МЕҲРОхири фасли тирамоҳ. Ҳаво сард буд ва шамоли сарсарӣ мевазид.
– Модарҷон, биёед, поятонро шӯем, – хоҳиш карданд бародарон.
– Оббо, боз ҳамин кор... – норозиёна гуфт модар. –
Тирнет баромаду бало шуд. Тинҷиям аз байн рафт.
– Не нагӯед, модарҷон! – илтиҷоомез гуфтанд писарон. – Бори охир!
Модар ноилоҷ розӣ шуд. Ҳавлӣ баромада, дар чорпоя нишаст.
Писарон зуд лагандро аз оби водопровод пур карда оварданд. Бародару додар
бо навбат пойи модарро “шуста”, чор-панҷтоӣ акс гирифтанд: беҳтаринашро дар интернет мегузоранд. “Фотосессия” анҷом ёфт ва онҳо аз кори худ мамнун ҷониби хона шитофтанд.
Пойи модар дар оби сард ях карда бошад ҳам, шод буд.– Ҳа-а, меҳрубонони худам-а!
©️
Байрам Оға👉👉👉 Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
ФАРИДУН.
#ахлоқ
Ба гурӯҳ ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
https://t.me/Farhodzod