Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бар асоси шикояти сокинон се ширкати мухобиротиро ҷазо додааст. Мақомот ва намояндагони ширкатҳо суҳбат намекунанд.
Ду манбаи огоҳ дар бахши мухобиротии кишвар бо шарти зикр нашудани номашон рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ширкати “Тселл” 6 миллион сомонӣ, “Мегафон-Тоҷикистон” 5 миллион сомонӣ ва “ТоҷНет” 3 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.
"Сокинон, бахусус аҳолии деҳаҳо пайваста шикоят карданд, ки баъди хомӯш шудани барқ алоқа ва интернет қариб кор намекунад. Пештар ширкатҳои мобилӣ ба Хадамоти алоқа ваъда дода буданд, ки ҳатто дар сурати қатъи барқ ҳам истгоҳҳо кор мекунанд. Санҷиши Хадамоти алоқа нишон дод, ки чанд истгоҳ баъди хомӯш шудани барқ аз кор мемонанд,” -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Мавқеи се ширкате, ки аз сӯи Хадамоти алоқа муҷозот шуданд, маълум нест.