🦋𝑸𝒂𝒍𝒃𝒊 _ 𝑶𝒓𝒐𝒎💞


Channel's geo and language: Uzbekistan, Uzbek
Category: Religion


🦋Салом, хуш омадед дӯстони азиз 🤗
Ба канали "Қалби Ором"
✍️Дар канал қиссаҳои таъсирбахш, пандҳои бузургон, шӯхиҳои намакин, шеърҳо ва викторинаҳо гузошта мешавад.🥰

Related channels

Channel's geo and language
Uzbekistan, Uzbek
Category
Religion
Statistics
Posts filter


#Ҳазл_🦋

— Мардак, дарахте ки мо дар таги он шинос шуда будем, хушкидааст.😒
— Бадтар шавад. Ба вай ин ҳам кам аст!😔😕😅

🦋


🦋

ДАРСИ ҲИСОБИ ЗИНДАГӢ

Зиндагӣ дарси ҳисоб будааст. Пас, биёед, хубиҳоро ҷамъ (+), бадиҳоро тарҳ (-), хушиҳоро зарб (х) ва шодиҳоро тақсим (:) мекунем.

Рӯзатон ба хайр.. Ҳар лаҳзаи зиндагиатон пур аз шоди бошад..

🦋


🦋

Аз Афлотун пурсиданд, ҳайратовартарин рафтори инсон чист?

Посух дод:
Инсон аз даврони кӯдаки орзуи тез калон шуданро мекунад, аммо замоне ки калон шуд дилтанги даврони кӯдаки мешавад.

Аввал барои ҷамъи молу сарват саломатиашро аз даст медиҳад, сипас барои барқарор кардани саломатӣ пулашро харҷ мекунад.

Тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳаргиз нахоҳад мурд, баъд тавре мемирад, ки гӯё ҳаргиз зиндагӣ накарда аст.


Чуноне ки мефармоянд:

Гуфт: Афлотуни доно вақти мурдан як сухан,
Ҳайфи доно мурдану сад ҳайфи нодон зистан.

🦋


#Саволи_мантиқӣ_🦋

Зане дар бозор тухм мефурӯхт. Харидори якум аз ӯ нисфи тухмҳо ва боз 1 дона тухм, харидори дуюм нисфи шумораи аз харидори якум боқимондаи тухмҳо ва боз 1 тухми дигар харид. Харидори сеюм ҳам омада аз зан нисфи шумораи тухмҳои аз харидори дуюм боқимондаро харид. Дар охир 1 дона тухм боқӣ монду бас. Фурӯшанда дар аввал чанд дона тухм дошт?

Ҷавобҳои худро дар коментария нависед..

🦋


#Саволи_мантиқӣ_🦋

Ин чӣ бошад, ки ду каллаву ду даст ва шаш пой дорад, вале дар роҳгардӣ фақат чор пой?

Марҳамат ҷавобҳои худро дар коментария нависед..

🦋

357 0 1 17 11

🦋

Худоё, ба ҳаққи ин шаби азиз...
Тамоми бемориҳоро шифо...
Тамоми қалбҳоро ҷило...
Аз тамоми мушкилот раҳо...
Тамоми дуоҳоро мустаҷоб...
Ва тамоми хонаҳоро ғарқ дар шодиву сурур кун...
Омин!

ШАБАТОН БА ХАЙРУ ХОТИРҶАМЪ БОШАД!

#шаб_ба_хайр

🦋


🦋

Писараки сиёҳпӯсте бозор рафт ва пеши марди бодбаракфурӯш қарор гирифта, бодбаракҳоро тамошо кард. Бодбаракфурӯш барои ҷалби таваҷҷӯҳи бача як бодбараки сурхрангро сар дод, то дар осмон парвоз кунад ва ба ин восита эътибори дигар бачаҳоро ҳам ба худ нигаронад. Баъд як бодбараки кабуд ва ҳамин тавр як бодбараки зард ва баъд аз он як бодбараки сафедро бо навбат раҳо кард. Бодбаракҳои сабукбол ба осмон рафтанду авҷ гирифтанд ва нопадид шуданд.
Писараки сиёҳпӯст ҳанӯз саргарми тамошо буд ва ба як бодбараки сиёҳ бодиққат нигоҳ кард. Пас аз андак ба бодбаракфурӯш наздик шуду бо дудилагӣ пурсид:
– Бубахшед амак! Агар бодбараки сиёҳро ҳам раҳо мекардед, оё то само парвоз мекард?
Марди бодбаракфурӯш лабханде карду нахеро, ки бодбараки сиёҳро нигоҳ дошта буд, сар дод ва бодбарак ҷониби боло авҷ гирифт. Мард пас аз лаҳзае гуфт:
– Писарам, он чизе, ки сабаби бол кушодани бодбарак мешавад, ранги он нест, балки чизест, ки дар даруни худи бодбарак қарор дорад.

