Репост из: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
#Модари_бемор...
Худовандо, биё, ҷони маро гир,
Варо доруи дарди модарам кун.
Ҳама ин заҳру зардоби танашро,
Иваз бо хуни поки ҷигарам кун.
Рухи зардаш маро обу адо кард,
Биларзонад дилам табларзаи ӯ.
Надорам тоқати дигар худоё,
Бидеҳ дарди варо бар бачаи ӯ.
Худовандо! Ба ин рӯи муборак,
Сафеду сурхиаш бахшо дигарбор.
Ҳамин маъсумаи муштипаратро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Бимон ҳар субҳидам боз аз ҳама пеш,
Чароғи хонаашро дар гиронад.
Бимон то ҳар саҳар аз рӯи одат,
Ба мо зардолуобашро чашонад.
Худовандо, чй суд аз рафтани ӯ,
Ки ин хоки сияҳ серӣ надонад.
Бимон серӣ бубинам модарамро,
Бимон, то модарам бо мо бимонад...
© Масъуди Мирзо.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
Худовандо, биё, ҷони маро гир,
Варо доруи дарди модарам кун.
Ҳама ин заҳру зардоби танашро,
Иваз бо хуни поки ҷигарам кун.
Рухи зардаш маро обу адо кард,
Биларзонад дилам табларзаи ӯ.
Надорам тоқати дигар худоё,
Бидеҳ дарди варо бар бачаи ӯ.
Худовандо! Ба ин рӯи муборак,
Сафеду сурхиаш бахшо дигарбор.
Ҳамин маъсумаи муштипаратро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.
Бимон ҳар субҳидам боз аз ҳама пеш,
Чароғи хонаашро дар гиронад.
Бимон то ҳар саҳар аз рӯи одат,
Ба мо зардолуобашро чашонад.
Худовандо, чй суд аз рафтани ӯ,
Ки ин хоки сияҳ серӣ надонад.
Бимон серӣ бубинам модарамро,
Бимон, то модарам бо мо бимонад...
© Масъуди Мирзо.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM