🦋
ХАРИДИ ШАВҲАР
Ба тозагӣ дар яке аз шаҳрҳои пешрафтаи дунё маркази савдое боз шуд, ки занон метавонанд ба он ҷо бираванд ва барои худ шавҳар интихоб кунанд.
Ин марказ панҷтабақа аст ва занҳо ҳар қадар ба табақаи болотаре бароянд, имкони шавҳари беҳтар ва хубтар пайдо карданашон бештар мешавад. Аммо ин марказ ду қоидаи бисёр муҳиме низ дорад.
Қоидаи якум ин аст, ки харидор агар ба табақае, ки муроҷиат кард, бояд ҳатман аз ҳамон шавҳар интихоб кунад ва ё аз табақаи болоӣ. Чунки дубора аз табақаи поёнӣ имкони интихоб нест. Ва қоидаи дуюм ин аст, ки ҳар зане як бор имкони харид аз ин марказро дорад.
Рӯзе ду духтар, ки бо ҳам дугона буданд, ба ин марказ муроҷиат намуданд, то барои худ шавҳарҳои беҳтаринро интихоб намоянд.
Вақте онҳо назди дари табақаи якум расиданд, болои дар чунин навиштаҷотеро диданд: "Ин мардҳо, ҷои кори хубе доранд".
Яке аз он ду духтар гуфт: Ҷои кораш хуб, аммо биё боз болотар меравем, ки онҳо чи гунаанд? Пас ба табақаи болоӣ расиданд.
Болои дари табақаи дуввум навишта буд: "Ин мардҳо, ҷои кори хуб бо маоши зиёд доранд".
Духтар гуфт: Оҳ, бисёр олӣ, аммо биё боз болотар меравем.
Табақаи сеюм: "Ин мардон ҷои кори хуб, маоши олӣ ва чеҳраҳои зебо доранд".
Духтар: Ваҳ, чи қадар олӣ. Вале бояд боз болотар равем.
Табақаи чаҳорум: Ин мардон ҷои кори хуб, маоши оли ва чеҳраҳои зебо доранд ва дар корҳои хона низ ба шумо кӯмак мекунад ва ҳамчунин дар зиндагӣ ҳадафҳои беҳтарин доранд.
Он ду духтар, ки хеле ба ваҷҳ омада буданд, бо худ гуфтанд: Воқеан маркази ҷодуӣ. Дар табақаи охир чи чизе мумкине бояд моро мунтазир бошад? Пас онҳо ба табақаи охир низ баромаданд.
Дар табақаи охир навишта шуда буд: Ин табақа фақат барои исботи ин аст, ки занҳо ҳеҷ гоҳ розӣ шуданӣ нестанд. Аз ин, ки ба маркази мо ташриф овардед, ташаккур мекунем ва ба шумо рӯзи хуш мехоҳем.)))