Қасидаи илм
Зиҳӣ, шамсуззуҳо, бадруддуҷо илм,
Чароғи базмгоҳи ду саро илм.
Кунад хуршед охир зарраеро,
Расонад хокро то бар само илм.
Агарчи аҳли дониш мушти хоканд,
Барад шонро ба авҷи кибриё илм.
Зи хас гул бишкуфонад, метарошад
Зи хоро гавҳари қиматбаҳо илм.
Барад дар садри маҷлис, дар маҷолис
Кунад касро ба мардум пешво илм.
Сафолеро ба чинигӣ расонад,
Кунад кўҳлулҷавоҳир хокро илм.
Кунад ҳар ношиносоро шиносо,
Кунад бегонагонро ошно илм.
Агар шаклат қабеҳу нохуш афтод,
Намояд дар назарҳо дилрабо илм.
Гадоеро зи рўи рутба созад
Ба олам хисраву кишваркушо илм.
Зи иллатҳои рўҳонӣ раҳонад,
Зиҳӣ, фарҳатфизо, ҳуббушшифо илм.
Хилватӣ
@tojik