Зиндагӣ ҳам ҳамин тавр аст ва чизе, ки боиси рушди одамҳо мешавад, рангу зоҳири онҳо нест. Яъне муҳим на сурат аст, балки сирати одамҳост, ки мартаба ва мавқеи онҳоро муайян мекунад. Одам ҳар қадар дониши мустаҳкам дошта бошад, ба ӯ мавқеи волотару шоистатаре насиб мекунад.

🦋


🦋

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!🥰

🦋


#Панди_бузургон_🦋

Ҳар як одам умри дароз диданро орзу мекунад, аммо ҳеч кас пир шуданро намехоҳад.

✍Ҷонатан Свифт

🦋


🦋

ҶАВОНИ КАМБАҒАЛЕ, КИ ПРОФЕССОРИ ҲАРВАРД ШУД

Доктор Муҳаммад Ҳонӣ гуфтааст:
“Дар мошин нишаста будам, як ҷавони тахминан 16-сола ба ман наздик шуд ва «Оинаи пешро тоза кунам?» - гуфта пурсид. "Хуб", — гуфтам. Ҷавон оинаро табъи дилам тоза кард ва ман ба ӯ 20 доллар додам. Ҷавон пулро дида, аз ман пурсид:
— Шумо аз Амрико бармегардед?
Ба маънои тасдиқ сар ҷунбондам.
— Бар ивази ҳамин долларе, ки ба ман медиҳед, метавонед дар бораи донишгоҳҳои онҳо нақл кунед? - гуфт ӯ.
Ҷавон хушмуомила буд ва хеле равон сухан мегуфт. Ӯро ба мошин даъват кардам. Дар бораи синну солаш пурсидам. Гуфт, ки 16 сол дорад ва синфи 11-ро хатм кардааст. Ман аз ин ҳайрон шудам. Зеро одатан синфи ёздаҳумро дар синни 18-солагӣ хатм мекунанд. Ҷавон гуфт, ки дар мактаб аъло хонда, ду сол пеш хатм кардааст.
— Пас чаро дар ин ҷо кор мекунӣ? — кунҷковона пурсидам. Гуфт, ки падараш дар дусолагиаш вафот карда, модараш дар хонаи касе ошпаз аст ва ӯ ҳамроҳи хоҳараш дар ин ҷо кор мекунад.
— Аз устодон шунидам, ки дар донишгоҳҳои Амрико барои беҳтарин донишҷӯёне, ки натиҷаҳои баландро ба даст меоранд, стипендия медиҳанд, - гуфт ӯ.
— Оё касе ҳаст, ки ба ту ёрӣ расонад?
— Не, - ҷавоб дод ӯ.
— Рафтем, ҳамроҳ таом мехӯрем, — гуфтам ва ҷониби ошхона равон шудам.
Ҷавон гуфт, ки тирезаи қафои мошинро ҳам тоза карда, баъд медарояд. Ӯ дар ошхона таоми худро нахӯрда, ба халтаи полиэтиленӣ андохт. Баъд фаҳмидам, ки ӯ мехоҳад ғизоро ба модару хоҳараш барад. Пай бурдам, ки ҷавон забони англисиро мукаммал медонад ва корашро аз таҳти дил, моҳирона иҷро мекунад.
Ман ҳуҷҷатҳояшро пурсидам ва ваъда додам, ки барои дохил шудани ӯ ба донишгоҳ ба қадри имкон ёрӣ медиҳам. Пас аз ним сол барои ба донишгоҳ қабул шудани ӯ муяссар гардидем. Вақте ки ба ӯ занг зада донишҷӯ шуданашро гуфтам, аз ҷониби дигари гӯшии телефон садои гиряи шодӣ ба гӯшам расид.
Пас аз ду сол маҷаллаи "Ню-Йорк Таймс" номи ӯро ҳамчун ҷавонтарин мутахассиси технологияҳои замонавӣ эълон кард. Аз муваффақияти ӯ ман ва оилаам хеле шод шудем. Мо намедонистем, ки ҳамсарам барои модару хоҳараш раводид (виза) гирифтааст. Вақте ки ҷавон модару хоҳарашро дар ҳузури худ, дар Амрико дид, на ҳарф зада метавонисту на гиря карда. Рӯзе ӯ ҳамроҳи аҳли оилааш ба хонаи мо меҳмонӣ омаданд. Ногаҳон ӯро дар берун дидам, ки мошинамро мешӯяд.
Ҷониби ӯ рафтам ва аз дасташ дошта пурсидам, ки чаро ин корро мекунад. Ӯ ҷавоб дод:
— Пештар дар чӣ гуна ҳол будани худро ва накӯиҳои Шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам,😢 - гуфт ӯ.

