари давлатамон мӯҳтарам Э. Раҳмон:
«Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Мо, тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.

#Идома_дорад...

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish


они илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва то ҳадди забони меъёр такмилу сайқал додани он ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад.
Бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад. Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем».
Барнома дар таъмини ҳатмии масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар ҳама вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, мусоидат хоҳад кард.
     Ҳоло яке аз масоили мубрами ҷомеа эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ мебошад, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ворид гардида, амалишавии он дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» аз 27-уми июли соли 2016 таҳти №325 ба роҳ монда шудааст.
«Эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ яке аз ­масъалаҳои мубрами сиёсати забони мо мебошад. Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд. Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад», — зикр карданд Пешвои миллат зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019.
     Барои расидан ба ҳадафҳои барнома лозим аст, то ба масъалаи таълим ва тадриси забон, такмили равишу усули самарабахши омӯзиши он диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҷус­туҷӯ ва пайдо намудани роҳу усули муассири таълими забон, истифода аз методҳои анъанавӣ ва санҷидашуда, ба кор бурдани таҷрибаи беҳтарини омӯзиш ва навовариҳо дар ин бахш ва такмили онҳо аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд.
     Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Бо ин мақсад, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки ҳар як вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар татбиқи кору вазифаҳо, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардидаанд, сидқан саҳм гузошта, дар амалисозии он кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро иҷрои барнома қадами қатъӣ дар рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.

📝 Шаҳноза БУРИЕВА, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


яд барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гиранд ва барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардида буд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ гардид.
     Мақсади асосии барнома рушди устувор ва ҳимояи забони давлатӣ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии забон буда, аз 5 фасл ва 75 банд иборат мебошад ва масъалаҳои эҳтиром ба забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст, истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавӣ, фарҳанги худшиносиву худогоҳӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи забони адабӣ аз унсурҳои ғайриадабӣ, гуфтугӯӣ ва бегона, танзими истилоҳоти соҳавӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла, номҳои тоҷикӣ, номгузории мавзеъҳои таърихӣ, хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангӣ бо забони давлатиро дар бар мегирад.
Он дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуда, давра ба давра татбиқ гардидани сиёсати давлатӣ дар бораи забон, танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаҳои гуногуни омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои дигарро фаро гирифтааст.
Даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин қадаме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ гузошт, дар Конститутсияи кишвар ҷойгир намудани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд. Мақоми забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ифода ёфтааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад».
     Миллат ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Дар заминаи забони тоҷикӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар асоси муқоисаи хусусияти овоӣ ва дастуриву луғавии забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯхтани забони хориҷӣ ба манфиати кор буда, шахсе, ки донандаи чанд забон мебошад, аз таъриху фарҳанги миллати дигар огоҳ аст ва таъриху фарҳанги миллиро низ ба ҷаҳониён метавонад муаррифӣ кунад. Ин нуктаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба тариқи зайл зикр карданд: «Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳ­тиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.
Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд. Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират, яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад».
     Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот мебошад, ки дар фасли дуюми барнома зикр шудааст. Кумита фарҳангномаҳои соҳавиро, ки аз ҷониби мутахассисон таҳия ва пешниҳод мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода, барои мувофиқа ва коркарди он саҳм мегузорад. Муносибати амиқ ва илман дақиқ ба коркарду интихоби истилоҳот яке аз дастовардҳои ғанӣ гардидани захираи луғавии забон буда, дар рушду густариши минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард. Вобаста ба ин масъала муҳтарам Пешвои миллат чунин зикр намуданд: «Мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозӣ ба сифати омили тавонбахши забон дар ҷомеаи мо аҳамияти мубрам пайдо кардааст. Ба вуҷуд овардани заб

20 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.