Дар заминаи муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони милисияи пойтахт, барои мунтазам паҳн намудани наворҳои ғайриахлоқӣ шаҳрванд Мошарифи Амирҳисайн, соли таваллудаш 10.12.1999, сокини ноҳияи Муъминобод дастгир карда шуд. Номбурда дар "Instagram", саҳифаи худро кушода, бо алфози қабеҳу тарғибкунандаи фаҳш, ба шаъну шарафи зан-модар иснод меовард. Ин кирдори ӯ метавонад боиси коста гаштани одобу ахлоқи ҷавонону наврасон гардад.
Бо назардошти кӯдаки ноболиғ доштан, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 20-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1440-сомонӣ таъин карда шуд.
.dushanbe_police_tj
Бо назардошти кӯдаки ноболиғ доштан, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 20-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1440-сомонӣ таъин карда шуд.
.dushanbe_police_tj