🚗Суғд. 4 рӯз ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо маҳдуд мешавад
Дар вилояти Суғд ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз 4 рӯз роҳҳо баставу ба ҳаракати нақлиёт маҳдудиятҳо ҷорӣ мешавад. Зеро дар тантанаҳои Наврӯзӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, иштироки сарони се давлат- Тоҷикистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон дар назар аст.
Дар робита ба ин, мақомот аз ронандагон хостаанд, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаркати мошинҳо дар роҳҳои зикршуда бе зарурият ба роҳ набароянд.
pressa.tj
Дар вилояти Суғд ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз 4 рӯз роҳҳо баставу ба ҳаракати нақлиёт маҳдудиятҳо ҷорӣ мешавад. Зеро дар тантанаҳои Наврӯзӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, иштироки сарони се давлат- Тоҷикистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон дар назар аст.
Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки мувофиқи нақшаи Ҳукумати кишвар, сафари кории меҳмонони олиқадр ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст. Аз ин хотир, аз 29-уми март то 1-уми апрел ин роҳҳо баста хоҳанд буд.
29 март
кӯчаҳои маркази шаҳри Бӯстон то даромади ҷамоати Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки “Ғафуров”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Ғафуров”,кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди “Гулистон-Дадобой Холматов”.
30 март
кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Ғафуров”, кӯчаҳои “Исмоили Сомонӣ”, “Раҳмон Набиев”, “25-солаги Истиқлолият”, то минтақаи озоди иқтисодии маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд. Ҳамзамон роҳҳои даромад ба минтақаҳои аввали вилояти Суғд яъне шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” дар ҳудуди ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, кӯчаҳои марказии ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дидбонгоҳи “Сесанга”-и шаҳри Бӯстон, роҳи автомомобилгарди “Конибодом-Деҳмой” аз самтҳои шаҳрҳои Исфара ва Конибодом дар ҳудуди ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” аз самти ноҳияи Мастчоҳ, шаҳри Истиқлол, шаҳраки “Сайҳун” ва ҷамоати деҳоти “Чашмасор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”, роҳи “Дадабой Холматов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз самти ноҳияи Ашт ва шаҳри Гулистон то санаи 31 марти соли 2025 ба пурраги маҳдуд карда мешавад.
31 март
кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Ғафуров”, кӯчаҳои маркази шаҳрҳои Бӯстон, кӯчаҳои “Исмоили Сомонӣ”, “Камоли Хуҷандӣ”, “Солеҳ Раҷабов”, “Раҳмон Набиев”, “Раҳим Ҷалил”, “Рифат Ҳоҷиев” ва “25 солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳамшафати роҳҳои зикргардида таваққуф ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъиян манъ карда мешавад.
1 апрел
кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Ғафуров”, кӯчаҳои маркази шаҳрҳои Бустон, ва деҳаи “Шоҳқадамбулоқ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Дар робита ба ин, мақомот аз ронандагон хостаанд, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаркати мошинҳо дар роҳҳои зикршуда бе зарурият ба роҳ набароянд.
pressa.tj