Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ
СОҚИНОМАИ НАСАБНОМА
I
Соқӣ, майи ноби арғувонӣ
Даррез, қадаҳ кунад ҷавонӣ.
Аз қалби хуми муғона даррез,
Бо савти найу чағона даррез!
Даррез, ки ҳуши мастам, эй ёр,
Гардад зи майи муғона ҳушёр.
Сад бор ба ман суол додӣ,
Аз баҳси қадим лаб кушодӣ:
“Саййид” кадому “хоҷа”-аш кист?
Ё фарқ миёни ҳар ду дар чист?
Аз беҳунаре ҳунар чӣ пурсӣ?
Аз бехабаре хабар чӣ пурсӣ?
Ин баҳс куҷову ман куҷоям?
То бар ту ҳақиқаташ намоям.
Ҳоло ки ба ман суол додӣ,
Бо бодаи шавқ ҳол додӣ,
Бо қуввати зеҳну қудрати ақл
Аз аҷз кашида по, кунам нақл:
Як идда ба асли худ бинозанд,
Аз пашшаи хеш пил созанд.
Дар ҷомеъа то мақом ёбанд,
Бо номи бузург ком ёбанд.
Аснод биёваранд дарҳол,
То шарҳ диҳанд бар ту аҳвол:
“Ман ибни фалону беҳмадонам,
З-авлоди шариф хонадонам.
Бояд, ки ба ҳурматам бикӯшӣ,
Аз нуқсу хато-м чашм пӯшӣ!”
Онон, ки ба нақл “хоҷа” ҳастанд,
В-аз бодаи кибр сахт мастанд.
Гоҳе зи балои кибру мастӣ,
Пӯянд раҳе ба худпарастӣ.
Банданд ба номи хеш “Саййид”,
Аз халқ талаб кунанд таъйид.
Посух ба чунин насабгадоён,
Ин гуна бувад дар асл шоён:
Бигзор канор содагиро,
Даъвои сайидзодагиро!
Саййид куҷову хоҷазода?!
Фарзанд куҷову боҷазода?!
Саййид куҷову ту куҷоӣ?
Вақте ки ба қайди “чун-чаро”-ӣ?
Ҳатто ҳам агар сайид будӣ,
З-ин беш на табъу дид будӣ.
Гар маърифату ибодате нест,
Саййидии ту саъодате нест.
Бо кибру ғуруру худситоӣ,
Саййидӣ куҷову ту куҷоӣ?
Сад ҷилва диҳӣ канори минбар,
Бо кибру нифоқу фисқ аксар
Гандум бинамуда ҷав фурӯшӣ,
Бар тафриқа байни халқ кӯшӣ.
Саййидӣ агар ба ту фитода-ст,
Пас, нисфи ҷаҳон сайидзода-ст.
Саййид зи насли Мустафояст,
Авлоди шарифи Муртазояст.
Саййид касест, к-аҳли фардост,
Вораста зи қайди моли дунёст.
Саййид наҷӯяд имтиёзе,
Аз халқ, ки набвадаш ниёзе.
Саййид касест бас фурӯтан,
Дил нарм, вале ирода оҳан.
Саййид касест ходими Ҳақ,
Дар хидмати халқу одами ҳақ...
Вақте ки чунин сифоти тоҳир
Аз ботини ту нагашт зоҳир,
Ботил бувад иддаъо, ки дорӣ,
Шарманда машав чунин ба хорӣ.
Беҳтар, ки ба гӯши хеш маҳкам
Дорӣ сухани Расули акрам:
“Ҳар фард, ки хешро ба ғайрат
Бар ғайри падар бидод нисбат
Бешубҳа бувад, ки куфр варзад,
(В-ин гуна халаф ҷаве наарзад).
Ҳар кас, ки ба қавми ғайр бидҳад
Гар нисбати худ, басо бувад бад.
Омода кунад ба нор худро”.
(Созад ба бало дучор худро).
Дар вожаи “хоҷа” бас тараддуд,
Дар ҳар луғате шавад таваллуд.
Ин “хоҷа”, ки форсии “соҳиб”,
Будаст ба ҳар луғат муносиб,
Бар молики мулку мол хонданд,
Бар соҳиби некҳол хонданд.
Яъне, ба Ҳирот ё Бухоро,
Шуд “хоҷа” насиби шахси доро.
Ҳам шарҳи дигар зи “хоҷа” хонӣ:
“Хоҷа”-ст бузурги хонадоне.
Гар суғдзабон “худоча” мегуфт,
Тоҷик ба садр “хоҷа” мегуфт.
