Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online
Шодии дунё саросар ғам бувад,
Сури ӯро дар ақиб мотам бувад.
Наҳи “ло тафраҳ” зи дунё гӯш дор,
Ҷои шодӣ нест дунё, ҳуш дор.
Шодмониро надорад дӯст ҳақ ,
Ин сухан дорам зи устодон сабақ.
Эй писар, бо меҳнату ғам хӯй кун,
Рӯи худро ҷониби дилҷӯй кун.
Гар фараҳ дорӣ зи фазли ҳақ равост,
Лек аз дунё фараҳ ҷустан хатост.
Ҳузну андӯҳ аст қути бандагон,
Ғам шавад ёри фараҳ ҷуяндагон.
Аз чӣ маҷудӣ бияндеш, эй писар,
Ҳар касе дорад ғами хеш, эй писар.
Кард эзид мар туро аз нест ҳаст,
Аз барои он кӣ бошӣ ҳақпараст,
То ту бошӣ, бандаи маъбуд бош.
Бо ҳаёю бо сахою ҷуд бош.
Сури ӯро дар ақиб мотам бувад.
Наҳи “ло тафраҳ” зи дунё гӯш дор,
Ҷои шодӣ нест дунё, ҳуш дор.
Шодмониро надорад дӯст ҳақ ,
Ин сухан дорам зи устодон сабақ.
Эй писар, бо меҳнату ғам хӯй кун,
Рӯи худро ҷониби дилҷӯй кун.
Гар фараҳ дорӣ зи фазли ҳақ равост,
Лек аз дунё фараҳ ҷустан хатост.
Ҳузну андӯҳ аст қути бандагон,
Ғам шавад ёри фараҳ ҷуяндагон.
Аз чӣ маҷудӣ бияндеш, эй писар,
Ҳар касе дорад ғами хеш, эй писар.
Кард эзид мар туро аз нест ҳаст,
Аз барои он кӣ бошӣ ҳақпараст,
То ту бошӣ, бандаи маъбуд бош.
Бо ҳаёю бо сахою ҷуд бош.