САБАБҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД
Солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон яке аз рукнҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи беморони диабети қанд қариб ба 65 ҳазор нафар расида, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ дар соли 2023 ба 787 нафар баробар гардидааст.
Ғадуди зери меъда яке аз ғадуди омехтаи секретсияи дохилӣ мебошад. Секретсияи берунии хориҷкунандаи он ба синтези як қатор ферментҳои ҳозима? хусусан амилаза, липаза, трипсин, химотрипсин, карбоксилтидаза, аминопептидаза ва ғайра мусоидат мекунад, ки онҳо ба воситаи шираи зери меъда ва ба рудаи дувоздаҳангушта ворид мешавад. Функсияи секретсияи дохили хориҷкунандаро ҷазираҳои панкреатитӣ иҷро мекунанд, онҳо аз гурӯҳҳои ҳуҷайраҳои гуногун иборат мебошанд. Ин ҳуҷайраҳоро баъзан ҳормонҳое ҳосил мекунанд, ки онҳо таъсири муқобили якдигарро зоҳир менамоянд. Ҳамин тавр дар а ё (α)- ҳуҷайраҳои ҷазираи Лангерганс ҳормони глюкагон, дар в ё (β)-ҳуҷайраҳо инсулин, дар D-ҳуҷайраҳо соматостатин ва дар F-ҳуҷайраҳо бошад полипептиди панкреатидӣ он қадар пурра омухтанашуда ҳосил мешавад. Ҳормони инсулин барои фаъолияти организм аҳмияти бениҳоят муҳим дорад.
Инсулин номи худро аз номи мавқеъе, ки ҳосил мешавад, ҷазираи панкреатити (аз лотини insula-ҷазира) гирифтааст, ки ин якумин сафедае мебошад, ки ҳанӯз Ф.Сэнгер соли 1954 структураи якумини онро муайян намуда буд. Дар намуди тоза инсулинро соли 1922 ҷудо карда гирифтанд, пас аз он, ки Ф.Бантинг ва Ч.Бестом мавҷуд будани онро дар таркиби экстракти ҷазираи панкреатит муайян намуда будаанд. Молекуллаи инсулин аз 51 боқимондаи аминокислотаҳо, ду занҷири полипептидӣ байни ҳамдигарро, ки ба воситаи ду банди дисулфидӣ пайваст шуда, иборат аст. Ҳосилшавии инсулин дар В-ҳуҷайраҳои ҷазираҳои панкреатит ба чунин тартиб: препроинсулин (107 боқимондаи аминокислота), →проинсулин 84 (боқимондаи аминокислота)→ инсулин (51 боқимондаи аминокислота) амалӣ мешавад. Муайян гардидааст, ки а-занҷири инсулин аз боқимондаи 21 аминокислота ва В-занҷир бошад аз 30 боқимондаи аминокислота таркиб ёфтааст. Ғайр аз ин инсулинро дар бисёр озмоишгоҳҳои химиявӣ бо роҳи синтезӣ ҳосил менамоянд. Аз рӯи тартиби химияви инсулини хук ба инсулини одам бештар монанд мебошад, ки дар В-занҷири он дар ҷои 30-юм аминокислотаи аланинро треонин иваз намудааст: нисбат ба инсулини дигар ҳайвонотҳо бошад дар пайдарпайи аминокислотаҳо полипептидӣ бо истиснои ҳолати (-8-10) ҷойгиршавии аминокислотаҳо дар занҷири А дигар фарқияти ҷиддӣ дида намешавад. Инсулини аз проинсулин ҳосилшуда, дар якчанд намуд вуҷуд дошта метавонад, ки онҳо аз ҳамдигар бо фаъолияти биологӣ, хосиятҳои физикавию химиявӣ ва иммунологияшон фарқ мекунанд.
Ду намуди инсулинро фарқ мекунанд:
1) озод, ки бо антиген пайваст шуда, ба якдигар таъсир мерасонад ва дар намуди булурӣ (кристалӣ) гирифта шудааст, ки ба ҳуҷайраҳои бофтаи мушакӣ ва чарбӣ барои аз худкунии глюкоза мусоидат мекунад.
2) пайваста, бо антиген пайваст намешавад, танҳо нисбат ба бофтаҳои чарбӣ фаъол мебошад. Дар айни замон ҳақиқатан мавҷудияти намуди пайвасти он муайян карда шудааст, ки он дар сафедаҳои таркиби зардоби хун ва хусусан дар трансферинҳо ва а-глобулинҳо ҷойгир аст.
Вазни молекулавии намуди пайвасти инсулин 60 000 то 100 000 Да тағйир меёбад. Ғайр аз ин боз мавҷудияти А-инсулин исбот шудааст, ки он аз ду намуди номбурда бо як қатор хосиятҳои физикавию химиявӣ, фаъолияти биологиаш фарқ мекунад ва дар байни онҳо мавқеи мобайниро ишғол намуда, дар ҳолати таъҷилӣ ва зарурии инсулин ба организм ба реаксияи организм ҷавоб медиҳад.
Барои танзими физиологии синтези инсулин консентратсияи глюкозаи таркиби хун нақши асосиро иҷро мекунад. Дар байни инсулин ва консентратсияи глюкозаи таркиби хун мутаносиби роста мавҷуд мебошад.