ХАЙРА МАҚДАМ СОЛИ НАВ!❄️❄️❄️Ҳалқа бар дар мезанад дар гирди олам Соли нав,
Даст пеши бар бигӯям: “Хайра мақдам, Соли нав!”
Зери по густурда пойандози симине зи барф,
Мерасад монанди меҳмони мукаррам Соли нав.
Пешвозаш дода оро арчаҳоро чун арӯс,
То ки бандад кӯч аз дил ғуссаву ғам, Соли нав.
Субҳи истиқлол оварда насими ҷонфизой,
Бишкуфад з-он ғунчаҳои бахти одам, Соли нав.
То ба кай бо чормағзи пуч доман пур кунем,
Кай амал гардад зиёду ҳарзаҳо кам, Соли нав?
Аз қудумаш дар ҷаҳони пуртазоди дидҳо,
Хавфи ҷанг, эй кошкӣ, мехӯрд барҳам Соли нав.
Бар шумо, эй ҳамзаминон, соф бодо осмон,
Комронӣ, рӯзгори нек хоҳам Соли нав!
❄️❄️❄️Бо ҳазорон ҷилва ояд Соли нав,
Шодӣ бар шодӣ физояд Соли нав.
Арчаосо сабзҷонӣ бахшад он,
Ҳадя ишқи нав намояд Соли нав.
Барфу боронҳо намонад чангу гард,
Занг аз дилҳо зудояд Соли нав.
Пок шӯяд кинаҳо аз синаҳо,
Сулҳу осоиш гарояд Соли нав.
Роҳҳоро баҳри мо созад сафед,
Бахти моро дар кушояд Соли нав.
Аз муаммоҳою мушкилҳои мо,
Во намояд уқда шояд Соли нав.
Баҳри он дастурхон оростем,
Хушқадам меҳмон даряд Соли нав.
✍🏻 АБДУЛЛО РАҲМОН👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:
Telegram |
Facebook |
Омўзгори тоҷик