Кормандони милитсияи пойтахт Гулов Далер, сокинони 36-солаи ш.Душанбе, ки тавассути нақлиёти худ ба мусофиркашонии кӯдакони хурдсол ба муасисаҳои таълимӣ машғул буд, дар ҳолати мастӣ дастгир намуданд.
Зимни ташхис муайян карда шуд, ки номбурда мунтазам ба истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи "Метамфетамин" ба истилоҳ "кристалл" машғул шуда, бо идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷони худ ва дигаронро зери хатар гузоштааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Гулов Далер маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.
@dushanbe_police_tj