#Меҳмон
РАССОМИ ОРЗУ
Рассоми орзуяму армон кашидаам,
Акси туро ба зарварақи ҷон кашидаам.
Яъне тамоми ҳодисаҳоро ба шеъри худ,
Бо ҳарфҳои бесару сомон кашидаам.
Донӣ чаро зи дасти дилам хун чакидааст,
Ман хорро зи пойи мағелон кашидаам.
Дар шавқи ту, ки сӯхтаам, рӯи дафтарам
Бо рангҳои гарм зимистон кашидаам.
Чун муждае зи омадани ёрам омадӣ,
Эй шаб, туро сафеду дурахшон кашидаам.
Он гуна поку софу мубарроӣ, эй азиз,
Акси туро ба дафтари борон кашидаам.
Дигар ғазал зи дасти хаёли ту сар надод,
З-ин рӯ ба силки қофия паймон кашидаам.
Баҳроми РАҲМАТЗОД,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
t.me/durdonai_sharq
РАССОМИ ОРЗУ
Рассоми орзуяму армон кашидаам,
Акси туро ба зарварақи ҷон кашидаам.
Яъне тамоми ҳодисаҳоро ба шеъри худ,
Бо ҳарфҳои бесару сомон кашидаам.
Донӣ чаро зи дасти дилам хун чакидааст,
Ман хорро зи пойи мағелон кашидаам.
Дар шавқи ту, ки сӯхтаам, рӯи дафтарам
Бо рангҳои гарм зимистон кашидаам.
Чун муждае зи омадани ёрам омадӣ,
Эй шаб, туро сафеду дурахшон кашидаам.
Он гуна поку софу мубарроӣ, эй азиз,
Акси туро ба дафтари борон кашидаам.
Дигар ғазал зи дасти хаёли ту сар надод,
З-ин рӯ ба силки қофия паймон кашидаам.
Баҳроми РАҲМАТЗОД,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
t.me/durdonai_sharq