Репост из: ДУРДОНАИ ШАРҚ
САФАР БА ҲИНДУСТОН
Сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ-илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Асадуллоҳ Исмоилзода барои иштирок дар анҷумани байналхалқии "Равобити нави адабию фарҳангии Ӯзбекистон ва Ҳиндустон" дар ҳайати намояндагии Ӯзбекистон ба шаҳри Деҳлӣ раҳсипор шуд.
Рӯзи 21-уми январ дар шаҳри Агра анҷуман кори худро оғоз мекунад ва рӯзи 23-уми январ бошад, дар Деҳлии нав дар Донишгоҳи байналхалқии Деҳлӣ ин анҷуман идома меёбад. Дар ин анҷуман тақдимоти китобҳо ва мушоираю суҳбатҳои адабӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус сурату наворҳои ҷолибро пешниҳод менамоем.
Асалой САРХАТЗОДА
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 @DURDONAI_SHARQ