Шарҳи дигаре, ки ҳаст машҳур
Аз “хоҷа”-ву гашта сахт маншур,
Ин буда, ки бар бузурги мактаб
Аз аҳли тариқати мусавваб
Бар муршиду пир “Хоҷа” гуфтанд,
Аз хоҷа насиҳате шунуфтанд.
Шарҳе ба маворидест маншур:
Авлоди Умар ба “хоҷа” машҳур.
Баъзе зи луғот гӯяд ин ҳарф,
Борида чунон ки фасли гул барф:
Масъули ҳарамсарост хоҷа,
Дар хидмати кадхудост хоҷа.
З-он қабл, ки бар ҳарам гузоранд,
Бар хидмати тифлу зан гуморанд,
Он мард ба рӯи тахта карданд,
Бо теғ гирифта ахта карданд.
Бисёр ба ӯ иқоб карданд,
Пас, “хоҷа” ба ӯ хитоб карданд.
Таърифи дигар, ки сахт маҷҳул
Буда-ст мавориде, на маъмул.
Ин буда, ки “хоҷа” шуд саодат,
Бар тифли канизаки сиёдат...
Эй дӯст, сайидзода будан,
Ё хоҷаи хонавода будан
Ҳаргиз нахурад ба ҳеҷ дардат,
Ҳангоми нишот ё набардат.
Кай з-оташи дӯзахат раҳонад,
Ё бурда ба ҷаннатат нишонад?
Саййид мабошу одаме бош,
Аз хоҷа гурезу ходиме бош!
Ходим ба сарои ҳазрати Ҳақ,
Будан чи саодатест барҳақ.
Аз ин ки ба хоҷа банда бошӣ,
Тарсанда ва ё раманда бошӣ,
Дарвеши ҳақир буданат беҳ,
Қонеъу фақир буданат беҳ.
Зеро ки ба хеш хоҷа будан,
Беҳтар зи ғуломи боҷа будан.
II
Соқӣ, ба карам ба ҷоми заррин,
Май рез, раҳо шавад дилу дин.
Бо дину диле, ки хушку холист,
Аҳволи ману ту аҷзнолист.
Аз дину диле, ки ғарқи дунёст ,
Кай манфиъате ба рӯзи фардост?
Соғар ба муроди дил бигардон,
То баҳра баранд некмардон.
Зеро, ки ҷаҳон ба коми мо нест,
Гар ҳаст, ба ғайри ҷоми мо нест.
СОҚИНОМАИ НАСАБНОМА
I
Соқӣ, майи ноби арғувонӣ
Даррез, қадаҳ кунад ҷавонӣ.
Аз қалби хуми муғона даррез,
Бо савти найу чағона даррез!
Даррез, ки ҳуши мастам, эй ёр,
Гардад зи майи муғона ҳушёр.
Сад бор ба ман суол додӣ,
Аз баҳси қадим лаб кушодӣ:
“Саййид” кадому “хоҷа”-аш кист?
Ё фарқ миёни ҳар ду дар чист?
Аз беҳунаре ҳунар чӣ пурсӣ?
Аз бехабаре хабар чӣ пурсӣ?
Ин баҳс куҷову ман куҷоям?
То бар ту ҳақиқаташ намоям.
Ҳоло ки ба ман суол додӣ,
Бо бодаи шавқ ҳол додӣ,
Бо қуввати зеҳну қудрати ақл
Аз аҷз кашида по, кунам нақл:
Як идда ба асли худ бинозанд,
Аз пашшаи хеш пил созанд.
Дар ҷомеъа то мақом ёбанд,
Бо номи бузург ком ёбанд.
Аснод биёваранд дарҳол,
То шарҳ диҳанд бар ту аҳвол:
“Ман ибни фалону беҳмадонам,
З-авлоди шариф хонадонам.
Бояд, ки ба ҳурматам бикӯшӣ,
Аз нуқсу хато-м чашм пӯшӣ!”
Онон, ки ба нақл “хоҷа” ҳастанд,
В-аз бодаи кибр сахт мастанд.
Гоҳе зи балои кибру мастӣ,
Пӯянд раҳе ба худпарастӣ.
Банданд ба номи хеш “Саййид”,
Аз халқ талаб кунанд таъйид.
Посух ба чунин насабгадоён,
Ин гуна бувад дар асл шоён:
Бигзор канор содагиро,
Даъвои сайидзодагиро!
Саййид куҷову хоҷазода?!
Фарзанд куҷову боҷазода?!
Саййид куҷову ту куҷоӣ?
Вақте ки ба қайди “чун-чаро”-ӣ?
Ҳатто ҳам агар сайид будӣ,
З-ин беш на табъу дид будӣ.
Гар маърифату ибодате нест,
Саййидии ту саъодате нест.
