НОМА БА ДИЛДОР
Бигрифта қалам нома ба дилдор навиштам,
Ғамҳои дили хеш ба такрор навиштам.
Ҷону дили ман сӯхт зи дасти ғами ишқаш,
Бо чашми пуроб аз алами зор навиштам.
Эй номабарам, нома ба он ёр расонӣ,
Гӯ, нома ба ӯ бо дили афгор навиштам.
Он моҳ бирафт аз ману ҳам тарки вафо кард,
Уммеди вафо карда, дигар бор навиштам.
Ин дарди маро нест даво ғайри вафояш,
Аз баҳри даво сӯи вафодор навиштам.
Сӯзад дили ғамдидаи Мафтун зи ғами ёр,
Ғамномаи худ бо дили ғамдор навиштам.*
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
*Илҳом аз ғазали устод Рустами Хомарахш
Бигрифта қалам нома ба дилдор навиштам,
Ғамҳои дили хеш ба такрор навиштам.
Ҷону дили ман сӯхт зи дасти ғами ишқаш,
Бо чашми пуроб аз алами зор навиштам.
Эй номабарам, нома ба он ёр расонӣ,
Гӯ, нома ба ӯ бо дили афгор навиштам.
Он моҳ бирафт аз ману ҳам тарки вафо кард,
Уммеди вафо карда, дигар бор навиштам.
Ин дарди маро нест даво ғайри вафояш,
Аз баҳри даво сӯи вафодор навиштам.
Сӯзад дили ғамдидаи Мафтун зи ғами ёр,
Ғамномаи худ бо дили ғамдор навиштам.*
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
*Илҳом аз ғазали устод Рустами Хомарахш