💬
Қирғизистон Шартномаи марзи Тоҷикистон ва созишномаҳои роҳ ва чорроҳаҳоро тасвиб кардПрезиденти Қирғизистон, Содир Жапаров, қонун дар бораи тасвиби Шартномаи марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки 13 март дар Бишкек ба имзо расида буд, имзо намуд. Дар заминаи тасвиби шартнома, ӯ инчунин ду созишномаи дигарро ба тасвиб расонид, ки яке ба манобеи обу энергия ва дигаре ба сохтмон ва истифодаи роҳҳо марбут аст.
Тавре сомонаи расмии роҳбари Қирғизистон хабар медиҳад, Шартнома ба ҳаракати бемонеаи шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт, ҳамлу нақли бор ва рушди иқтисод байни ду кишварро пешбинӣ мекунад. Гузаргоҳҳои “Дача-Капчигай” ва “Мин-Орук-Самарқандак” ҳамчун шоҳроҳҳои бетараф истифода хоҳанд шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар истифодаи шоҳроҳҳо мутаносибан масъул хоҳанд буд.
Ҳамчунин, дар созишнома чорроҳаҳои шоҳроҳи Ӯш-Раззоқов ва Исфара-Ворух бо мақоми бетараф дар назар гирифта шудааст, ки ҳар ду кишвар дар истифодаи онҳо баробар масъул хоҳанд буд.
Парлумони Қирғизистон санадҳои марбутро 19 март тасвиб намуд. Пас аз тасвиби шартнома ва созишномаҳо, Қирғизистон тартиботи дохилии марзи ду кишварро пурра иҷро кард, ва акнун Тоҷикистон бо имзои қонуни алоҳида бояд онро расман тасвиб кунад.
Ёдовар мешавем, ки 13 март дар Бишкек Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ва Президенти Қирғизистон, Содир Жапаров, созишномаи ниҳоии марзи давлатиро имзо карданд ва бо ин ташаббус ду гузаргоҳи марзӣ, ки беш аз 4 сол баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд.