Шахлои Гулхоча


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: Блоги


Канали хос барои хабархои нав ва наворхои мардуми

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
Блоги
Статистика
Фильтр публикаций


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Ҷасади зани тоҷикро дар ҷангал пайдо карданд.
Кормандони кофтукови ҷиноии рӯзи 17-уми феврал ҷасади як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро дар ҷангал дар наздикии деҳаи Романовкаи ноҳияи Гатчина пайдо карданд. Зан тақрибан дусад метр дуртар аз роҳ хобида буд ва дар манаҳаш сӯрохи намоёне дошт. Сабаби дақиқи маргро ташхиси тиббӣ муайян хоҳад кард.

Ҷустуҷӯи зан баъди он оғоз шуд, ки бародари 25-солааш дар авоили моҳи феврал ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кард. Хешовандон дар манзиле дар кӯчаи Димитроваи шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекарданд. Ба гуфтаи бародараш, апаи ӯ ки дар магоза кор мекардааст, шоми 1-уми феврал аз кор баромада, ба хона наомадааст.

Кумитаи тафтишотии ноҳияи Фрунзе дар робита ба одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Ҳамчун гумонбар шаҳрванди 40 солаи Тоҷикистон дар ҷустуҷу эълон шуд.Аммо у тавонистааст ба ватан фирор кунад.Ба гуфтаи тафтишот гумрнбарро дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ боздошт карданд.

У дар рафти бозпурсӣ иқрор шудааст,ки ин занро рузи 2 феврал куштааст.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Боаҳмият бошед!!!


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Боз як муҳоҷир аз 16-ум ошенаи сохтмон ба замин афтодааст.Ҳодиса дар Мытищи рух дод.Ба эҳтимоли зиёд муҳоҷир зодаи Узбекистон аст.


Санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ, як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, дар заминаи нофаҳмиҳои лафзӣ Бобоев М., сокини 29-солаи н.Деваштичро мавриди латукӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт донишҷӯёни курси дуюми донишгоҳи мазкур Юсупов А., Сайитов Ҷ., Шомуродов Х., Бабакулов И., Икромзода А., ва Самадов Ш. дастгир карда шуданд.
Барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати ҳамаи иштирокчиёни муноқиша бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Точикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар кадоме ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

@dushanbe_police_tj




Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Имрӯз, 7-уми феврал нахустин парвози ҳавопаймо дар масири “Душанбе-Рашт-Душанбе” дар замони истиқлолият анҷом ёфт. Дар ин бора аз ширкати “Тоҷик-Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ҳавопаймо аз ҳарду ҷониб бо 17 мусофир парвоз кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, парвоз аз ҳарду ҷониб 30-дақиқаӣ давом кардааст.
“Ҳавопаймо аз Душанбе соати 14:35 парвоз карда, соати 15:05 ба фурудгоҳи Рашт фуруд омад. Аз ҷониби Рашт бошад, соати 15:40 парвоз карда, соати 16:10 ба Душанбе расид”, - гуфтанд аз ин ширкат ба “Азия-Плюс”.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Зоирова М. сокини 19-солаи шаҳри Душанбе, ки аз 18-уми январи сол ҷорӣ аз хона баромада бедарак ғайб зада буд, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар н.Фирдавсӣ пайдо карда шуда. Ҳодисаи бедаракшавии номбурда, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси ба миён омадани вокунишҳои зиёд гардид, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

@dushanbe_police_tj


Баъзе пойгоҳҳои хабарӣ номи ҳафт маҳбуси кушташуда дар зиндони Ваҳдатро нашр кардаанд:

Ҳасанов Суҳроб Сафармадович
Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович
Тилабов Али Тилабович
Орузев Шаҳзод Ҷамшедович
Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич
Ҷураев Маҳмадшариф Бобомуродович
Давлатов Фарҳод Саймаҳмадович


Ҳодиса дар зиндони Ваҳдат. 3 маҳбус кушта ва 3 зиндонбон захмӣ шудаанд

Дар ҳодисае дар зиндони рақами 3/2 дар шаҳри Ваҳдат, ки мақомот онро "ҳуҷуми ҳалокатбор" номидаанд, се маҳбус кушта ва се муҳофиз захмӣ гаштаанд. Ҳодиса рӯзи 3-юми феврал иттифоқ уфтодааст.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
18+Садамаи даҳшатнок дар роҳи Қазоқистон.Навор лаҳзаҳои даҳшатнок дорад.


Мардеро,ки нусхаи Қуръонро сузонда буд,паррондаанд.Ҷасади Салвон Момикро 29-уми январ дар манзилаш пайдо кардаанд.
Салвон Момик аз Ироқ, ки дар Шветсия зиндагӣ мекард, дар беруни калонтарин масҷиди Стокҳолм як нусхаи китоби Қуръонро зери по кард ва чанд саҳифаи онро даронда ва сӯзонда буд.

Имрӯз додгоҳ мебоист дар мавриди парвандаи Момик ҳукм эълон мекард. Ӯ ба барангехтани адовати миллӣ муттаҳам мешуд.


ВКД дар ш.Душанбе, Шафиева Наргис сокини 38-солаи пойтахтро дастгир намуданд.
Номбурда манзили истиқоматии худро, ки дар кӯчаи Н.Махсум ҷойгир аст, ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон барои иҷрои амалҳои шаҳвонӣ шароит фароҳам сохтааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.
@dushanbe_police_tj


Эрон виза бо Тоҷикистонро бекор кард

Расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки ин кишвар раводид бо Тоҷикистонро аз рӯзи 3-юми феврали имсол бекор мекунад.
Қарори Шӯрои вазирони Эрон дар бораи бекор кардани раводид бо Тоҷикистон ба муддати то 30 рӯз тасвиб шудааст. Ба қавли манбаъ, сафари бидуни раводид танҳо аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ имконпазир аст.
Пештар шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон метавонистанд танҳо аз тариқи хатсайри Душанбе-Теҳрон бидуни раводид ё виза сафар кунанд. Барои сафар ба дигар шаҳрҳои Эрон, раводид талаб мешуд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи бекор шудани низоми раводид бо Эрон расман хабар надодаанд. Ҳарчанд раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми январ ва дар ҷараёни сафари ҳамтои эрониаш Масъуд Пизишкиён ба Душанбе гуфта буд, тарафдори аз байн бурдани раводид бо Эрон аст.
Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид бори авввал дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Дар ҳавои Вашингтон як чархболи низомӣ ба ҳавопаймои мусофирбар бархурдааст.Бархурд дар наздикии фурудгоҳи миллии Рейган ба амал омадааст.Ба навиштаи расонаҳо дар дохили ҳавопаймо 60 мусофир қарор доштанд.Чархболи низомӣ се сарбоз доштааст.Феълан фурудгоҳи Вашингтон барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо баста шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо, наҷотдиҳандагон ҳадди аққал 4 нафари зиндамондаро пайдо ва ба беморхона бурдаанд.

Ҳавопаймо ба дарёи Потомак дар наздикии фурудгоҳ афтодааст. Дар он ҷо ҷустуҷӯҳо идома доранд.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Як муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Надимскии Русия мошин пахш карда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.Бемористон муҳоҷири маҷруҳро ҳатто қабул накарда гуфтааст,дар хона муолиҷа бигирад ва баъди 2 ё се моҳ ба пой мехезад😔






Бо Фармони Президенти Тоҷикистон Бек Сабур,аз вазифаи раиси Хадамоти алоқа барканор ва Исфандиёри Саъдулло раҳбари нави ин ниҳод таъин гардид.


Идомаи рейд дар Тёплый Стан


Як корбари мо бо фиристодани ин навор гуфт, Қорӣ Бурҳониддин аз ноҳияи Ёвон рузи ҷумъа баъди амри маъруфаш ҳангоми азон ба саҷда рафта ҷон бар Ҳақ супорид.
Худованд раҳмат кунад ва макони охираташро биҳишт гардонад🤲

Показано 20 последних публикаций.