ПАНДҲОИ БУЗУРГОН


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: не указана


ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!!
"ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР,
НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!".
БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!!
@PANDHOI_BUZURGON

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
не указана
Статистика
Фильтр публикаций




Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram




Ovozi tojik № 15-2025.pdf
2.4Мб
Шумораи  навбатии 15-уми «ОВОЗИ ТОҶИК» аз 19 феврали соли 2025 барои мутолиа пешкаш мегардад.

Тариқи веб-сайти расмии рӯзнома -  ovozitojik.uz  низ метавонед моро пайгирӣ бикунед ва аз навгониҳои муҳимтарини Ўзбекистону ҷаҳон хабардор шавед.

Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат


Репост из: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
#Модари_бемор...

Худовандо, биё, ҷони маро гир,
Варо доруи дарди модарам кун.
Ҳама ин заҳру зардоби танашро,
Иваз бо хуни поки ҷигарам кун.

Рухи зардаш маро обу адо кард,
Биларзонад дилам табларзаи ӯ.
Надорам тоқати дигар худоё,
Бидеҳ дарди варо бар бачаи ӯ.

Худовандо! Ба ин рӯи муборак,
Сафеду сурхиаш бахшо дигарбор.
Ҳамин маъсумаи муштипаратро,
Худоё дар паноҳи худ нигаҳ дор.

Бимон ҳар субҳидам боз аз ҳама пеш,
Чароғи хонаашро дар гиронад.
Бимон то ҳар саҳар аз рӯи одат,
Ба мо зардолуобашро чашонад.

Худовандо, чй суд аз рафтани ӯ,
Ки ин хоки сияҳ серӣ надонад.
Бимон серӣ бубинам модарамро,
Бимон, то модарам бо мо бимонад...

© Масъуди Мирзо.

              ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Репост из: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
📹 #БЕҒАРАЗ_ПАНДИ_МАН...

Овардаанд, ки замоне марде буд, ки ҳар рӯз аз бозор шаш дона нон мехарид, на кам - на беш ва ин тӯли солҳои зиёде давом мекард, касе, ки инро мушоҳида мекард, боре пас аз солҳои зиёд, тоб наоварда аз он мард пурсид: ту чаро ҳар рӯз шаш дона нон мехарӣ?...

             ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


🎧 #БЕҒАРАЗ_ПАНДИ_МАН...

Овардаанд, ки замоне марде буд, ки ҳар рӯз аз бозор шаш дона нон мехарид, на кам - на беш ва ин тӯли солҳои зиёде давом мекард, касе, ки инро мушоҳида мекард, боре пас аз солҳои зиёд, тоб наоварда аз он мард пурсид: ту чаро ҳар рӯз шаш дона нон мехарӣ?...

          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM








Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram


Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online


Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online


Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online
ОДАМИРО АҚЛ ҶОНИ ДИГАР АСТ...

Одамиро шуур тафовут кунонид. Он шууре, ки ба одамӣ қудрати дарк намуданро медиҳад, он шууре, ки ба одамӣ қудрати созиш намуданро бо ҳам медиҳад. Пас, ку он шууре, ки одамиро тафовут кунонид? Ку он шууре, ки одамиро бо ҳам созиш дод?. Хунрезиву харобкориҳо дар Шарқи наздику дар дигар кишварҳо, аз бемориҳо фавтидану аз хунукназариҳо беэътиноӣ карданҳо ин аст магар маҳсули он шуури инсонӣ, маҳсули он ақли инсонӣ?

Умед дорад одамӣ, умед дорад аз ғалабаи ақли одамӣ, умед дорад аз дастболошавии инсонӣ нисбат ба роҳи шайтон, ғалаба кардан аз болои нафси шайтонӣ, барқарор гардидани дўстиву бародарӣ. Умед дорад инсон аз ояндаи рахшон.

Чун Худованд одамиро аз хок офарид ва ба тани беҷони ў бо як нафас ҷон ато намуд, инсон атса зад, ба ҳаракат омад. Худованд ба тамоми малоикону фариштагон амр намуд то онҳо ба инсон сари таъзим фуруд оранд, магар ҷузъ истиснои шайтон. Худованд шайтонро маҷбур намуд то он дар назди инсон сари саҷда фуруд орад. Шайтон дар иродаи худ истодагарӣ мекард ва гуфт: «Инсон аз хок офраида шудааст, ман бошам фариштаам, пас ман чигуна дар назди инсон, ки аз хок офарида шудааст сари таъзим фуруд орам?». Чун Худованд ин суханонро аз шайтон шунид онро аз биҳишт ронд. Пеш аз оне ки Худованд шайтонро аз биҳишт ронад шайтон ба Худованд муроҷиат намуд: «Ба ман рухсат деҳ то дар тани инсон ҷойгир шавам ва бубинем то чӣ андоза аст иродаи инсонӣ». Худованд ба шайтон иҷозат дод.

