🦋
Писараки сиёҳпӯсте бозор рафт ва пеши марди бодбаракфурӯш қарор гирифта, бодбаракҳоро тамошо кард. Бодбаракфурӯш барои ҷалби таваҷҷӯҳи бача як бодбараки сурхрангро сар дод, то дар осмон парвоз кунад ва ба ин восита эътибори дигар бачаҳоро ҳам ба худ нигаронад. Баъд як бодбараки кабуд ва ҳамин тавр як бодбараки зард ва баъд аз он як бодбараки сафедро бо навбат раҳо кард. Бодбаракҳои сабукбол ба осмон рафтанду авҷ гирифтанд ва нопадид шуданд.
Писараки сиёҳпӯст ҳанӯз саргарми тамошо буд ва ба як бодбараки сиёҳ бодиққат нигоҳ кард. Пас аз андак ба бодбаракфурӯш наздик шуду бо дудилагӣ пурсид:
– Бубахшед амак! Агар бодбараки сиёҳро ҳам раҳо мекардед, оё то само парвоз мекард?
Марди бодбаракфурӯш лабханде карду нахеро, ки бодбараки сиёҳро нигоҳ дошта буд, сар дод ва бодбарак ҷониби боло авҷ гирифт. Мард пас аз лаҳзае гуфт:
– Писарам, он чизе, ки сабаби бол кушодани бодбарак мешавад, ранги он нест, балки чизест, ки дар даруни худи бодбарак қарор дорад.
Зиндагӣ ҳам ҳамин тавр аст ва чизе, ки боиси рушди одамҳо мешавад, рангу зоҳири онҳо нест. Яъне муҳим на сурат аст, балки сирати одамҳост, ки мартаба ва мавқеи онҳоро муайян мекунад. Одам ҳар қадар дониши мустаҳкам дошта бошад, ба ӯ мавқеи волотару шоистатаре насиб мекунад.