Ватан
Аз остон то осмон дору надори ман Ватан,
Дар пастиҳои зиндагӣ авҷу барори ман Ватан.
Азбаски дар ин сарзамин сидқу сафо бишнохтам,
Пайванди қалбу ҷону руҳ, оинадори ман Ватан.
Андар машоми ҷони ман бӯи замин бахшидаӣ
Сарманзили гулҳои тар, доимбаҳори ман Ватан.
Ҷисми маро шому саҳар парварди дар домони худ,
Аз ин сабаб чун модари шабзиндадори ман Ватан.
Ҷонам фидои хоки ту, хоки азизу поки ту,
Бӯсидани ҳар заррааш ҳар лаҳза кори ман Ватан.
Аз ҳастиат гаштам басе мисли Саодат бошараф,
Чун ифтихори ман туӣ, номусу ори ман Ватан.
Саодат Сангинова