Аз ҳамон рўз инҷониб шайтон дар тани инсонӣ нуҳуфтааст то оне ўро аз роҳи ҳақ берун кунад. Лекин Худованд ба ҳар як инсон ақл ато намуд, то ў сиёҳро аз сафед фарқ кунад, кирдори худро дарк намояд ва нисбати он баҳо диҳад. Хубро аз бад фарқ намуда, оқибати онро пешбинӣ намояд. Лекин инсон хиёнат кард, хиёнат бар он неъмати бебаҳои ато намудаи Худованд. Яроқро ихтироъ намуд, то ҳамдигарро ба қатл расонанд, майл ба сухани қабеҳ кард, то шахси дигареро озор диҳад, аз роҳи ростӣ ба роҳи шайтони ворид гардид. Дар роҳи шайтонӣ инсон андеша аз он дорад, ки вай инсони замонавист ва чун инсони замонавист вай бояд ҳамин тавр рафтор намояд. Инсонӣ бехабар аз оне, ки бо ин амалаш ў барои худ подошеро муҳаё кардааст, ки ҳар кас тоқати қабул кардани онро надорад.
Магар инсон бо он неъмати ато намудаи Худованд, ки ақлаш ном карданд бузург аст? Магар он неъмати ато намудаи Худованд дар тани инсон ҷони дигар аст? Магар инсон бо он неъмати ато намудаи худованд кор мекарда бошад? Кирдори худро баҳодод мекарда бошад? На, инсон на ҳама вақт бо он неъмате, ки аз барояш Худованд арзонӣ намудааст амал мекунад. Ҳамдигарро озор медиҳад, аз пайи орзуву ҳаваси худ меравад. Магар ин аст он ҷони дигари тани ў? Нафси ў ғолиб аст бар ақли ў. Ў боло гузошт нафси худ аз раияти худ, аз манфиати давлати худ. Онро порааш ном ниҳоданд, ҷиноятҳои иқтисодӣ эътирофаш карданд. Он реша медавонад дар тамоми қишри хоҷагии халқ, реша медавонад дар тамоми самти ҳаёт. Ҷомеаро ба коми худ мекашад. Ку он неъмати бузурги ато намудаи Худованд? Ку он ақлу хирад? Ку он андешаву рафтор?
Таҳқиру тўҳмат, кинаву адоват, ҷангу ҷидол. Магар ҳамаи ин аз пайи нафс нест? Магар ин ранҷу озори дигар нест? Магар ин пешаи шайтонӣ нест? Ку он ақл дар тани инсонӣ то тавонад шахсро аз ин ҷоҳилият, манманиҳои шайтонӣ раҳояш намояд, онро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Одамиро аз роҳи бад гардонад.

T.me/HOJI_MIRZO_ONLINE


Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online
Фақри  худро  пеши  кас  пайдо  макун,

Меҳнати  имрӯзаро  фардо  макун.

Мар   туро   он  кас  ки  ҷисму  ҷон  диҳад,

Ғам  махӯр  охир,  ки  обу  нон  диҳад.

То  ба  кай  чун  мӯр  бошӣ  донакаш,

Гар  ту  мардӣ,  фоқаро  мардона  каш


Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online
Дар  ҷаҳон  донӣ  кӣ  бошад  мӯътабар,

Он  кӣ  ӯро  бок  набвад  аз  хатар.

Кам  кунад  бо  кас  вафо  ин  рӯзгор,

Ҷавр  дорад,  несташ  бо  меҳр  кор .

Он  кӣ  бо  ту  рӯзи  ғам  будаст  ёр,

Рӯзи  шодӣ  ҳам  бипурсаш  зинҳор.

Рӯзи  неъмат  гар  ту  пардозӣ  ба  кас,

Рӯзи  меҳнат  бошадат  фарёдрас.

Чун  биёбӣ  давлате  аз  мустаон,

Андар  он  давлат  бипурс  аз  дӯстон.

Мар  туро  ҳар  кас  ки  ёри  ғам  бувад,

Чун  расад   шодӣ  ҳамон  ҳамдам  бувад.


Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online
Шодии  дунё   саросар  ғам  бувад,

Сури  ӯро  дар  ақиб  мотам  бувад.

Наҳи  “ло  тафраҳ”  зи  дунё  гӯш  дор,

Ҷои   шодӣ   нест  дунё,  ҳуш  дор.

Шодмониро  надорад  дӯст  ҳақ ,

Ин  сухан  дорам  зи  устодон  сабақ.

Эй  писар,  бо  меҳнату  ғам  хӯй  кун,

Рӯи  худро  ҷониби  дилҷӯй  кун.

Гар  фараҳ  дорӣ  зи  фазли  ҳақ  равост,

Лек  аз  дунё  фараҳ  ҷустан  хатост.

