* Дурдона
АСАД ГУЛЗОДАИ БУХОРИЙ
“ИШҚНОМА”ДАН
Нигоҳи гарми ту сехр асту ҷоду,
Ба мисли дидагони барқи оху.
Ба қалби мурдаам уммед бахшад,
Зи пай дорад ба дил охир ҳаёху.
***
Ало, дилбар, зи ишқат сарфарозам,
Зи лутфи лаҳҷаат ҷонро гудозам.
Табиби ҷисму ҷонам гар ту бошӣ,
Ба ҳар ҷабру ҷафои ту бинозам.
***
Ало, ёрам, куҷой ту, садо кун,
Ба аҳди додаат, ҷонам, вафо кун.
Туро гум кардаму девона гаштам,
Агар маргам расад рӯзе, дуо кун!
***
Агар ту хастай, гирам дар оғӯш,
Навозишҳо намоям аз бару гӯш.
Намехоҳам шавӣ як лаҳза нохуш,
Намесозам ғаматро ман фаромӯш.
***
Ало, дилбар, ту ҳастӣ ғампарастам,
Ҳама нозу нузатро мепарастам.
Ту охир баҳри ман танҳову якто,
Ба ишқи поки ту ман қоил астам.
***
Ту ҳастӣ сарпарасти кӯдаконам,
Ту ҳастӣ шамси тобони маконам.
Агар бе ту бимонам, бенишонам,
Ба чашмам хира тобад ду ҷаҳонам.
Уланиш учун: https://t.me/Buxoro_adiblari
АСАД ГУЛЗОДАИ БУХОРИЙ
“ИШҚНОМА”ДАН
Нигоҳи гарми ту сехр асту ҷоду,
Ба мисли дидагони барқи оху.
Ба қалби мурдаам уммед бахшад,
Зи пай дорад ба дил охир ҳаёху.
***
Ало, дилбар, зи ишқат сарфарозам,
Зи лутфи лаҳҷаат ҷонро гудозам.
Табиби ҷисму ҷонам гар ту бошӣ,
Ба ҳар ҷабру ҷафои ту бинозам.
***
Ало, ёрам, куҷой ту, садо кун,
Ба аҳди додаат, ҷонам, вафо кун.
Туро гум кардаму девона гаштам,
Агар маргам расад рӯзе, дуо кун!
***
Агар ту хастай, гирам дар оғӯш,
Навозишҳо намоям аз бару гӯш.
Намехоҳам шавӣ як лаҳза нохуш,
Намесозам ғаматро ман фаромӯш.
***
Ало, дилбар, ту ҳастӣ ғампарастам,
Ҳама нозу нузатро мепарастам.
Ту охир баҳри ман танҳову якто,
Ба ишқи поки ту ман қоил астам.
***
Ту ҳастӣ сарпарасти кӯдаконам,
Ту ҳастӣ шамси тобони маконам.
Агар бе ту бимонам, бенишонам,
Ба чашмам хира тобад ду ҷаҳонам.
Уланиш учун: https://t.me/Buxoro_adiblari