СОЯДАСТИ ДӮСТ
23 августи соли равон, замони баргузории ҳамойиши байналмилалии илмии "Сӯх дар остонаи Ренессанси севвум" дар Тошканд бо адабиётшиносони шинохтаи тоҷик, профессорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Матлубаи Мирзоюнус ва Умеда Ғаффорова, ки солҳо боз ҳамкорӣ ва дӯстии ғоибона доштем, саъодати ошноии ҳузуриро пайдо кардем. Аз ин хоҳарони меҳрубон ва ин донишмандони мумтоз чанд китоби арзишманд ба ман туҳфа шуд, ки мояи ифтихор ва саъодат буд. Яке аз он китобҳо китоби ҳаҷиме буд бо номи "Ситораи олами ховаршиносӣ", ки ба муносибати 60 мин баҳори хоҳари азизам, доктори илмҳои филология, профессор Умеда Ғаффорова ҳамин сол дар Хуҷанд мунташир шудааст. Зимнан, ба эшон умри дарозу тани сиҳат ва дидани бахту саъодати фарзандону наберагони ширинро таманно мекунам.
Арзиши дигари ин китобҳои эҳдоӣ, соядасти мубораки онҳост.
...Оре, соядасти дӯст ҳамеша муборак аст...
Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ
Telegram.me/Jafar_Muhammad_Termizi