Бо кибру ғуруру худситоӣ,
Саййидӣ куҷову ту куҷоӣ?
Сад ҷилва диҳӣ канори минбар,
Бо кибру нифоқу фисқ аксар
Гандум бинамуда ҷав фурӯшӣ,
Бар тафриқа байни халқ кӯшӣ.
Саййидӣ агар ба ту фитода-ст,
Пас, нисфи ҷаҳон сайидзода-ст.
Саййид зи насли Мустафояст,
Авлоди шарифи Муртазояст.
Саййид касест, к-аҳли фардост,
Вораста зи қайди моли дунёст.
Саййид наҷӯяд имтиёзе,
Аз халқ, ки набвадаш ниёзе.
Саййид касест бас фурӯтан,
Дил нарм, вале ирода оҳан.
Саййид касест ходими Ҳақ,
Дар хидмати халқу одами ҳақ...
Вақте ки чунин сифоти тоҳир
Аз ботини ту нагашт зоҳир,
Ботил бувад иддаъо, ки дорӣ,
Шарманда машав чунин ба хорӣ.
Беҳтар, ки ба гӯши хеш маҳкам
Дорӣ сухани Расули акрам:
“Ҳар фард, ки хешро ба ғайрат
Бар ғайри падар бидод нисбат
Бешубҳа бувад, ки куфр варзад,
(В-ин гуна халаф ҷаве наарзад).
Ҳар кас, ки ба қавми ғайр бидҳад
Гар нисбати худ, басо бувад бад.
Омода кунад ба нор худро”.
(Созад ба бало дучор худро).
Дар вожаи “хоҷа” бас тараддуд,
Дар ҳар луғате шавад таваллуд.
Ин “хоҷа”, ки форсии “соҳиб”,
Будаст ба ҳар луғат муносиб,
Бар молики мулку мол хонданд,
Бар соҳиби некҳол хонданд.
Яъне, ба Ҳирот ё Бухоро,
Шуд “хоҷа” насиби шахси доро.
Ҳам шарҳи дигар зи “хоҷа” хонӣ:
“Хоҷа”-ст бузурги хонадоне.
Гар суғдзабон “худоча” мегуфт,
Тоҷик ба садр “хоҷа” мегуфт.
Шарҳи дигаре, ки ҳаст машҳур
Аз “хоҷа”-ву гашта сахт маншур,
Ин буда, ки бар бузурги мактаб
Аз аҳли тариқати мусавваб
Бар муршиду пир “Хоҷа” гуфтанд,
Аз хоҷа насиҳате шунуфтанд.
Шарҳе ба маворидест маншур:
Авлоди Умар ба “хоҷа” машҳур.
Баъзе зи луғот гӯяд ин ҳарф,
Борида чунон ки фасли гул барф:
Масъули ҳарамсарост хоҷа,
Дар хидмати кадхудост хоҷа.
З-он қабл, ки бар ҳарам гузоранд,
Бар хидмати тифлу зан гуморанд,
Он мард ба рӯи тахта карданд,
Бо теғ гирифта ахта карданд.
Бисёр ба ӯ иқоб карданд,
Пас, “хоҷа” ба ӯ хитоб карданд.
Таърифи дигар, ки сахт маҷҳул
Буда-ст мавориде, на маъмул.
Ин буда, ки “хоҷа” шуд саодат,
Бар тифли канизаки сиёдат...
Эй дӯст, сайидзода будан,
Ё хоҷаи хонавода будан
Ҳаргиз нахурад ба ҳеҷ дардат,
Ҳангоми нишот ё набардат.
Кай з-оташи дӯзахат раҳонад,
Ё бурда ба ҷаннатат нишонад?
Саййид мабошу одаме бош,
Аз хоҷа гурезу ходиме бош!
Ходим ба сарои ҳазрати Ҳақ,
Будан чи саодатест барҳақ.
Аз ин ки ба хоҷа банда бошӣ,
Тарсанда ва ё раманда бошӣ,
Дарвеши ҳақир буданат беҳ,
Қонеъу фақир буданат беҳ.
Зеро ки ба хеш хоҷа будан,
Беҳтар зи ғуломи боҷа будан.
II
Соқӣ, ба карам ба ҷоми заррин,
Май рез, раҳо шавад дилу дин.
Бо дину диле, ки хушку холист,
Аҳволи ману ту аҷзнолист.
Аз дину диле, ки ғарқи дунёст ,
Кай манфиъате ба рӯзи фардост?
Соғар ба муроди дил бигардон,
То баҳра баранд некмардон.
Зеро, ки ҷаҳон ба коми мо нест,
Гар ҳаст, ба ғайри ҷоми мо нест.