#Назм
Гум шудам дар худ чунон, к-аз хеш нопайдо шудам,
Шабнаме будам зи дарё, ғарқа дар дарё шудам.
Сояе будам зи аввал бар замин афтода хор,
Рост к-он хуршед пайдо гашт, нопайдо шудам.
З-омадан бас бенишону аз шудан бас бехабар,
Гӯиё як дам баромад, к-омадам ман ё шудам.
На, мапурс аз ман сухан, зеро ки чун парвонае,
Дар фуруғи рӯи ӯ пайдои нопайдо шудам.
Дар раҳи ишқаш қадам дарнеҳ, агар бодонишӣ,
Лоҷарам дар ишқ ҳам нодону ҳам доно шудам.
Чун ҳама тан дида мебоист буду кӯр гашт,
Ин аҷаб бингар, ки чун бинои нобино шудам.
Хок бар фарқам агар як зарра дорам огаҳӣ,
То куҷост он ҷо, ки ман саргаштадил он ҷо шудам.
Чун дили Аттор берун дидам аз ҳар ду ҷаҳон,
Ман зи таъсири дили ӯ бедилу пайдо шудам.
✍️ Аттор Нишопурӣ
Telegram | YouTube | Facebook | Site