Репост из: Файзи Ғелон
ПАНДРЕЗА
Дуруд ба ҳама азизон, шоматон ба хайру шодӣ бошад.
Мо - ҳар кадом, бо аҳли оила, барои бо ин ҳафт қоида амал кардан мувофиқат намуда, бояд ҷиҳати вайрон накардани онҳо аҳд бандем:
1. Дар хонаи худ се чизро манъ намоем:
▪️Ғайбатро;
▪️Баҳсу муноқишаро;
▪️Ғаразу кинаро.
2. Дар хонаи худ барои истифодаи се чиз бояд меъёр муайян намоем:
▪️Ба телефон;
▪️Ба интернет;
▪️Ба телевизор.
3. Дар хонаи худ се чизро бардавом иҷро намоем:
▪️Китоб хондан ва тиловати Каломи пок;
▪️Суҳбатҳо ва мубоҳисаҳои илмӣ;
▪️Ҷамоат - сари як мизи дастархон ҷамъ шудану машварат дар умури хонавода.
4. Дар хонаи худ се чизро зиёд намоем:
▪️Дуъоро;
▪️Зикрро;
▪️Тавбаро.
5. Дар хонаи худ се чизро кам кунем:
▪️Пурхӯриро;
▪️Серхобиро;
▪️Суханони беҳудаи бисёрро.
6. Дар хонаи худ ба се чиз эътибор дода, онро кам накунем:
▪️Узрпурсиро;
▪️Ҳурмат намуданро;
▪️Ташаккур гуфтанро
7. Ба хонаи худ бояд се чизро роҳ надиҳем:
▪️Рибо(%) ва пораро;
▪️Пулу моли ҳаромро;
▪️Ҳаққи бегонаро.
▪Дар оилае, ки зан даҳонашро идора карда, мард чашмашро пӯшидааст, дар он ҷо тинҷиву осудагӣ ва амну оромӣ ҳукмфармост.
Умр агар хӯш гузарад, зиндагии Хизр кам аст
В-ар ба талхӣ гузарад, ними нафас бисёр аст...
(Баргирифта аз дафтари Комилҷони Масчоҳӣ)