Дертар ин ҷавони фаластинӣ, ки Фарид Абдул Алӣ ном дошт, яке аз боистеъдодтарин профессор, устодони Донишгоҳи машҳури Ҳарварди Амрико шуд.

🦋


🦋


Имрӯзатон саршор аз ҳиси хуб
Як рӯзи дигар..
Як фасли дигар..
Як баракати дигар..
Ва як шурӯи дигару фурсати дигар
Барои зиндагии беҳтар..
Худои меҳрубонам..
Туро сипос ба хотири..
Рӯзи дигару оғози нав!

ДУРУД!
РӮЗАТОН БА ХАЙРУ ШОДӢ!

🦋


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
🦋

Дубора субҳ шуд...
Як шурӯи тоза...
Замоне барои бо ҳам будан...
Меҳрварзиро давра кардан...
Аз зиндагӣ лаззат бурдан...
Гули ханда ба якдигар ҳадя додан!

САЛОМ ДӮСТАМ! РӮЗИ ЗЕБО БАРОЯТ ТАМАННО МЕКУНАМ!

🦋


#Ҳазл_🦋

Нозири роҳ мошинеро манъ мекунад:
— Муҳтарам ронанда, оё медонӣ барои чи шуморо манъ кардам?
— Барои онки пушти чамбарак питзо мехӯрдам?
— Не
— Барои онки нушоба дастам буд?
— Не
— Барои онки селфи мегирифтам?
— Не охир, фақат мехостам бубинам, ки чамбаракро ба куҷоят қапидаӣ?🙄😁

🦋


🦋

Парвардигоро!
_ Дар ин субҳ, ки навидбахши умед ва раҳмати туст, ҳар он ки чашм кушод қалбашро пур аз умед ва зиндагияшро саршор аз раҳмат ва баракат намо!

Субҳ ба хайр!☀️

🦋


🦋

Бемористони равонӣ!

Ҳамроҳи дӯстам барои мулоқот ба яке аз бемористон‌‎ҳои равонӣ рафтем. Дар беруни бемористон ғулғула буд. Чанд нафар байни ҳамдигар муноқиша мекарданд. Чанд ронанда барои мусофирон бо ҳам баҳс мекарданд.
Вақте ки ба ҳавлии шифохона даромадем, дарун ором буд, ки пашша пар занад, шунида мешуд. Беморон рӯйи нимкат‌‏ҳо нишаста буданд ва бо мулоқоткунандагон гуфт‌‎угӯ ме‌‎карданд.
Беморе моро дид ва бо камоли адаб гуфт: - Ман дар рӯйи нимкати дигар мешинам. Шумо дар ҷойи ман нишаста, сӯҳбат кунед.
Парвонаи зебое дар рӯйи замин нишаста буд. Беморе ба шапарак нигоҳ мекард ва нигарон буд, ки зери по нашавад. Вай оҳиста омаду парвонаро ба кафи дасташ гузошт, то парвоз карда биравад.
Мо ҳайрон будем ва намефаҳмидем, ки бемористони равонӣ ин тарафи девор аст ё он тарафи девор.

Аз китоби «Камоли тааҷҷуб».

🦋


Дар ҷойи аломати савол кадом адад меояд?
Poll
  •   78
  •   56
  •   80
  •   93
116 votes


🦋

Ман тавсия медиҳам, ки майнаи худро бо як муаммои оддӣ, вале ҷолиб васеъ кунед:

Дар ҷойи аломати савол кадом адад меояд?

🦋


🦋

Субҳи зебоятон олӣ...
Аз Худо бароятон...
Як сабад ҳоли хуб...
Як дарё хайру баракат...
Як дунё зебоӣ...
Як олам хушбахтӣ...
Як доман некномӣ ва
Як умр сарафрозӣ хоҳонам!

АССАЛОМУ АЛАЙКУМ, ДӮСТИ АЗИЗ. СУБҲИ ЗЕБОИ ИМРӮЗАТОН БА ХАЙР ВА ПУР АЗ ШОДӢ БОШАД!

🦋


#Ёде_аз_гузаштаҳо_🦋

Ҳангоме, ки мо дар синфи 1-ум таҳсил мекунем як иди фаромӯшношуданиро ҷашн мегирем, ки он ид "Иди Алифбо" мебошад..

Ёдам ҳаст, ки ман дар " Иди Алифбо" бо ҳарфи " С " шеър хонда будам, ки шеърам чунин буд:

Соати синфирӯзи ҷаранг - ҷаранг мекунад,
Танбали хоболудро бисёр гаранг мекунад.😉😁

🫵 Шумо бо кадом ҳарф шеър хондед ва шеъратон чигуна буд? 😁

🦋

585 0 0 46 13


20 last posts shown.