Дар шаҳри Конибодом боз чор касро куштаанд
Шаби 15-уми декабр дар шаҳри Конибодом чор каси дигар кушта шудаанд. Инҳо аъзои ду оила ҳастанд. Ҳодиса 15-уми декабр дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғонча) рух додааст.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомот ва ҳам сокинон гуфтанд, ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар ва ду каси дигар модару писар буданд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва ҳамсараш Зарнигори 28-сола будаанд. “Аз инҳо се фарзанд ятим монд, шаби ҳодиса онҳоро накуштаанд,”-афзуд манбаи Озодӣ.
Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, афроди номаълум шаби гузашта Ойиша Шокирова 70-сола ва писари 44-солааш Ҷавлон Шокировро ҳам ба қатл расониданд.
Мақомот то ин лаҳза дар бораи ин ҳодиса ҳеч шарҳе надодаанд. Деҳаи Ҳисорак ё собиқ Қурғонча, як деҳаи хурде дар наздикии маркази шаҳри Конибодом аст.
Баъд аз моҳи марти имсол, дар бораи кушта шудани аъзои дастикам ҳашт оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ангезаи кушторҳо норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд.