Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Бирав панҷ навбат бизан бар дарат,
Чу ёре мувофиқ бувад дар барат.
Ҳама рӯз агар ғам хӯрӣ, ғам мадор,
Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
Киро хона ободу ҳамхоба дӯст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Чу мастур бошад зану хубрӯй,
Ба дидори ӯ дар биҳишт аст шӯй.
Касе баргирифт аз ҷаҳон коми дил,
Ки якдил бувад бо вай ороми дил.
Агар порсо бошаду хушсухун,
Нигаҳ дар накӯиву зиштӣ макун.
Зани хушманиш дилнишонтар, ки хуб
Ки омезгорӣ бипӯшад уюб.
Бибурд аз паричеҳраи зиштхӯй
Зани девсимои хуштабъ, гӯй.
Чу ҳалво хӯрад сирка аз дасти шӯй,
На ҳалво хӯрад сирка, андуда рӯй.
Дилором бошад зани некхоҳ,
Валекин зани бад, Худоё, паноҳ!
Чу тӯтӣ калоғаш бувад ҳамнафас,
Ғанимат шуморад халос аз қафас.
Сар андар ҷаҳон неҳ ба оворагӣ,
Вагарна бинеҳ дил ба бечорагӣ.
Тиҳипой рафтан беҳ аз кафши танг,
Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг.
Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ,
Ки дар хона дидан бар абрӯ гиреҳ.
Сафар ид бошад бар он кадхудой,
Ки бонуи зишташ бувад дар сарой.
Дари хуррамӣ бар саройе бибанд,
Ки бонги зан аз вай барояд баланд.
Чу зан роҳи бозор гирад, бизан,
Вагарна ту дар хона биншин чу зан.
Агар зан надорад сӯи мард гӯш,
Саровели куҳлӣ-ш бар мард пӯш.
Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ,
Бало бар сари худ, на зан хостӣ.
Чу дар кулба як ҷав амонат шикаст,
Аз анбори гандум фарӯ шӯй даст.
Бар он банда Ҳақ некӯӣ хостаст,
Ки бо ӯ дилу дасти зан рост аст.
Чу дар рӯйи бегона хандид зан,
Дигар мард, гӯ лофи мардӣ мазан.
Зани шӯх чун даст дар қаля кард,
Бирав, гӯ бинеҳ панҷа бар рӯи мард.
Чу бинӣ, ки зан пой бар ҷой нест,
Субот аз хирадмандиву рой нест.
Гурез аз кафаш дар даҳони наҳанг,
Ки мурдан беҳ аз зиндагонӣ ба нанг.
Бипӯшон-ш аз чашми бегона рӯй
Ва гар нашнавад, чӣ зан он гаҳ чи шӯй.
Зани хуби хуштабъ ганҷ асту бор,
Раҳо кун зани зишти носозгор.
Чи нағз омад ин як сухан з-он ду тан,
Ки буданд саргашта аз дасти зан.
Яке гуфт: Касро зани бад мабод,
Дигар гуфт: Зан дар ҷаҳон худ мабод.
Касеро, ки бинӣ гирифтори зан,
Макун, Саъдиё, таъна бар вай мазан.
Ту ҳам ҷавр биниву бораш кашӣ,
Агар як саҳар дар канораш кашӣ.
Саъдии Шерозӣ
Ба
https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед