"Ҷасадро худам шустам." Марги сарбози 20-солаи тоҷик дар қисми низомӣ
Ҷасади Ботир Эргашев, сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ-ро, ки дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хидмат мекард, дар зодгоҳаш - деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов - дафн карданд, аммо суолу тахминҳо дар бораи марги ӯ боқист. Вай 20-сола буд.
Намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ва ҳукумати маҳаллӣ рӯзи 11-уми ноябр ҳангоми супоридани ҷасади Ботир Эргашев ба волидонаш гуфтаанд, ки "ӯ худкушӣ кард". Падараш, Баҳодур Эргашев, иддао дорад, ки дар бадани ҷавон осори латукӯб буд. Додситони ҳарбии Кӯлоб тафтишро шуруъ кардааст.Падари Ботир Эргашев рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз марги мармузи писараш дар як қисми низомӣ то ҳол ба худ наомадааст. Мегӯяд, писараш ҳамагӣ як рӯз пеш аз ҳодиса бо онҳо телефонӣ гап зада буд ва то поёни хидматаш рӯзҳои андак монда буд.
Вай афзуд, дар ҷисми писараш осори латукӯб ва шиканҷаро дидааст.