Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ
ШУТУРМУРҒҲО
Тӯда-тӯда чи маст мерақсанд
Ин шутурмурғҳои саҳроӣ.
Дар пайи донаанду обу ғизо,
Банд дар фитнаҳои дунёӣ.
Дар чаро гоҳ чун шутур дар дашт,
Гоҳ чун мурғчӯҷа дар ҷеғ-ҷоғ.
Хушхироманд, лек бадмастанд
Не ба сар фикр, не ба дилҳо доғ.
Мебарад гоҳ ҳамлае гурге
Бар шутур ё ба мурғи ҳамсоя.
Бешуъурона дар пайи қутанд
Ин шутурмурғҳои бемоя.
Медарад гург синаи мурғе,
Аз шутурмурғҳо на фарёду рев.
Меканад гардани шутур бабре,
Аз шутурмурғҳо на бонгу ғирев.
Нангу номусро куҷо донанд
Ҷонвароне, ки аз пайи нафъанд?
Мекушад, медарад ба кунҷе гург...
Ҷонварон кай ба фикри ҳамнавъанд?!
Дӯст доранд рақсу ромишро,
Рақси марге вале намебинанд.
Бар сари шохае ҳазин, ларзон
Рақси барге вале намебинанд.
Ин шутурмурғҳои саҳроӣ
Ғайри айшу сафо чи медонанд?
Дар ҳарими Худой раққосанд,
Аз ҳарими Ғазо чи медонанд?!
Тошканд, 20 ноябри соли 2024
ШУТУРМУРҒҲО
Тӯда-тӯда чи маст мерақсанд
Ин шутурмурғҳои саҳроӣ.
Дар пайи донаанду обу ғизо,
Банд дар фитнаҳои дунёӣ.
Дар чаро гоҳ чун шутур дар дашт,
Гоҳ чун мурғчӯҷа дар ҷеғ-ҷоғ.
Хушхироманд, лек бадмастанд
Не ба сар фикр, не ба дилҳо доғ.
Мебарад гоҳ ҳамлае гурге
Бар шутур ё ба мурғи ҳамсоя.
Бешуъурона дар пайи қутанд
Ин шутурмурғҳои бемоя.
Медарад гург синаи мурғе,
Аз шутурмурғҳо на фарёду рев.
Меканад гардани шутур бабре,
Аз шутурмурғҳо на бонгу ғирев.
Нангу номусро куҷо донанд
Ҷонвароне, ки аз пайи нафъанд?
Мекушад, медарад ба кунҷе гург...
Ҷонварон кай ба фикри ҳамнавъанд?!
Дӯст доранд рақсу ромишро,
Рақси марге вале намебинанд.
Бар сари шохае ҳазин, ларзон
Рақси барге вале намебинанд.
Ин шутурмурғҳои саҳроӣ
Ғайри айшу сафо чи медонанд?
Дар ҳарими Худой раққосанд,
Аз ҳарими Ғазо чи медонанд?!
Тошканд, 20 ноябри соли 2024