Репост из: Ҳоҷӣ_Мирзо_Online
Аз худои хештан ғофил мабош,
Ғофилона дар раҳи ботил мабош.
Ҷои гиряст ин ҷаҳон дар вай маханд,
Чашми ибрат баркушою лаб бубанд.
Ҳамчу мӯр аз ҳирс ҳар ҷое марав,
Панди носеҳро ба гӯши ҷон шунав.
Эй, писар кӯдак наи, бозӣ макун,
Кор бо шайтон ба анбозӣ макун.
Нафсӣ бадро дар гунаҳ ёрӣ мадеҳ,
Умр барбод аз табаҳкорӣ мадеҳ.
Ҳар куҷо тӯҳмат бувад, он ҷо марав,
Роҳи ҳақро ҳамчу нобино марав.
Душмане дорӣ аз ӯ эмин мабош,
Зери сақфи бесутун сокин мабош.
Дар раҳи фисқу ҳаво маркаб матоз,
Хештанро сахраи шайтон масоз.
Чун сафар дар пеш дорӣ, зод гир,
Умри худро сарбасар бар бод гир.
Эй писар, андеша аз ағлол кун,
Нафси бадро аз лагад помол кун.
То насӯзӣ, созкорӣ пеша кун,
Аз азобӣ қаҳри ҳақ андеша кун.
Ҷумларо чун ҳаст бар дӯзах гузар,
Ҷои шодӣ нест, бо чандин хатар.
Оташе дар пеш дорӣ, эй фақир,
Ҳеҷ хавфат нест аз нори саир.
Ақба дар роҳаст, борат бас гарон,
Нагзарад борат ба саъйи дигарон.
Дорӣ андар пеш рӯзӣ растахез,
Аз худоят нест имкони гурез.
Эй писар, роҳи шариат пеша гир,
Зудтар тарки ҳавои хеш гир.
Эй бародар, бош дар фармонӣ ҳақ,
То биёбӣ ҷаннатӣ ризвонӣ ҳақ.
Гардан аз ҳукми худоят бар матоб,
То намонӣ рӯзӣ маҳшар дар азоб.
То биёбӣ дар биҳишти адн ҷой,
Шавқат е бинмой бо халқи худой.
То диҳандат ҷой дар дуруссалом,
Бо фақирон рӯзу шаб мадеҳ таом.
Шод агар дорӣ дарунӣ хастаро,
Боз ёби ҷаннатӣ дарбастаро.
Ҳар кӣ орад ин насиҳатро ба ҷой,
Дар ду олам роҳаташ бахшадаш худой.
Ё илоҳо, раҳм кун бар мо ҳама,
Авф кун ҷумла гуноҳони ҳама.
Оҷизему ҷурмҳо карда басе,
Нест моро ғайри ту дигар касе.
Гар бихонӣ вар биронӣ бандаем,
Ҳар чи фармонӣ туро омодаем.
Раҳмати ҳақ бод бар ҷои касе,
К-ин насоҳеро бихонад ӯ басе.
Ғофилона дар раҳи ботил мабош.
Ҷои гиряст ин ҷаҳон дар вай маханд,
Чашми ибрат баркушою лаб бубанд.
Ҳамчу мӯр аз ҳирс ҳар ҷое марав,
Панди носеҳро ба гӯши ҷон шунав.
Эй, писар кӯдак наи, бозӣ макун,
Кор бо шайтон ба анбозӣ макун.
Нафсӣ бадро дар гунаҳ ёрӣ мадеҳ,
Умр барбод аз табаҳкорӣ мадеҳ.
Ҳар куҷо тӯҳмат бувад, он ҷо марав,
Роҳи ҳақро ҳамчу нобино марав.
Душмане дорӣ аз ӯ эмин мабош,
Зери сақфи бесутун сокин мабош.
Дар раҳи фисқу ҳаво маркаб матоз,
Хештанро сахраи шайтон масоз.
Чун сафар дар пеш дорӣ, зод гир,
Умри худро сарбасар бар бод гир.
Эй писар, андеша аз ағлол кун,
Нафси бадро аз лагад помол кун.
То насӯзӣ, созкорӣ пеша кун,
Аз азобӣ қаҳри ҳақ андеша кун.
Ҷумларо чун ҳаст бар дӯзах гузар,
Ҷои шодӣ нест, бо чандин хатар.
Оташе дар пеш дорӣ, эй фақир,
Ҳеҷ хавфат нест аз нори саир.
Ақба дар роҳаст, борат бас гарон,
Нагзарад борат ба саъйи дигарон.
Дорӣ андар пеш рӯзӣ растахез,
Аз худоят нест имкони гурез.
Эй писар, роҳи шариат пеша гир,
Зудтар тарки ҳавои хеш гир.
Эй бародар, бош дар фармонӣ ҳақ,
То биёбӣ ҷаннатӣ ризвонӣ ҳақ.
Гардан аз ҳукми худоят бар матоб,
То намонӣ рӯзӣ маҳшар дар азоб.
То биёбӣ дар биҳишти адн ҷой,
Шавқат е бинмой бо халқи худой.
То диҳандат ҷой дар дуруссалом,
Бо фақирон рӯзу шаб мадеҳ таом.
Шод агар дорӣ дарунӣ хастаро,
Боз ёби ҷаннатӣ дарбастаро.
Ҳар кӣ орад ин насиҳатро ба ҷой,
Дар ду олам роҳаташ бахшадаш худой.
Ё илоҳо, раҳм кун бар мо ҳама,
Авф кун ҷумла гуноҳони ҳама.
Оҷизему ҷурмҳо карда басе,
Нест моро ғайри ту дигар касе.
Гар бихонӣ вар биронӣ бандаем,
Ҳар чи фармонӣ туро омодаем.
Раҳмати ҳақ бод бар ҷои касе,
К-ин насоҳеро бихонад ӯ басе.