Киштие дар баҳр бори савдогаронро интиқол менамуд. Дар роҳ аз вазни бор киштӣ наздик буд ғарқ шавад. Соҳиби киштӣ ба савдогарон амр намуд, ки барои сабук намудани вазни киштӣ қисме аз бори худро ба баҳр партоянд ва интихоби борро ба худи савдогарон ҳавола кард. Савдогарон ба хулосае омаданд, ки тамоми бори яке аз савдогаронро ба баҳр партоянд, зеро ӯ бори зиёд дошт ва савдогари нав буд. Вале он савдогар зиддият нишон дод. Савдогарон ба ғазаб омаданду ҳам худи ӯ ва ҳам борашро ба баҳр партофтанду роҳро давом доданд. Савдогар болои чӯбе баромад ва муддате пас мавҷҳои баҳр ӯро ба ҷазираи беодам партофтанд. Он ҷо аз чӯбу хас хоначае дуруст кард ва аз меваҳои дарахтҳо зиндагии худро мегузаронд. Зиёд ибодат мекард, Парвардигорро шукр мегуфт, ки зинда мондааст ва дуои наҷот мекард.
Чанд рӯз пас шамоли сахте вазид ва аз куҷое коҳи оташгирифтаро оварда, болои хоначаи сохтааш партофт ва он оташ гирифт. Чун ин ҳолро дид, заифии инсонияш боло гирифт ва фиғон кард:
- Эй Парваридигоро! Ман чӣ гуноҳ кардам, ки маро ба ин ҳол гирифтор кардӣ? Ҳамаи борам ғарқи баҳр шуд, худам наздик буд ғарқ шавам. Ҳоло дар ҷазираи беодам мондаам. Як хоначае доштам, ҳамон ҳам оташ гирифт...
Хеле ғамгин шуд ва аз шиддати ғаму гуруснагӣ хобаш бурд. Муддате пас аз садои инсонҳо бедор шуд. Чашм кушода дид, ки киштие назди соҳил истодааст ва барои наҷоти ӯ кӯмак карданист. Шод шуд ва шукри Аллоҳ намуд.
Чун савори киштӣ шуд, аз онҳо пурсид:
- Маро чӣ гуна дарёфтед?
Гуфтанд:
- Албатта, аз дуди он оташе, ки афрӯхтӣ. Хеле хуб кардӣ, ки бо дуд ба мо ишора кардӣ, вагарна аз куҷо медонистем, ки дар ин ҷазира инсоне ҳаст? Шояд ту аз он киштие халос шудӣ, ки чанд рӯз пеш ғарқ шуд?
Чун савдогар оид ба киштии ғарқшуда пурсон шуд, фаҳмид, ки он ҳамон киштиест, ки аз он савдогарон ӯро бо бораш ба баҳр партофта буданд.
Сар ба саҷда гузошту Аллоҳро шукри беадад гуфт, ки дар ин чанд рӯз ӯро се маротиба аз маргу мусибат раҳонидааст.
Аллоҳ ҳар кореро, ки барои банда тақдир мекунад, барояш хайр аст, хоҳ банда дарк намояд ва хоҳ на.
Агар ба мушкилиҳову мусибатҳо дучор шудаӣ, ғамгин машав, шояд он бароят раҳмат бошад.