Клип ва ё «ачоиблахза» ва ё «томи-чери» дар синамои точик…
Дар панч соли охир дар сохаи санъати точик дигаргунихои зиёде ба амал омаданд.Жанрхои суруду мусики хам шакли замонави гирифта кунун сарояндагон бо услубу шакли дигар месароянд.Аммо клип ин бояд манзарае бошад, ки эхсосоти мисрахои сурудаи сарояндаро тасвир созад. Ба дили шунавандаву бинанда рох ёбад. Имруз насли нав бештар ру ба мусикии репу дигару дигар овардаанд. Вале имрузхо дар дуконхои фитафуруши фиттахое ба чашм мерасанд, ки хам хандаовар асту хам таасуфангез. Масалан ман дируз чор адад фитахоро бо номи «хофизони точик», «ситорахои точик», «очачон», «ятими вафодор " харидори кардам. Вакти мусоид ёфта барои мушохида фиттахоро алохида-алохида тамошо кардам.
Клипи «духтари хушру» ва ду хабаш(негр)
Ачабо, дар аввали клипи консерти духтараки аврупоипушидае чунбон-чунбон гузашта рафту ду чавони сияхпуст аз кучое пайдо шуда бо забони дагалонаи точики гуфтанд: «а духтари хушру, биё шинос шавем», сипас боз аз осмон пайдо шудаги барин чавони точике омада «эй духтари хушру манам ошикат» гуён суруди бемаъное хонд тахти мусики
🐵🐵🐵🐵🐵🐵🐵. Баъдан дар анчом ин сияхпустон омада боз бо хамон точикии дагал гуфтанд: «а бача ту чи хел дили ин духтари хушрура ёфти» ва бо хандаи духтари «хушру» ин клип анчоп пазируфт. Баъди ин клип боз суруди дигар маро ба хайрат овард. Дар ин лахзахои клип чавоне дар дукони фиттафуруши садои сарояндаеро шунида ки будани уро пурсид ва ба у телефон карда худро мухлисаш гуфт. Сипас бо даъвати у ба тарабхонае рафт. Дар ин тарабхона ин «ситора» бо як духтару хамин ду сияхпуст ва дигар навозандахояш нишаста уро интизор буданд. «Ситора» гуфт, ки «ман як садои туро гуш кунам, кани як суруд хон» ба сияхпустхо нигох карда гуфт:
-Телехои ман, кани гуед, ки кадом сурудро сарояд?
-Очачонро –хандида ќох-ќох чавоб доданд сияхпустхои мухофизаш.
Ин «мухлис» бо садои баланд , шабех ба зоѓи аз сармо гурехта🐼🐼🐼🐼🐼 суруди «очачон»-и ин сарояндаро ба таври худаш сароид. Баъди ин ин «ситора» уро тахсин хонда як дуо доду бо хамин клип тамом шуд. Аз бахри тамошои дигар клипхои консертиаш баромадам. Руйи фиттахо хеле бохашамат аксхоро дизайн карда ба фуруш бароварда буданд.
Томи-Чери…
Акнун ба филмхои ба кавле точикии гайрикасби назар мекунем. Фиттаи «Ятими вафодоро» тамошо мекунем.
Дар аввали филм занеро ки маълум аст аз нозукихои синамо тамоман огахи надорад, нишон доданд, ки гиря карда гуё фарзанд мехост. Сипас писарча тавлид ёфту модари у вафот кард. Дар ин байн бо таври номафхум ду чавони дигар пайдо шуда бо садои ба филмхои тасвирї монанд гуфторро оѓоз карданд. Ин лахза писарчаи калониам ки дарс тайёр мекард, гуфт:
-Очачон, худатон мана мултик тамошо намемонеду аммо ин филми «томи-чери»-ро тамошо карда шиштед-ку.
Дар хакикат , лахчаву садои хандаовари онхо ба филми тасвирии томи-чери сахт шабохат дошт. Давоми филм аз хама таъкири руирост буд. Ин ду чавони дехоти ба сахрое рафта яке ба дигаре гуфт:
-Биё, равем , гови хамсояра шираша хурем.
🐘🐘🐘🐘🐘🐘🐘
Харду давида рафта гови бечораро дошта яке шири уро аз пистонхояш мисли гусолача макидан гирифт. Ин лахзаи филм ба дараљае бемаъни, бефаросатона буд, ки хам асаби бинандаро хароб мекарду хам дили касро бехузур месохт. Идомаи филмро дидан дигар маъние надошт. Сахнаи хунар ку аз зиёд шудани ситорахои сари танур сухта хокистар шудааст, аммо акнун синамои точик хам маколи «хофиз манаму бародарам мехонад»-ро ба хотир меорад. Ин филмхои бемаъни кадри фарханги точикро паст мезанад ва бинандаашро ботамом гум хохад кард.
⏫⏫⏫⏫⏫⏫⏫⏫
Шахлои Начмиддин