Ҳузну  андӯҳ  аст  қути  бандагон,

Ғам  шавад  ёри  фараҳ  ҷуяндагон.

Аз  чӣ  маҷудӣ  бияндеш,  эй  писар,

Ҳар  касе   дорад  ғами  хеш,  эй  писар.

Кард  эзид  мар  туро  аз  нест  ҳаст,

Аз  барои  он  кӣ  бошӣ  ҳақпараст,

То  ту  бошӣ,  бандаи  маъбуд  бош.

Бо  ҳаёю  бо  сахою  ҷуд  бош.


Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online
Ҳаст  зоҳир  се  аломат  дар  шақӣ,

Мехӯрад  доим  ҳаром  аз  аҳмақӣ.

Бетаҳорат  бошаду  бегоҳхез,

Ҳам  зи  аҳли  умум  бошад  дар  гурез  .

Эй  писар,  магрез  аз  аҳли  умум,

То  насӯзад  мар  туро  нори  самум.

То  тавонӣ  ҳеҷ  касро  бад  магӯй,

Пеши  мардум  айби  кас  ҳаргиз  маҷӯй.

Бо  таҳорат  бошу  покӣ  пеша  кун,

В-аз  азоби  гӯр  низ  андеша  кун.


Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online
Аз  худои  хештан  ғофил  мабош,

Ғофилона  дар  раҳи  ботил  мабош.

Ҷои  гиряст  ин  ҷаҳон  дар  вай  маханд,

Чашми  ибрат  баркушою  лаб  бубанд.

Ҳамчу  мӯр  аз  ҳирс  ҳар  ҷое  марав,

Панди  носеҳро  ба  гӯши  ҷон  шунав.

Эй,  писар  кӯдак  наи,  бозӣ  макун,

Кор  бо  шайтон  ба  анбозӣ  макун.

Нафсӣ  бадро  дар  гунаҳ  ёрӣ  мадеҳ,

Умр  барбод  аз  табаҳкорӣ  мадеҳ.

Ҳар  куҷо  тӯҳмат  бувад,  он  ҷо  марав,

Роҳи  ҳақро  ҳамчу  нобино  марав.

Душмане  дорӣ  аз  ӯ  эмин  мабош,

Зери  сақфи  бесутун  сокин  мабош.

Дар  раҳи  фисқу  ҳаво  маркаб  матоз,

Хештанро  сахраи  шайтон  масоз.

Чун   сафар  дар  пеш  дорӣ,  зод  гир,

Умри  худро  сарбасар  бар  бод  гир.

Эй  писар,  андеша  аз  ағлол  кун,

Нафси  бадро  аз  лагад  помол  кун.

То  насӯзӣ,  созкорӣ  пеша  кун,

Аз  азобӣ  қаҳри  ҳақ  андеша  кун.

Ҷумларо  чун  ҳаст  бар  дӯзах  гузар,

Ҷои  шодӣ  нест,  бо  чандин  хатар.

Оташе  дар  пеш  дорӣ,  эй  фақир,

Ҳеҷ  хавфат  нест  аз  нори  саир.

Ақба  дар  роҳаст,  борат  бас  гарон,

Нагзарад  борат  ба  саъйи  дигарон.

Дорӣ  андар  пеш  рӯзӣ  растахез,

Аз  худоят  нест  имкони  гурез.

Эй  писар,  роҳи  шариат  пеша  гир,

Зудтар  тарки  ҳавои  хеш  гир.

Эй  бародар,  бош  дар  фармонӣ  ҳақ,

То  биёбӣ   ҷаннатӣ  ризвонӣ  ҳақ.

Гардан  аз  ҳукми  худоят  бар  матоб,

То  намонӣ  рӯзӣ  маҳшар  дар  азоб.

То  биёбӣ  дар  биҳишти  адн  ҷой,

Шавқат е  бинмой  бо  халқи  худой.

То  диҳандат  ҷой  дар  дуруссалом,

Бо   фақирон  рӯзу  шаб  мадеҳ  таом.

Шод  агар  дорӣ  дарунӣ  хастаро,

Боз  ёби  ҷаннатӣ  дарбастаро.

Ҳар  кӣ   орад  ин  насиҳатро  ба  ҷой,

Дар   ду  олам  роҳаташ  бахшадаш  худой.

Ё  илоҳо,  раҳм  кун  бар  мо   ҳама,

Авф  кун  ҷумла  гуноҳони  ҳама.

Оҷизему  ҷурмҳо  карда  басе,

Нест  моро  ғайри  ту  дигар  касе.

Гар  бихонӣ  вар  биронӣ  бандаем,

Ҳар  чи  фармонӣ  туро  омодаем.

Раҳмати  ҳақ  бод  бар  ҷои  касе,

К-ин  насоҳеро  бихонад  ӯ  басе.

Показано 20 последних публикаций.